ХАБАРИ ДОҒ


Қатли ҷияни Нурӣ
Ризвон худро лидери комилҳуқуқи тамоми тоҷикони дар Афғонистон буда медонист. Нақл мекунанд, ки дар яке аз нишастҳо Ризвон шахсан ҷияни Саид Абдуллоҳи Нуриро дар ҳузури ахирӣ ба қатл мерасонад. Аммо Маҷнун дар маҷлиси Ризвон ҳозир мешавад ва ҳангоме, ки ҷангиёни Ризвон мехостанд шикояткунандаро барои шикояташ аз бедоди ҷангиён танбеҳ диҳанд, Паллаев ӯро аз дасти ҷангиён халос мекунад ва зидди Ризвон бармехезад. Ба нақли ҳозирин, ки баъди анҷоми ҷаласа ҳама гумон мекарданд, Ризвон Маҷнунро мепарронад, аммо Содиров ба паррондани Маҷнун ҷуръат накард. Маҷнун инчунин ба фиристодани кӯдакони гурезаҳои тоҷик барои таълими динӣ гирифтан ба Покистон сахт мухолифат мекард. Баъди дидани ин қазия Маҷнун бо муллоҳои тоҷик сахт даргир мешавад ва мегӯяд: "Шумо сарнавишти баччаҳоро тира мекунед". Мегӯянд, Маҷнун барои пешгирии ин кор ба роҳбари исмоилиёни Афғонистон-Саид Мансур Нодирӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд низ муроҷиат намуда буд. Паллаев ҳанӯз с.1994 барои халъи силоҳ кардани дастаҳои мусаллаҳ дар Бадахшон баромад кард, аммо моҳи ноябри с.1994 "генерали мардумии" дигари Бадахшон-Алёш дар натиҷаи таркиши мошинаш фавтид ва раванди силоҳсупорӣ дар Бадахшон ба таваққуф афтод. Алёш 2 рӯз қабл аз ин ҳодиса, дар ТВи вилоятӣ баромад намуд ва аз супоридани силоҳи ҷангиён ҷонибдорӣ намуда буд. Аммо с.1995 дар Бадахшон воқеае рух дод, ки назари Маҷнун ва ҳамраҳонашро боз тағйир дод. Майи с.1995 аз Бадахшон пешвои мазҳабии исмоилиён Оқохони 4 дидан кард. Дидори имом барои исмоилиёни Бадахшон, ки солҳо аз дидори ҳуҷҷаташон маҳрум монда буданд, 1 воқеаи таърихӣ буд. Оқохон ҳини боздидаш аз Бадахшон бо Маҷнун ва дигар қумондонҳои бадахшӣ дидор кард. Мегӯянд, Маҷнун дар ин дидор ҳеҷ сухан нагуфт ва рӯ ба замин хомӯш мегирист. Аммо Оқохон ба ӯ муроҷиат кард ва гуфт: "Агар аз шумо хоҳише кунам, шумо онро иҷро мекунед? Маҷнун ҷавоб дод: "Ту имоми моӣ, чи гуна аз ҳарфат сарпечӣ мекунем?" Оқохон боз пурсид: "Агар ба шумо амр диҳам, силоҳҳоятонро ба замин гузоред ва ҷанг накунед, шумо итоат мекунед? Маҷнун тасдиқ мекунад ва Оқохон мегӯяд: "Набошад ман аз шумо хоҳиш мекунам силоҳҳоро супоред ва зидди давлате, ки дар он зиндагӣ доред, наҷангед!" Мутаассифона, ӯ то фарорасии сулҳи Тоҷикон умр надид. Майи с.1996 баъди баргаштанаш аз қароргоҳи дастаи сарҳадчиёни рус якбора ҳолаш бад ва бистарӣ шуд. Пизишкон муайян карданд, ки Маҷнун заҳролуд карда шудааст. Паллаев аз ин заҳр натавонист ба худ биёяд ва баъди 2 ҳафтаи беморӣ ҷон дод.
"Горбун"
Яке дигар аз генералҳои мардумии Бадахшон Абдуламон Аёмбеков бо лақаби "Алёш горбун" ба шумор мерафт. Ин "генерал" ҳамагӣ 1 метру 55 см қад дошт ва бар иловаи ин кӯзапушт ҳам буд. Аммо Алёш иродаи оҳанин ва истеъдоди ташкилотчигии волое дошт ва ин сифот нуқсони ҷисмониашро ҷуброн карданд. Баъди оғози даргириҳо Аёмбеков бачаҳои маҳаллаи Хлебзаводи Хоруғро, ки он ҷо истиқомат мекард, гирди ҳам овард ва дастаи мусаллаҳи худро таъсис дод. Ситоди ӯ дар Хлебзаводи Хоруғ яке аз асоситарин марказҳои мухолифин шуд ва тамоми қумандонҳои саҳроии Бадахшон дар як замони муайян аз ин ситод ҷонибдорӣ мекарданд.


Аёмбеком-Эскобарои Тоҷик
Аёмбековро дар вақташ ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мекарданд. Журналисти рус Мумин Шариков-муаллифи китоби "Наркобизнес дар Русия" муътақид аст, ки худи Горбун ба ин кор даст доштанашро инкор намекард. Шариков менависад, ки Алёш мегуфт: "Ман дигар ҳеҷ роҳе барои дарёфти озуқаву силоҳ надорам. Агар ин корро накунам мардумам аз гуруснагӣ мемиранд". Мардуми Хоруғ ҳам бо ӯ муносибати яксон надоштанд. Ин қумандон барои иддае "қочоқчӣ" ва барои иддаи дигар "қаҳрамон" будӣ, чун тамоми пули ба даст овардаашро сарфи дарёфти озуқа ба мардум ва силоҳ барои дастаҳои худмуҳофизатӣ мекард. Дар Афғонистони ҳамсоя бозори бисёр тавонои силоҳ роҳандозӣ шуда буд. Барои мисол автомати Калашников $400 ва пулемёт $600 арзиш дошт. Мушакҳои зиддиҳавоиро то $3000 ёфтан мумкин буд. Аммо аз ҳама қимат мушаки "Стингер" буд, ки то $30.000 нарх дошт. Алёш хатти сарҳадро комилан дар даст дошт ва ҳар гоҳу ҳар ҷо хост, ба Афғонистон убур мекард. Ҷангиёнаш теъдоди 500 танро ташкил медоданд ва дар ҳоли зарурӣ ӯ метавонист дастаашро то чанд ҳазор афзоиш диҳад. Маҳз ин Алёшро ба яке аз бозингарони сиёсии минтақа табдил дод. Ҷангиёни ӯ сар то по мусаллаҳ буданд ва таҷрибаи хубӣ ҷангӣ ҳам доштанд. Бо вуҷуди қочоқи маводи мухаддир ӯ сарвате ғун накард. Шариков аз забони ӯ нақл мекунад: "Маро гоҳе Пабло Эскобарои тоҷик меноманд ва фикр мекунанд сарвати азим дорам. Аммо шумо худ шоҳидед, ки мо дар чи шароит ба сар мебарем. Тамоми пули ёфтаи мо барои озуқаву силоҳ масраф мешавад. Боз танқисӣ ҳам мекашем." Бо вуҷуди ин Алёш то вақти зинда буданаш яке аз асоситарин миёнаравҳо дар ҳалли мушкилоту низоъҳои гуногун дар Бадахшон ба шумор мерафт. Ҳатто намояндагони ҳукумати вилоят ҳам нақши ӯро дар ин самт эътироф мекарданд ва ҳини ба вилоят омадани намояндагони ҳукумати марказӣ, ҳамеша бо Гарбун маслиҳат мекарданд, то суитафоҳуме ба миён наояд.

Мактуби Ризвон ва марги Ҳофиз
Аммо Алёш миёни мухолифин низ рақибони сарсахте дошт. Яке аз касоне, ки Горбун бо ӯ аз оғоз ба мухолифати ошкоро пардохт, Ризвон Содиров буд. Соли 1993 вазъият дар Хоруғ бисёр муташанниҷ буд. Ба ин шаҳр дастаҳои зиёди мухолифин, ки миёнашон афғону покистониву арабҳо ҳам буданд, ворид шуданд. Миёни ҷангиёни омада ва аҳолии маҳаллӣ тез-тез низоъу даргириҳо сурат мегирифт ва танҳо мудохилаи ӯ ва Маҷнун Паллаев вазъиятро ором нигоҳ медошт. Он шабу руз муҷоҳидини омада, ба бинои КБДи вилоят дар Хоруғ ҳамла карда, боз ҳам ҷангиёни Алёш чекистони тоҷикро аз марг наҷот доданд. Ризвон ба ҳайси “вазири ҷанг”-и ҳукумати мухолифин с.1993 ба Бадахшон мактубе ирсол ва аз қумандонҳои маҳаллӣ талаб кард, ки ё пурра ба итоати ӯ дароянд, ё силоҳҳояшонро супоранд. Ризвон таҳдид мекард, ки дар сурати акс вориди Бадахшон шуда, ҳамаро нобуд мекунад. Горбун дар маҷлисе ин мактубро қироат кард ва ин таҳдид яке аз сабабҳои дастгирии мардум аз ҷангиёни маҳаллӣ гашт. Ӯ инчунин дастаи Ҷумъа-қумандон-бародарзодаи Ризвонро, ки дар Язғулому Қалъаи Хумб ба ғоратгарӣ машғул буд, халъи силоҳ гардонд ва дубора ба Афғонистон пеш кард. Яке дигар аз мушкилоти ҳамешагӣ муносибат бо сарҳадчиён буд. Он шабу руз дар сарҳади Бадахшон нерӯҳои марзбони Русия қарор доштанд ва миёни онҳо ва ҷангиёни Алёш низ муносибат чандон хуб набуд. Соли 1993 сарбозони рус дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Дарморахти Шуғнон 3 тан сокини деҳаро ба қатл расонданд. Ин сабаби даргирии шадид миёни русҳо ва ҷангиёни Алёш гашт. Гӯшаи дигари ин секунҷа ҷаҳони ҷиноии Хоруғ ба шумор мерафт. Гарчи худи ӯ низ ба таъбире аз ин ҷаҳони ҷиноӣ намояндагӣ мекард, лек дар ин майдон низ рақибони басо қудратманд дошт. Яке аз ин рақибонаш "авторитети" бадахшонӣ Ҳофиз Шукрихудоев ба шумор мерафт.
Ҳофиз дар авохири с.1992 аз маҳбас озод шуд ва ба Хоруғ баргашта, зидди сиёсати Алёш ва қумандонҳои дигар баромад кард. Ҳофиз нагузошт, ки мухолифин дар Хоруғ базаи ҳарбӣ таъсис диҳанд. Ӯ ният дошт бо баргузории гуфтушунид вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов ба ҷанг дар Бадахшон хотима диҳад. Миёнарави ин дидор 1 "дузди қонунӣ" ба таъбире “вор закон” аз Тошканд буд, ки ҳар 2 ӯро хуб мешинохтанд. Шукрихудоев мебоист барои вохӯрӣ бо миёнарав озими Тошканд мешуд, аммо чанд рӯз қабл аз сафараш, дар вазъияти мармуз ба қатл расид. Марги Ҳофиз норозигии навбатиро дар Хоруғ ба миён овард. Бачаҳои Ҳофиз ба ситоди Алёш омада, аз ӯ хостанд қотилонро пайдо кунад. Чанд даргирӣ ҳам миёни бачаҳои Ҳофиз ва муҷоҳидини мустақар дар Хоруғ  ба вуқуъ пайваст. Ба Алёш аммо муяссар шуд, ки ин бор низ садди ҷанги калон шавад ва бачаҳои Ҳофизро ором гардонад. Алёша ҳатто диққати ҳукумати Узбакистонро ҳам ба худ ҷалб карда буд. Тибқи баъзе маълумотҳо тирамоҳи с.1994 ҷонишини вазири дифоъи Узбекистон ба Бадахшон омад ва барои ҷангиёни бадахшонӣ ваъдаи кумак намуд. Ин қосиди тошкандӣ ҳадяҳое ҳам бо худ оварда буд, аммо Алёш ва шариконаш ҳамкорӣ бо ӯзбекҳоро қотеъона рад карданд. 

Марги Горбун
Абдуламон Аёмбеков моҳи декабри с.1994 дар Хоруғ дар теракт кушта шуд. Қотилон минаи махсусро зери санге (дар наздикии ситоди Алёш), ки ӯ бо ҳаммаслаконаш ҳамеша назди он ҷамъ мешуданд, гузоштанд ва тавассути таркиши он ба ҳалокат расид. Қатли ӯ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Тибқи иддаои Холбаш Холбашев-қумандони дигари бадахшӣ: “Алёш, Маҷнун ва ман ҳамеша якҷо будем. Мо бисёр вақт аз ситод берун шуда, назди санги калоне, ки зераш мина гузоштанд, таваққуф мекардем. Ташкилкунандагони суиқасд ин одати моро медонистанд. Аммо дар арафаи он таркиш миёни мо нофаҳмие ба миён омад. Мо бо асабоният ба ҳар сӯ пароканда шудем. Рӯзи дигар ман ба Рӯшон мерафтам. Дар наздикиҳои фурудгоҳ Алёшро дидам. Мо ба ҳамдигар ишорате намуда, ҳар кадом ба роҳи худ идома додем. Баъд аз расидан ба Рӯшон ба ман хабар доданд, ки Алёшро куштанд".
Дар қатли Алёш баъзе мухолифини тоҷикро айбдор мекунанд. Мегӯянд, ӯ 2 руз қабл аз кушта шуданаш тариқи ТВи вилоятӣ баромад намуда, аз мардум хост, ки силоҳҳояшонро супоранд. Ин нутқи ӯ ба Ризвон писанд наомад. Баъзеи дигар тоҷирони маводи мухаддирро, ки бо Алёш рақобат доштанд, дар қатли ӯ гунаҳкор медонанд. Аммо гурӯҳи 3-ум хадамоти ҷосусии Русияро пиёдакунандаи ин суиқасд меҳисобанд. Ба андешаи бархе, минае, ки қотилон аз он истифода бурданд, $70.000 арзиш дошт ва мухолифин аз навъи силоҳ маҳрум буданд. Амалиёт низ дар сатҳи бисёр касбӣ роҳандозӣ шуда буд. Инчунин с.1995 дар барномаи "Дар зери ниқоб" (“Под маской”)-и ТВи Русия, яке аз кормандони хадамоти ҷосусӣ иброз намуда буд, ки Алёшро маҳз ӯ куштааст.


Меҳрубон Салимшоев,
Муарихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter