ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: майдончаи варзишӣ рав!

  • Душанбе, Авг 21 2017

Бо сари кор омадани Рустами Эмомалӣ ҳафтае нест, ки майдончаҳои тафреҳӣ, варзишӣ дар Душанбе боз нашаванд. Аммо рейди мо муқаррар кард, ки ҳамаи ин тӯҳфаҳоро сокинони пойтахт вайрону валангор месозанду касеро парвое нест…

Бино ба иттилои маркази матбуоти Ҳукумати ш.Душанбе, аз 70 майдончаи варзишии ба назар гирифта шуда, то имрӯз 45-тои он пурра ба истифода дода шудаанд. Майдончаҳои боқимондаро бошад, сохтмончиён азм кардаанд, то рӯзи 9 сентябр-Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ҳамчун армуғони арзанда барои сокинону меҳмонони пойтахт ба истифода бидиҳанд. Ин албатта тӯҳфаи хубест, вале на ҳама сокинон ба қадри ин амалҳои неку созанда мерасанд ва беэътиноиву бетарафии мардум боиси он шудааст, ки дар баъзе минтақаҳои Душанбе майдончаҳои варзишӣ пас 1-2 моҳ валангор мешаванд. Бо супориши редаксия мухбир-ревизори СССР тасмим гирифт, рӯзи шанбеи 12.08.2017 ба бархе аз маҳаллаҳои пойтахт рафта, аз ҳоли майдончаҳои мазбур дидан намояд. Бо мо бош, ки Мо метавонем!

Ифлос, шикаста ва бетартиб!
12.08.2017. Соат бо вақти Душанбе 9:00 дақиқа.


Нахуст аз 2 майдончаи варзишии маҳаллаи 63-юми пойтахт дидан мекунам. Якеи онро, ки дар назди бинои №87-и кӯч.Фирдавсӣ ҷойгир аст, 1 моҳ қабл раиси н.Фирдавсӣ Ҷамшед Табарзода ифтитоҳ карда, ба мардуми маҳал супорида буд, майдончаи дуюмиро бошад 1 ҳафта пеш муовини аввали раиси ш.Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода дар шароити тантанавӣ ифтитоҳ карда, ба сокинони биҳои №79, 81, 83, 85 ва 87-и кӯч.Фирдавсӣ ҳадя намуд. Имрӯз… ҳама ҷо ифлосу партов, пасмондаҳои хӯрока, хоку қум ва аз ҳама риққатовар он аст, ки бо гузашти на он қадар вақти зиёд арғунчакҳо, ки оҳанинанд, шикаста пора шудаанд… Ҳоли майдончаи 2-юм низ нигаронкунанда асту рӯзи дароз кӯдакону наврасон дар он саргарми бозӣ буда, шому шаб бошад ҷавонону калонсолон дар арғунчакҳо нишаста, худро саргарм мекунанду парвои онро надоранд, ки механизми оҳанин ба пора шудан наздик шудааст. Аҷиб он аст, ки дар ин майдонча 2 ҷавон масъуланду ворид шудан ба майдончаро реҷа кардаанд ва шабҳо бошад танҳо мардҳо дар сандалиҳои он нишаста вақти худро бо сӯҳбат хуш мекунанд. Яъне, майдонча барои калонсолону мардон!?

Масъули тозагӣ кист?


12.08.2017. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Ба маҳаллаи 103-и пойтахт омада, аз майдончаи варзишии кӯч.Ҳисор дидан мекунам. Майдонча хеле калон буда, ҳудудаш аз 1 га ҳам зиёд аст. Ин ҷо низ кӯдакону наврасон андармони бозӣ, гулҳои зери по хароб шуда, новобаста аз мавҷуд будани қуттиҳои партов, зери ҳар 1 сандалӣ пӯчоқи пиставу коғази қанду шоколаду чипс. Дар 1 гӯшаи майдонча чанд марду зан ба тозаву ҷамъ кардани партовҳо машғуланд-инҳо кормандони корхонае будаанд, ки ин майдончаро бунёд кардааст. Мардуми атроф рӯзи дароз ин ҷо нишаста, мусори зиёд, ҳатто памперсҳои масрафшудаи кӯдакони хурдсолро рӯи сандалӣ партофта мераванд…
12.08.2017. Соат бо вақти Душанбе 11:00 дақиқа. Ба кӯч.А.Дониш рафта аз 1 майдончаи дигари варзишӣ дидан мекунам. Он ки дар назди биноҳои ба чорраҳаи фурудгоҳ наздик қарор дорад, хурд, аммо тозаву озода будааст. Ин ҷо чанд зан нишаста, бозии кӯдаконро назорат ва таъкид мекарданд, ки боэҳтиёт бошанду гулу гиёҳеро накананд. Мешудааст-ку!

 Мардуми беҳавсала ва кӯрпаҳои овезон


Майдончаҳои варзишиву гулгаштҳое, ки тайи 4 моҳи охир хеле ҳам зуд дар кӯчаҳои пойтахт бунёд гаштанд, воқеан, хеле зебову замонавӣ ва бо назардошти тамоми имконияти истироҳату тафреҳ сохта шудаанд. Шояд баъзеи онҳо аз рӯи масоҳат ба маблағи 500.000 сомонӣ омода шуда бошанд, лек ҳастанд майдончаҳое, ки барои бунёдашон беш аз 1 млн сомонӣ ҳам сарф шудааст. Ҳамаи ин тӯҳфа барои сокинони пойтахт аст, лек чуноне ки мебинем мардум ҳанӯз ба қадри ин гуна чизҳо расиданро ёд нагирифтааст. Ин аз рӯи ҳамон ифлосиҳову вайронаҳо ва кӯрпаҳои барои офтобхӯрӣ кашолу овезон кардаи онҳо рӯи турникҳои майдончаҳо, ки барои бозии кӯдакон омода шудаанд, аён аст. Дар чунин майдончаи назди бинои №124 кӯч.Н.Қаробоев зане аз ошёнаи 5 дод гуфта чанд писарбачаеро барои дар назди турникҳо бозӣ кардан сарзаниш мекард: «Равед дар дигар ҷой бозӣ кунед, кӯрпаҳои маро ифлос мекунед!»…
Чунин муносибати мардум нисбат ба иншоотҳои нав мисли туф кардан ба намакдон аст…

 «Ин аз они мо! Равед аз инҷо!»


Дар шӯъбаи ободонии ҳукумати ш.Душанбе гуфтанд, ки макони майдончаҳои варзишӣ ва гулгаштҳо аз рӯи шумораи биноҳои истиқоматӣ ва аҳолии он ҳудуд интихоб карда мешаванд, яъне 1 майдончаи калон барои аҳолии 8-10 бинои истиқоматӣ. Сокинони ин биноҳо барои истифода аз ин майдонча ҳуқуқи баробар доранд, аммо дар асл ин тартиб риоя намешавад. Мардуми биное, ки дар назди он майдончаи варзишӣ сохта шудааст, ба истиқоматкунандагони биноҳои дигар иҷозат намедиҳанд, ки вориди майдонча бишаванд ва ин мушкил борҳо боиси даъво гаштааст. Агар ин хел рафтан гирад моро дар пеш ҷанҷолҳои калони байни биноҳои истиқоматӣ интизор аст.

 Сифат муҳим ё ороиш?
Мӯҳлати истифодаи майдончаҳои варзишӣ аз сифати маҳсулоти дар сохтмони иншоот истифода шуда низ вобаста аст. Маълум, ки ин иншоотҳо аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ бунёд ёфтаанд ва гоҳе дидан мумкин аст, ки оҳану арматураи истифодашуда сифати хуб надошта, аллакай каҷ ва ё шикастааст. Сифати фарши майдончаҳои волейболу баскетбол низ на дар хама майдончаҳои дидаи мо ҷавобгӯ ба талабот аст ва шояд дар муддати 1-2 моҳи оянда ба пуррагӣ пора шуда аз байн биравад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ин ҳам яке аз роҳҳои пулшӯист барои он ниҳоде, ки тавонистааст бо ба намоиш гузоштани ташаббусу саҳми хеш дар ободии пойтахт, боз кисаи хешро ҳам пур намояд. Яъне, ба ном барои Душанбе, дар асл барои худ!? Мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард. Мо метавонем!


Ҷамила Ҳусейнова

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter