ХАБАРИ ДОҒ

Миссияи Тоҷикстандарт чист?

  • Панҷшанбе, Авг 17 2017


Салом, СССРчиёни гиромӣ ва мардумӣ! Ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Ман 100% тарафдори андешаҳои монологии бародари азизи фархорӣ-Таваралӣ Авсақолов перомуни «пул» ҳастам, аммо афсӯси зиёд, ки рақами телефонашро намедонам. Вагарна бо телефон хеле аҳсанту сипоси худро мерасонидам. Аз ин бародар хоҳиш дорам, ки агар битавонад ба телефони ман занг занад, ва ё «гудок» партояд, зангаш мезанам… Ӯ бисёр мардона ва ошкоро 1 мушкили одӣ ва нозукро дар шакли «глобалӣ» баён кардааст. Чун онро ҳама медонистем, аммо наметавонистем, ки баёнаш кунем. Қаблан сипос! 2.Оид ба химикатҳои кишоварзӣ гуфтаниям. Соли гузашта аз бозор заҳрхимикати хитоиро барои нобуд кардани ҳашарот гирифтаму ба зироатам задам. Дар натиҷа, зироати бо азоб кишт кардаи ман пурра хушкид! Ман ҳайронам, ки ҳамин Тоҷикстандарти мо ва Вазорати кишоварзӣ чӣ миссия доранд ва куҷоро назорат мекарда бошанд? Чаро тоҷирони мо маҳсулоти пастсифатро аз хориҷа ворид мекунанд???

Исмоил Маҳмудов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Ҷайҳун (Қумсангир), тел: 93 388 07 47

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter