ХАБАРИ ДОҒ

Душанберо кӣ паси панҷара мекунад?

  • Душанбе, Авг 28 2017


Душанбе имрӯз ба 1 шаҳри ороставу гулпӯшу пур аз фаввораҳо мубаддал гаштааст ва ин ҳама ба ҳусни пойтахт ҷаззобияти хос зам мекунад. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳастанд омилҳое, ки ҳусни шаҳрро коста, бовариву эътимоди дилхоҳ шаҳрванду сайёҳу меҳмонро аз байн мебаранд. Яке аз чунин омилҳо ин панҷараҳо, ё панҷарапеч кардани биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳиму фарҳангиву фароғатиянд, ки аслан дуруст нест. Фикр мекунам, ин хатои солҳои ҷанги гражданиро, ки баъдан мӯд шуда монд, шаҳрдори нав ҳатман рафъ хоҳад кард. Мо Метавонем!

 Паси панҷара ҳукуматҳо чиро пинҳон менамоянд?
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту баромадҳои хеш пайваста таъкид медорад, мансабдорон, ки пеш аз ҳама хизматчии давлатӣ ба ҳисоб мераванд ва бояд аз мардум дур набошанду худро аз омма канор нагиранд. Ӯ ҳатто ба писараш Рустами Эмомалӣ, ки моҳи январи соли ҷорӣ раиси ш.Душанбе интихоб гашт, насиҳат карда буд, бо мардум бошаду худро ҳеҷ гоҳ аз мардум дур нагирад, зеро маҳз бо чунин рафтор сазовори эътимоди мардум шудан мумкин аст. Р.Эмомалӣ аз рӯзи нахусти роҳбарӣ ин насиҳатро ҳалқа бар гӯш кард, лек зертобеонаш, баръакс ба ҷои наздик шудан бо мардум, худро бо бардоштани панҷараҳои баланду нӯгтез аз шаҳрвандон канор гирифтанд. Ин корро мо дар мисоли Ҳукумати н.Шоҳмансури пойтахт дидем-аз байни 4 бинои ҳукуматҳои ноҳияҳои пойтахт танҳо ин ҳукумат панҷарапеч аст. Атрофи бинои Ҳукумати н.Шоҳмансур бо панҷараи қадаш беш аз 2 метра гирифташуда рафту омади корафтодагон низ тавассути муоинаи видеоӣ ва тафтиши муҳофизи ҳукумат сурат мегирад. Бинои ҳукумати н.Фирдавсӣ низ солҳои гузашта панҷарапеч буд, аммо бо омадани Ҷамшед Табарзода ин панҷараҳо ва монеаҳои дигар ҳангоми даромад ба бино гирифта шуданду ҳоло мардум бе ҳеҷ мушкил вориди ҳукумати ноҳия мешаванд. Хуб, шояд Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ, раиси н.Шоҳмансур ва зертобеони ӯ аз мардум метарсанд, ки ба ҷои барканор намудани панҷара ва наздик шудан ба мардум, баръакс панҷараҳоро боз ҳам баландтар кардаанд?…

 «Шератон»-меҳмонхона, ё маҳбас?
Шумораи меҳмонхонаҳо, хоса, 5-ситорадор дар Душанбе солҳои охир ба маротиб афзудааст. Бинои ҳар яки он тибқи расму русуму завқу салиқаи хос бунёд шудаанд. Мо аз назди меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон», «Серена Душанбе», «Авасто», «Шератон» ва «Ҳаятт Риҷенсӣ» дидан намудем. Меҳмонхона, ки пеш аз ҳама бояд амнияти меҳмони худро таъмин намояд, бояд чораҳои бехатариро риоя кунад ва панҷараҳое, ки ҳоло дар назди меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон» ва «Ҳаятт Риҷенсӣ» мебинем, хеле босалиқа сохта шудаанд ва ба чашм наменамоянд. Гулу гиёҳ, парчамҳои насбшуда, фаввораҳо мавҷудияти панҷараҳоро мепӯшонанд. Аммо назди меҳмонхонаҳои «Авасто» ва «Шератон», ки дар маркази пойтахтанд, вазъ тамоман дигар аст. Агар намуди меҳмонхонаи «Авасто»-ро панҷараҳои баланди нӯгтез коста гардонад, ҳусни берунаи «Шератон»-ро на танҳо панҷара, балки деворҳои ғафси қадбаланд мекоҳонанд. Ҳоло коҳиши ҳусн 1 тараф истад, ин меҳмонхона, ки бренди ҷаҳонӣ асту овозадор, бо чунин деворҳо ба 1 зиндон монанд шудааст! Меҳмоне, ки ба Душанбе омада дар чунин меҳмонхона меистад, ҳатман худро мисле дар маҳбас эҳсос хоҳад намуд…

 Вақте «Кохи Наврӯз» боз аст…
Ба ҷуз бинои ҳукуматҳову меҳмонхонаҳо, дар пойтахт иншооти дигаре низ ҳастанд, ки барои сохтмону бунёдашон шояд маблағи бештар аз ҳамон меҳмонхонаи «Шератон» сарф шудааст, лек онҳо ҳеҷ гоҳ барои мардум баста набуданд. Яке аз ин иншоотҳо Кохи Наврӯз аст, ки бо шукӯҳу шаҳомати хеш дили садҳо сайёҳони хориҷиро тасхир кардааст. Барои бунёди ин бино маблағи кам сарф нашуд ва ба ғайр аз ин тамоми мулоқоту ҷаласаҳои сатҳи баланди роҳбарияти мамлакат маҳз дар хамин кох баргузор мегардад, вале Кохи Наврӯз ҳеҷ гоҳ баставу панҷарапеч набуду нест. Пас чаро дигар объектҳо панҷарапечанд? Мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард. Мо метавонем!

Мину Аминзода
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter