ХАБАРИ ДОҒ

Муздурии мо барои шикам аст!

  • Панҷшанбе, Авг 17 2017


Узви Ихвон-ал-СССР, Файёз Иброҳимов, аз ноҳияи Конибодом бо СССР телефонӣ дар тамос шуд ва гуфт, ки ман газетаи СССРро агар шумораи аввалашро ҳам надошта бошам, лек мухлисаш ҳастам. Ман чандин сол боз дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ будам. Беш аз 6 моҳ аст, ки дар ширкати «Звезда-сервис»-и шаҳри Владивосток, ки ба таъмири киштиҳои борбар машғул аст, кор мекунам. Маошам 30.000 рубли русист… Аз ҳамаи падару модарон хоҳиш дорам, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ғуломӣ тарбият накунанд, зеро аз муздурӣ ғайр аз барои шикам ягон фоидае нест. Фарзандонро соҳиби маълумоти олӣ кунанд, ҳунар омӯзонанд. Агар не, фардо миллати моро ҳамчун мардикор мешиносанд. Газетаи СССР дар Владивосток дастрас нест ва матолиби онро аз интернет мехонам. Рақами телефони СССРро бошад ҳамин ҳоло аз саҳифаи 2-уми СССР ёфтам. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter