ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Қодириро бишнав!

  • Панҷшанбе, Авг 17 2017


Бо супориши редаксия мухбири СССР ҳафтаи гузашта бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар намуда, рӯзи шанбеи 29.07.2017 ба ҳузури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ рафт ва дар қабули шаҳрвандон иштирок намуд. Бояд гуфт, ин ташаббус дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ», ки тайи 4 моҳи охир тавассути Газетаи мардумии СССР роҳандозӣ гашта, хеле ҳам фаъолона идома дорад, сурат мегирад. Мо хостем бубинем, ки Қодирӣ қабули шаҳрвандонро чӣ гуна баргузор мекунад ва то чӣ андоза ба мушкилоти сокинони шаҳру навоҳӣ расидагӣ менамояд. Хуб, ҳоло чӣ дидему чӣ шунидем, бароятон хоҳем гуфт.

Милисаҳои дағали Қодирӣ
29.07.2017. Соат бо вақти Суғд 7:30 дақиқа. Дар назди даромадгоҳи бинои Ҳукумати вилоят ҳозир шуда, равуои мардумро назорат мекунам. Милиса-муҳофизи назди даромадгоҳи 1-уми ҳукумат пас аз дидани ҳуҷҷати ҳар нафаре, ки ба қабули раис омада буд, бе монеа ва гапи зиёдатӣ иҷозати вуруд медиҳад. Ман ҳам ҳуҷҷати СССРро нишон дода вориди саҳни бинои ҳукумат мешавам. Муроҷиаткунандагон дар ошёнаи 1 ҷамъ омада буданду ҳарякеро бо навбат дар шӯъбаи муроҷиатҳо номнавис намуда, сипас ба ошёнаи 3, ки толори қабулгоҳ он ҷо воқест, равон менамуданд. Ман ба муҳофиз бо муроҷиат роҳбари дастгоҳи раиси вилоят-Маъруфҷон Сатторзодаро пурсидам. Милисаи ҷавони чун ҳуҷҷати матбуотиро дид, дарҳол милисаи дигареро, ки дар долони ҳукумат бо садои баланд гап зада, сӯи мардуми ба қабул омада дод мегуфт, ба назди нуқтаи бақайдгирӣ ва назоратӣ даъват кард. Милисаи аз рӯи рутба баландтар омада ба саломи ман хеле ҳам дурушт ҷавоб дода бо 1 такаббуру ҳавобаландӣ ҳуҷҷатҳои маро дида дағалона гуфт: «Журналист бошед, камераатон канӣ? Иҷозат нест! Роҳбари дастгоҳ нест! Прессаи вилоят нест!». Маҷбур шудам ба ин милисаи дағал хотиррасон кунам, ки фармони №1-и вазири корҳои дохилаи кишвар дар бораи муомилаи хуш ба шаҳрвандон ҳаст, ки ӯ бояд ин фармонро бечунучаро риоя намояд, лек ин милиса (ному насаб ва рутбаашро намедонам, вале хеле ҳам хуб мешиносам!) пас аз шунидани ин суханҳо баръакс боз ҳам бештар асабӣ шуда ба ман дарафтоду маро дар бадзабонӣ гунаҳкор кард. Чун вақти мулоқот бо Қодирӣ мерасиду аз рӯи эҳтирому одоб бояд дер намекардам, маҷбур шудам аз назди милиса дур шавам, аммо аз Рамазонзода Сӯҳроб Кароматулло-сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҶТ хоҳиш менамоям, ин милисаи бадгӯро пайдову ба наздаш даъват карда, 1 маротиба лаҷомашро сахтакак бикашад, зеро ӯ на танҳо ба ман, балки ба тамоми мардуми ба қабул омада дод мегуфту дағалӣ мекард! Барои мардуми рӯҳафтода даргоҳи раиси шаҳру ноҳия, хоса, вилоят умеди охирин аст ва чунин рафтори кормандони милитсия ҳам обрӯи мақомоти милитсияро аз байн мебарад ва ҳам бовариро ба ҳукумату давлат. Афсӯс, ки телефони мобилиамро дар назди дари даромад гирифтанд ва натавонистам ҳамаи ин моҷароро сабт кунаму ба навор бигирам…

Беш аз 200 нафар муроҷиаткунанда назди раис
Соат бо вақти Суғд 8:30 дақиқа. Бо Маъруфҷон Сатторзода, ки бар хилофи гуфтаи милисаи дағал аз субҳи барвақт дар интизори омадани ман дар ошёнаи 1-и бинои ҳукумат рост истода будааст, ба толори қабули шаҳрвандон даромадем. Эшон маро дар паҳлӯи худ ва сардори маркази матбуоти ҳукумати вилоят Музаффарҷон шинониданд. Дар 1 тарафи толор тамоми масъулини раёсатҳову сохторҳои вилоят ва дар сӯи дигар 30 нафар шаҳрвандони бо навбат омада нишаста буданд. Аз рӯи ҳисобам субҳи имрӯз беш аз 120 нафар сокинон аз Исфараю Истаравшан, Масчоҳу Зафаробод. Деваштич, Ҷаббор Расулову ш.Хуҷанд бо мушкилоти хеш ба қабули Қодирӣ омада буданд. Масъулин мардумро бо навбат ба гурӯҳҳои 30-нафарӣ ҷудо намуда, ба толор роҳнамоӣ мекарданд. Ғайр аз ин, ин субҳ беш аз 90 кас сокинони ш.Истаравшан низ назди Қодирӣ омада, аз раиси шаҳрашон Баҳром Иноятзода ва тасмимҳои ахири ӯ вобаста ба сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ дар макони зисти онҳо шикоят доштанд. Қодирӣ дар аввал бо мардуми аз Истаравшан омада вохӯрда, онҳоро ба оромӣ даъват намуд. Раис то омада расидани Иноятзода дарҳол тавассути телефони мобилӣ занг зада ба ӯ гуфт, ки оҷилан расида биёяд, дар саҳни бинои ҳукумат нишаста 1 пиёлагӣ чой бинӯшанду хастагии роҳро бароранд.

Проблемаҳо-роҳ, об, бекорӣ, замин ва баҳсҳои хонаводагӣ
Соат бо вақти Суғд 9:00 дақиқа. Қодирӣ ба толори калони ҳукумат даромада ба шунидани арзу шикояти сокинон сар мекунад. Мардум, ки аз тамоми гӯшаю канори вилоят омада буданд, ба раис аз проблемаҳои худу ҷамъият арз мекарданд. Чанд марди кӯҳансоли н.Зафаробод аз Қодирӣ хостанд, ки аз Зафаробод то Яғноб роҳ кушояд, зеро дар байни ин мавзеъҳо ҳеҷ гоҳ роҳи хуби мошингузар набуд ва мардуми Яғноб дар фасли зимистон қариб аз дунё бехабар мемонанд. Дар ин радиф Абдураҳмон Қодирӣ ба онҳо афзуд, ки дар ин самт кор идома дорад ва 1 лоиҳаи бунёди роҳи автомобилгарди мутобиқ ба талаботҳои муосир дар байни Зафарободу Яғноб аллакай ба тасвиб расида, маҳз ӯ барои ин тарҳ 3,5 млн сомонӣ ҷудо кардааст.
Марди дигаре аз Кӯҳистони Мастчоҳ омада аз набудани ҷои кор барои кадрҳои ҷавони маҳал, аз ҷумла, писари худ шикоят кард. Қодирӣ дарҳол ба раиси ин ноҳия занг зада дастур дод, писари вайро, ки мутахассиси соҳаи энергетика будааст, ба идораҳои обу коррез ё барқи ноҳия ба кор ҷалб намояд ва таъкид ҳам кард, ки соли равон дар кишвар соли ҷавонон эълон шудаасту ҳама бояд кадрҳои ҷавонро дастгирӣ кунад.
Марде аз Истаравшан аз набуди ҷой барои қабристон шикоят карду хост, ки раиси вилоят дар ҷудо намудани оромгоҳ барояшон мусоидат кунад. Чуноне ки маълум шуд то ба имрӯз дар Истаравшан қабристони оммавӣ набудаасту мардум мурдаҳои хешро ҳар кас ба зодгоҳаш бурда гӯр мекардааст.
Зане аз он мегирист, ки дар баробари он, ки писари маъюбу маслуқ дорад, боз 2 духтари дигараш бо фарзандонаш аз шавҳар ҷудо шуда омадаанду рӯзгорашон бо мушкил паси сар мешавад…

Браво, Қодирӣ!
Соат бо вақти Суғд 12:30 дақиқа. Гурӯҳи 3-юми 30-нафараи муроҷиаткунандагон вориди толор шуд. Дар берун боз 20-25 нафари дигар дар интизори арз ба раиси вилоят нишаста буданд. Қодирӣ ба зертобеонаш таъкид намуд, ки касеро ҷавоб надиҳанд, ӯ ҳамаро қабул хоҳад кард. Касе аз сокинони ба назди раиси вилоят омада бе ҷавоб нарафт. Ҳар 1 шикоятро дар ҷояш ҳал мекард: Дарҳол тавассути телефони мобилӣ ба раиси шаҳру ноҳияе, ки сокинаш бо шикоят омада буд, занг зада проблемаро ба таври оҷил ҳаллу фасл менамуд. Мушкилоту шароити ҳар 1 шаҳру ноҳияро хуб медонисту агар илоҷе ҳам набошад, кӯшиш мекард бо шӯхиву латифа рӯҳи арзкунандаро болида намуда бо рӯҳияи хуб гусел кунад. Ҳатто вақте мӯсафедон дуояш карданд, ки боз чанд соли дигар дар ин вазифа бимонад, бо табассум гуфт: «Ман аллакай ба синни нафақа расидаам!»
Абдураҳмон Қодирӣ на танҳо сиёсатмадори ботаҷриба, балки мутахассиси соҳибкасби соҳаи обу кишоварзӣ ва равоншиносу дипломати хуб ҳам будааст ва метавонад бо мардум хуб кор карда мардумӣ бошад. Браво, Қодирӣ!


Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душанбе-Хуҷанд-Душанбе
29.07.2017

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter