ХАБАРИ ДОҒ

Сари Хосор: Ватани мардони сахӣ ва бонувони ҷавонмард…

  • Панҷшанбе, Авг 17 2017

Ҳеҷ гоҳ худамро намебахшам, ки хелееее дер ба ин мавзеъ сафар кардам ва он ҳам ба шарофати хоҳари ҷониям-Шоирабонуи Раҳимҷон, ки рӯзе занг задаву гуфт:
-Акаҷон! Агар Сари Хосорро набинӣ, даъвии журналистӣ чӣ, ки Тоҷикият накун…
Ӯ маро бо ин ҳарфҳо дар вазъе қарор дод, ки ҷуз баҳонаи «шароит ва имконият надорам», илоҷи воқеаро наёфтам. Чун инро бишнид, гуфт, «акаҷон аз дафтари корат поин фаро!». Фаромадам. Дар ҶИПе нишаста буду бағочи ман дар пушташ. Гуфт, «акаҷон, дигар баҳонае надорӣ. Янгам ҷомадонатро ҷамъ карда гузоштаасту Ҷонибек моро бе ягон хараҷу мараҷ мебарад»…
«Оҳ, офатеееее!» гуфтаву бедил ба мошин нишастам. Вале имрӯз, ба таъбири Сӯҳробшои Фаррухшо, 1 миллиард раҳмат ба 7 пушти Шоира мефиристам. Зеро кайфийяти сафари Сари Хосор то ҳанӯз вуҷуди маро тарк накардааст. Чун сардабири газетаи мардумӣ наметавонам тани танҳо роҳат кунам. Зимнан туро ҳам бо худ мебарам, хонандаи ин сутур. Мо Метавонем! Ва….ррррраааааффффттееемммммм!!!!

Ховалинге, ки ман дидам


03.08.2017. Соат ба вақти Ховалинг 18:31 дақиқа. Ҷонибек-роҳбалад, сароғоз, моро ба хонаи модараш, воқеъ дар маркази н.Ховалинг меораду мегӯяд, Сари Хосор пагоҳ меравем. Зеро роҳаш хатар дорад. Баробари ворид шудан ба ҳавлӣ маро 2 чиз мадҳуш кард:
-Бӯи гул ва Очаи Ҷонибек, ки 1 бонуи воқеан ҳам меҳрабон, покиза, пурмуҳаббат ва тамизкор аст. Ба таври автоматӣ ман ӯро «Очаҷон!» гуфтам, зеро ба 1 назар модари раҳматии маро пеши чашм овард. Гулҳои киштааш, ки дар акс мебинӣ, хонанда, аналог надоранд. Очаҷон ваъда кард, ки ин баҳор ба ман ҳатман парвардаи ин гулро мефиристад. Мо метавонем!

Раиси мардумӣ-раиси Ховалинг
04.08.2017. Соат ба вақти Ховалинг 05:23 дақиқа. Бовар кун, хонанда, дар кӯҳсор ҳама саҳархез аст. Зеро аз хоб кайфийяти рӯҳ мегирӣ. Шаб, ки хобидем, 3-4 бор борони сел ҳам зад, ки касе бовараш намеояд! Субҳ ҷаҳонро бӯйи атрогини гул гирифт. Баромада паси дари хона…Нурулло Мирзозода-раиси ноҳияро дида, ҳайрон мондам, ки маънодорона гуфт:
-Ноҳияи мо хурд аст…
Бо раиси Нурулло Ховалингро чарх задем. Воқеан ҳам дар 2-3 соли ахир хелеее обод шудааст, ки ҳалоли раис бод!!! Ӯ маро ба мавзеъи Чилчанори Ховалинг бурд, ки 2 сол пеш танқид карда будем. Чилчанорро шинохта намешавад!!! Ҳарчанд раиси Тоҷикматлубот-Ҳусейн Идизода корро ба таъхир гузошта бошад ҳам, чойхонаи дақюнусии он ҳамвор ва ҷояш маркази фароғатии камназир бунёд мегардад. Метавонанд! Ҳалолашон бод!
Меҳмони Ховалинг, ки шудед, бе зиёрати марқади фахрии Султон Увайси Қаранӣ бадар рафтед, «терроратон» мекунанд. Зимнан мо низ ин ҷо дуо кардаву аз оби ҷонфизояш нӯш намудаву 5-6 бақлашкаро пур карда, сӯи Сари Хосор роҳ мегирем…

Сари Хосор-Ҷаннате дар синаи кӯҳсор


04.08.2017. Соат ба вақти Сари Хосор 14:29 дақиқа. Дар нуқтаи баландтарини кӯҳсор Ҷонибек ист фармуда, моро пеши асалпарварон мебарад. Ёқуб садри маҷлис ва ҷавони олиҷаноби паҳлавонҷусса дастархон мегустарад (Ёқуб ин ҷо номи бисёрҳазм аст!) Мебинам, ки чандин нафар шиштаву дулунҷа асал мезананд-бо оби хунуку нони кулча. Ҷонибек мегӯяд, чӣ қадар хурӣ-ройгон аст! Бовар кун, хонанда, шояд рӯзе меҳмонҳо то 5-6-кило асал хӯранд ва ин ҳама ройгон!!!
Ёқуб аз қудуми мо беҳад шод аст. Ба вежа, аз омади Шоира, ки мухлисаш будааст (воқеан Шоираро беш аз ҳама аъзои ИНТ ин ҷо мешинохтаанд, ки худ шоҳид будам). Ёқуб гуфт, ҳамин рӯз ба ҷамъоварии асал шуруъ мекунем ва моро низ даъват кард, ки шариккораш бошем. Мо низ, ҳарчанд аз занбӯри асал чун оташ аз об ҳазар кардаву метарсидем, вале «сар раваду сир не» гуфта, ба кор часпидем. Мо Метавонем!
Ин мавзеъ охирин марзи ист миёни Ховалинг ва Сари Хосор буд…

Сари Хосор: Табиати лаҷомнадида


04.08.2017. Соат ба вақти Сари Хосор 15:14 дақиқа. Роҳҳои каҷу килеби ағба паси сар мешаванд, ки мо то фаромадан хеле меҳаросем. Ҷонибек маънодорона мегӯяд, «ҳоло ин роҳҳоро чун шоҳроҳи Париж ёд хоҳед кард!». Дар такдашт ман, чун ронандаи касбӣ ва собиқадор зуд дарк кардам, ки Сари Хосор умуман роҳ надорад! Дараи санговаи селгузар, ки на бар дорад на охир, моро ба сӯи номуайянӣ мебарад. Пештоз мегӯям, агар роҳбаладе чун Ҷонибек надоред, умуман Сари Хосор наравед!
Шояд 7-10 км роҳ меравем, вале ба пиндори ман, умре равонаему равона. Сухан сари ин аст, ки ин ҷо умуман роҳ нест ва ҳар изи чархи мошинро, ки дидӣ, пайи ҳамон рафтан мегирӣ ва Худо мегӯӣ, ки ин самт сӯи мурод бошад. Аз ин сангоб танҳо ГАЗ-66 ва УРАЛҳои маъруфи шӯравӣ мегузаранду сипас УАЗ-469 ва ана баъд ҶИП-чаҳои Прадо, Лексус. Шояд дар тамомии олам ба мошинҳои советӣ ин қадар ниёз нест, ки дар Сари Хосор ҳаст.


Одам худро дар миёни қаторакӯҳҳои сарбарфалаккашида ва ҷангалҳои нопайдоканори кӯҳӣ, ки дарозии арчаву бурсу беду чормағзҳояш 40-50 метр ва аз ин ҳам баланд аст, хеле ҳақир ва хурд медонад, ки воқеан ҳам чунин аст. Аз синаи кӯҳ ҳазорон-ҳазор чашмаи софу булӯрину мусаффо сар зада поин мерезанд. Гулу гиёҳ ҳанӯзам дар шукуфт аст. Себу чормағзу туту гелосу олучаи «дикий» (таъбири худи мардум) аз садҳо адад беш аст, ки кам не! Уқобу Шоҳину Лошахӯрон дар фазо қоиммақоманд. Ҳар лаҳза аз зери буттае сели кабку кабӯтар парида ҳушатро мерабоянд. Ва бо ин ҳама ҳазорон чашми гургу хирсу хуки ёбоӣ-гурозҳо ба ту менигаранд. Ба одамон дарафтодани хирс мушоҳида мешавад. Аммо гурозҳо бештар қотилтар будаанд. Онҳо ба одам дарафтода синаашро чок-чок мекунанд. Пештоз мегӯям, дар деҳаи Мулоконӣ, ки баъдан дар борааш сӯҳбат мекунем, рӯзе ба баъд, мо ба маросими худоии сари соли нафаре расидем, ки ӯро хук зада куштааст…

Сайёфи Мизроб
Душанбе-Ховалинг-Сарихосор-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter