ХАБАРИ ДОҒ


"Пассионарҳои" тоҷик
Муаррихи рус Лев Гумолев дар илми мардумшиносӣ назарияи навро матраҳ кард, ки бо унвони "пассионаризм" имрӯз маъруф аст. Тибқи назарияи ӯ ҳар қавму миллат дар замони муайян дорои афроди зиёди "пассионар" мешаванд. Ҳангоми афзудани суфуфи "пассионарҳо" миллатҳо ба ҷангу кишваркушоӣ майл пайдо карда, чун сафи онҳо кам шуд, миллат низ рӯҳияи ҷангии худро аз даст медиҳад. Тибқи ин назария афроди "пассионар" метавонанд ҷанговар, сиёсатмадор, олим, рассом, нависанда бошанд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон албатта мусибати бузурге барои миллат шуд ва аён кард, ки дар суқути СССР шумораи "пассионарҳо" дар сафи миллат зиёд будаанд. Тамоми қумаондонҳои саҳроии ин ҷанг, аз ҳар 2 тараф аз зумраи "пассианариҳо"-янд. Мутаассифона, тақдири тоҷик дар ин лаҳза низ баландӣ накард ва "пассионарҳо"-и миллат муқобили ҳам қарор гирифтанд. Қумондонҳои ҳар 2 тараф соҳиби рутбаҳои ҳарбии баландтарин (генералӣ) ва мақомҳои гуногуни давлатиро соҳиб шуда, бештарашон имрӯз аз сиёсат канор рафта, ба зиндагии осудаҳолонаашон идома медиҳанд. Генерал- қумондонҳои тоҷик дорои эҳсосу фахри баланди миллӣ ва ватанхоҳӣ буданд. Генералҳои собиқ Иттиҳоди мухолифин низ аз миёни афроди оддӣ берун омаданд. Аввалин генерали расмӣ дар ҳайъати ИНОТ Саламшоҳ Муҳаббатов гардид. Баъдан дар солҳои 1994-1997 чанде аз қумондонҳои мухолифин, амсоли Ризвон Садиров, Мирзо Зиёев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Мирзохӯҷа Низомов, Ҳаким Қаландаров ва афроде чун Ҳабиб Сангинов (то с.1992 полковник, сардори Раёсати БДА-и ҷумҳурӣ, депутати Шӯрои Олии ҶТ) ва Одинабек Абдусаломов, маъруф ба Холид, ки дар Ҳукумати фирории мухолифин чанд муддат вазифаи вазири амниятро бар дӯш дошт, аз ҷониби Сарфармондеҳи олии Артиши наҳзати исломи Тоҷикистон (НИТ) ба рутбаи генералӣ шарафёб гаштаанд.

Генералҳои мардумии Бадахшон
Дар ҷабҳаи Бадахшон ғайр аз нерӯҳои Салам, чанд дастаи мусаллаҳи дигар таҳти фармондеҳии ҳоҷӣ Рашид дар Язғулом, Маҷнун ва Холбаш дар Рӯшон ва Абдуламон Аёмбеков (Алёша Горбун) дар ш.Хоруғ вуҷуд доштанд. Ҳар кадом аз ин фармондеҳон дар манотиқи таҳти контроли худ бар авзоъ мусаллат буданд ва миёни мардум ҳам обрӯи вежа доштанд. Аммо Маҷнун ва Аёмбеков аз эътибори бештар бархурдор буданд ва онҳоро мешавад "генералҳои мардумӣ" муаррифӣ кард.

Маҷнун-аз муаллим то қумандон
Маҷнун Паллаев зодаи деҳаи Разучи навоҳии Бартанги Рӯшон аст. Маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати маркази Рушон, шаҳраки Вамар касб кард ва сипас ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Душанбе дохил шуда, онро дар миёнаи солҳои 1980 хатм кард. Баъди хатми Донишгоҳ ба ҳайси мутахассиси ҷавон ба ноҳияи Қумсангир фиристода мешавад. Маҷнун дигар то оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар яке аз мактабҳои Қумсангир ба муаллимӣ машғул буд ва аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс мегуфт. Озодие, ки дар авохири пошхӯрии СССР якбора пайдо шуд, Маҷнунро ҳам канор нагузошт. Ӯ узви ҳаракати "Лаъли Бадахшон" гардид. Бо шурӯи ҷанг мардуми Қумсангир, ки бештари муҳоҷирони бадахшонии водии Вахш ин ҷо мезистанд, дар оғоз мавқеъи бетарафиро ишғол карданд, аммо ҳаводиси баъдӣ мардуми минтақаро ҳам вориди ҷангҳои мусаллаҳона кард. Дар Қумсангир ӯ дастаи худмуҳофизатиро созмон дод ва аввалин шӯҳраташро низ Паллаев дар ин ноҳия касб кард. Қумсангир моҳи декабри с.1993 аз ҷониби нерӯҳои Фронти Халқӣ фатҳ шуд, аммо ба Маҷнун муяссар гардид, аҳолии осоиштаи Қумсангирро ба Афғонистон гузаронад. Ахир баъди 2 моҳ мардуми Қумсангир ва Маҷнун аз тариқи Афғонистон вориди Бадахшон гардиданд. Вақте ӯ вориди Бадахшон шуд, ин ҷо аллакай гурӯҳҳои дигари мухолифин қарор доштанд. Соли 1993 ин нерӯҳо Шӯрои Сиёсии нерӯҳои мухолифини Бадахшонро созмон доданд. Шӯрои мазкур дар ҳукумати ВМКБ сабти ном шуда, назди он дастаи худмуҳофизатӣ таъсис дода шуд. Дар оғоз фармондеҳи даста Холбаш Холбашев ба шумор мерафт, лек баъди чанд моҳ Маҷнун зимоми фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Шӯроро ба даст гирифт. Ба Шӯрои сиёсӣ тамоми дастаҳои мусаллаҳи Бадахшон тобеъ шуданд ва ӯ фармондеҳии ҳамаи онҳоро ба ӯҳда дошт. Тобистони с.1993 Маҷнун дар деҳаи Дашти Шери ноҳияи Қалъаи Хумб зимни беэҳтиётии худ аз таркиши минаи зиддитанкӣ захт захмӣ шуд. Дар натиҷа Паллаев аз панҷаҳои ҳар 2 даст ва чашми рост маҳрум шуд. Аммо бо вуҷуди ин боз ҳам чун фармондеҳи кулли мухолифин дар Бадахшон эътироф мешуд. Моҳи октябри с.1994 роҳбарияти ИНОТ ба ҷои Шӯрои сиёсӣ Шӯрои ҷиҳодии Бадахшонро таъсис дод ва Саламшоро фармондеҳи ин Шӯро таъин кард. Аммо ҷангиёни Бадахшони боло ин иқдомро ҷонибдорӣ накарданд ва ба Шӯро напайвастанд. Бо таъсиси Шӯрои ҷиҳодӣ нерӯҳои мухолифи Бадахшон ба 2 даста тақсим шуданд. Қисмати Маҷнун воқеан дардовар аст. Ӯ тамоми сахтиҳоро бо мардонагии вежа пушти сар мекард ва ҳамеша сухан аз сулҳ мегуфт. Ин суханҳо иддае аз қумондонҳои мухолифинро низ дар баробари Паллаев қарор дод. Яке аз мухолифони сарсахти Маҷнун Ризвон Садиров, он шабу рӯз Вазири ҷанги Ҳукумати исломии Тоҷикистон дар Афғонистон буд. Ризвон ният дошт дар Бадахшон сангар гирад, лек қумандонҳои бадахшӣ ва дар раъси онҳо Маҷнун зидди Ризвон баромаданд. Ризвон худро лидери комилҳуқуқи тамоми тоҷикони дар Афғонистон буда медонист. Нақл мекунанд, ки дар яке аз нишастҳо Ризвон шахсан ҷияни Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар ҳузури ахирӣ ба қатл мерасонад. Аммо Маҷнун дар маҷлиси Ризвон ҳозир мешавад ва ҳангоме, ки ҷангиёни Ризвон мехостанд шикояткунандаро барои шикояташ аз бедоди ҷангиён танбеҳ диҳанд, Паллаев ӯро аз дасти ҷангиён халос мекунад ва зидди Ризвон бармехезад. Ба нақли ҳозирин, ки баъди анҷоми ҷаласа ҳама гумон мекарданд, Ризвон Маҷнунро мепарронад, аммо Содиров ба паррондани Маҷнун ҷуръат накард. Маҷнун инчунин ба фиристодани кӯдакони гурезаҳои тоҷик барои таълими динӣ гирифтан ба Покистон сахт мухолифат мекард. Баъди дидани ин қазия Маҷнун бо муллоҳои тоҷик сахт даргир мешавад ва мегӯяд: "Шумо сарнавишти баччаҳоро тира мекунед". Мегӯянд, Маҷнун барои пешгирии ин кор ба роҳбари исмоилиёни Афғонистон-Саид Мансур Нодирӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд низ муроҷиат намуда буд. Паллаев ҳанӯз с.1994 барои халъи силоҳ кардани дастаҳои мусаллаҳ дар Бадахшон баромад кард, аммо моҳи ноябри с.1994 "генерали мардумии" дигари Бадахшон-Алёш дар натиҷаи таркиши мошинаш фавтид ва раванди силоҳсупорӣ дар Бадахшон ба таваққуф афтод. Алёш 2 рӯз қабл аз ин ҳодиса, дар ТВи вилоятӣ баромад намуд ва аз супоридани силоҳи ҷангиён ҷонибдорӣ намуда буд. Аммо с.1995 дар Бадахшон воқеае рух дод, ки назари Маҷнун ва ҳамраҳонашро боз тағйир дод. Майи с.1995 аз Бадахшон пешвои мазҳабии исмоилиён Оқохони 4 дидан кард. Дидори имом барои исмоилиёни Бадахшон, ки солҳо аз дидори ҳуҷҷаташон маҳрум монда буданд, 1 воқеаи таърихӣ буд. Оқохон ҳини боздидаш аз Бадахшон бо Маҷнун ва дигар қумондонҳои бадахшӣ дидор кард. Мегӯянд, Маҷнун дар ин дидор ҳеҷ сухан нагуфт ва рӯ ба замин хомӯш мегирист. Аммо Оқохон ба ӯ муроҷиат кард ва гуфт: "Агар аз шумо хоҳише кунам, шумо онро иҷро мекунед? Маҷнун ҷавоб дод: "Ту имоми моӣ, чи гуна аз ҳарфат сарпечӣ мекунем?" Оқохон боз пурсид: "Агар ба шумо амр диҳам, силоҳҳоятонро ба замин гузоред ва ҷанг накунед, шумо итоат мекунед? Маҷнун тасдиқ мекунад ва Оқохон мегӯяд: "Набошад ман аз шумо хоҳиш мекунам силоҳҳоро супоред ва зидди давлате, ки дар он зиндагӣ доред, наҷангед!" Мутаассифона, ӯ то фарорасии сулҳи Тоҷикон умр надид. Майи с.1996 баъди баргаштанаш аз қароргоҳи дастаи сарҳадчиёни рус якбора ҳолаш бад ва бистарӣ шуд. Пизишкон муайян карданд, ки Маҷнун заҳролуд карда шудааст. Паллаев аз ин заҳр натавонист ба худ биёяд ва баъди 2 ҳафтаи беморӣ ҷон дод.       


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter