ХАБАРИ ДОҒ

Домана аз Бохтар ба Вахш кӯчид

  • Душанбе, Авг 21 2017


26 нафар сокини н.Вахш ба бемории домана гирифтор ва дар бемористон бистарӣ шуданд. Дар пайи хуруҷи ин беморӣ дар деҳаи «Сохтмон»-и ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и н.Вахш 5 нафар кӯдаки аз 7 то 10 сола мубтало ва 21 нафар барои санҷиши эҳтимоли гирифторӣ ба он дар беморхонаи клиникии ш.Қурғонтеппа ва дар беморхонаи н.Вахш бистарианд.
Дар моҳи июн дар ҳамаи расонаҳо чоп гардидани хабар оид ба сар задани бемории домана дар ҷамоати деҳоти Бохтариёни н.Бохтар ташвиши масъулини мақомоти тандурустии вилоятро боз ҳам дучандтар намуда буд. Ин маротиба бошад факти якбора 26 нафар аз хуруҷи бемории домана дар Вахш мақомоти тандурустиро ба ташвиш овард.
Абдувалӣ Қурбонов-сардухтури «КАТС»-и н.Вахш хурӯҷи доманаро тасдиқ карда гуфт, ки «яку якбора пайдоиши ин бемориро дар ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод» ошкор намуда, ба Раёсати тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят хабар додем. Ҳоло бошад дар беморхонаи н.Вахш 11 тан барои санҷиши эҳтимолӣ гирифтор ба домана дар беморхона бистарианд».
Саидҷон Раҳимов-сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят хуруҷи доманаро дар н.Вахш тасдиқ карда гуфт, ки ошкор шудани домана дар организми 5 сокини н.Вахш мояи нигаронии табибон шудааст.
 "Ваъзияташон муътадил аст, дар зери назорат қарор доранд» гуфт ӯ ва афзуд: «Ин сокинон дар наздикии канали Вахш зиндагонӣ мекунанд. Ангезаи гирифторӣ ба ин бемориро табибон ба истеъмоли оби дарё рабт медиҳанд. Ин беморӣ аз обҳои зеризаминӣ нест».
Раҳимов мегӯяд, ки «барои тасдиқ кардани домана оби каналро таҳлил (анализ) кардем. Таҳлили мо тасдиқ намуд, ки ин сокинон аз оби канали Вахш ба домана гирифтор шудаанд. Ҳангоми санҷиш гузаронидан ошкор намудем, ки лӯлаи канализатсияе, ки аз болои ин канал мегузарад, сӯрох шудааст. Ин лӯларо оҷилан корхонаи давлатии фаръии обу канализатсияи ш.Қурғонтеппа барқарор намуд. Дар рафти санҷиш дар ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод» ошкор шуд, ки ахлоти ҳоҷатхона ва ҳамоми 7 хоҷагии деҳаи «Сохтмон» ба ин канал мерехтааст. Онҳоро оҷилан вайрон намудем».
Ёдрас мешавем, ки мардум бори аввал дар Тоҷикистон бо бемории домана, ки бештар хоси иқлими тропикӣ гуфта мешавад, дар солҳои бебандубориҳои ҷанги шаҳрвандӣ, рӯбарӯ шуданд. Дар авҷи шадиди хуруҷи беморӣ ё эпидемияи домана соли 1997 беш аз 5000 нафар сироят шуда буд. Сабаби сирояти шумори зиёди мардум дар истеъмоли оби ифлос, боришоти зиёд ва набуди риояи меъёрҳои беҳдорӣ буд. Солҳои 1990 ва оғози с.2000 созмонҳои байналмилалӣ миллионҳо долларро ба сохторҳои беҳдоштӣ барои мубориза бар зидди доманаву вараҷа ҷудо карданд. Инак, дар соли ҷорӣ ин бори дувум аст, ки дар вилоят мавридҳои гирифторӣ ба домана сабт мешавад. Мақомоти беҳдошт мегӯянд, бори охир дар вилоят соли 2015 ду нафар аз ин беморӣ ранҷ кашидаанд.


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Дар ҳамин маврид: Кӯлоб дар хатар!!!
Ангезаи мазкур моро водор мекунад, ки ба хатари бузурги экологӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб имрӯз мутаваҷҷеҳ шавем-фардо дер мешавад: таври маълум куллияи сокинон аз оби дарёчаи Сиёҳоби Ҷангалбошӣ тӯли садсолаҳо истеъмол мекарданд. Аммо архитектураи шаҳр ва ҳукумати вақт тамомии ҳудуди дарёчаи оби ошомидании Ҷангалбоширо ба фурӯш гузоштаанду мардум дар дохили дарё, шафати он ва ҳатто болои дарёча хонаву дару оғил ва тарабхонаҳо сохтаанд, ки тамомии оби оғилу ҳоҷатхонаҳо ба дарёча мерезанд, ба дарёчае, ки онро дар тӯли даҳҳо км мардум ме-нӯ-шаддд! Агар имрӯз ба ин проблема аҳамият надиҳем, фардо хатари сар задани амрози сироятӣ бармалост. Мо гуфтем. Масъулин наандешанд, худ посух хоҳанд гуфт. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter