ХАБАРИ ДОҒ

SOS: Табиати бесоҳиби Тоҷик

  • Панҷшанбе, Авг 17 2017


Абулфайз Атоев-журналист ва дипломати бознишастаи Тоҷик аз деҳаи Дарёбод (собиқ совхози Ленинград)-и ноҳияи Рӯдакӣ занг задаву бо оби дида гуфт: Дуруд бар СССР! Мехоҳам аз мушкили бузурги экологӣ бонги изтироб занам. Ҳамин шабу рӯзҳо чандин қайиқҳо бо аккумулятори танка, дар дарёи Кофарниҳон сайр карда, моҳиро бо барқ мезананд. Ин бузургтарин ҷинояти экологисту Кумитаи ҳифзи муҳити ноҳия ва ҷумҳурӣ гӯиё онҳоро намебинад. Лодкаҳои онҳо то пости милисаи болои пули н.Рудакӣ меравад, бе ягон мамоният рафту о доранд. 1 милиса сӯяшон наменигараду намегӯяд, ки ин ҷинояти экологист, ягон нафар коре надорад. Ҳамин ҳоло ки занг мезанам, 2 қайиқи резинӣ (барои он ки худашонро ток назанад!), моҳиро бо тухму авлодаш нест мекунанд. Онҳо ҷои моҳиро медонанд, мутахассиси касби хешанд, яъне дуздони таҷрубадор, дар ҳар гирдоб таваққуф карда токро тавассути асое ба об сар медиҳанду рӯи об пур аз моҳичаҳои мурда мешавад. Тухми моҳӣ бошад миллион-миллион нест мегардад. Браконерҳои Тоҷик бошанд, моҳии калонро мегиранду мераванд. Ҳар шаб, ҳар субҳ, аз н.Ваҳдат сар карда, тавассути дарёи Кофарниҳон, то н.Шаҳритус шино кардаву тухми моҳиро нест мекунанду аз касе бим надоранд. Зеро назорат нест!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter