ХАБАРИ ДОҒ

Шукрихудоев кӣ буд?
Ризвон ба ҳайси “вазири ҷанг”-и ҳукумати мухолифин с.1993 ба Бадахшон мактубе ирсол ва аз қумандонҳои маҳаллӣ талаб кард, ки ё пурра ба итоати ӯ дароянд, ё силоҳҳояшонро супоранд. Ризвон таҳдид мекард, ки дар сурати акс вориди Бадахшон шуда, ҳамаро нобуд мекунад. Горбун дар маҷлисе ин мактубро қироат кард ва ин таҳдид яке аз сабабҳои дастгирии мардум аз ҷангиёни маҳаллӣ гашт. Ӯ инчунин дастаи Ҷумъа-қумандон-бародарзодаи Ризвонро, ки дар Язғулому Қалъаи Хумб ба ғоратгарӣ машғул буд, халъи силоҳ гардонд ва дубора ба Афғонистон пеш кард. Яке дигар аз мушкилоти ҳамешагӣ муносибат бо сарҳадчиён буд. Он шабу руз дар сарҳади Бадахшон нерӯҳои марзбони Русия қарор доштанд ва миёни онҳо ва ҷангиёни Алёш низ муносибат чандон хуб набуд. Соли 1993 сарбозони рус дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Дарморахти Шуғнон 3 тан сокини деҳаро ба қатл расонданд. Ин сабаби даргирии шадид миёни русҳо ва ҷангиёни Алёш гашт. Гӯшаи дигари ин секунҷа ҷаҳони ҷиноии Хоруғ ба шумор мерафт. Гарчи худи ӯ низ ба таъбире аз ин ҷаҳони ҷиноӣ намояндагӣ мекард, лек дар ин майдон низ рақибони басо қудратманд дошт. Яке аз ин рақибонаш "авторитети" бадахшонӣ Ҳофиз Шукрихудоев ба шумор мерафт.
Ҳофиз дар авохири с.1992 аз маҳбас озод шуд ва ба Хоруғ баргашта, зидди сиёсати Алёш ва қумандонҳои дигар баромад кард. Ҳофиз нагузошт, ки мухолифин дар Хоруғ базаи ҳарбӣ таъсис диҳанд. Ӯ ният дошт бо баргузории гуфтушунид вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов ба ҷанг дар Бадахшон хотима диҳад. Миёнарави ин дидор 1 "дузди қонунӣ" ба таъбире “вор закон” аз Тошканд буд, ки ҳар 2 ӯро хуб мешинохтанд. Шукрихудоев мебоист барои вохӯрӣ бо миёнарав озими Тошканд мешуд, аммо чанд рӯз қабл аз сафараш, дар вазъияти мармуз ба қатл расид. Марги Ҳофиз норозигии навбатиро дар Хоруғ ба миён овард. Бачаҳои Ҳофиз ба ситоди Алёш омада, аз ӯ хостанд қотилонро пайдо кунад. Чанд даргирӣ ҳам миёни бачаҳои Ҳофиз ва муҷоҳидини мустақар дар Хоруғ  ба вуқуъ пайваст. Ба Алёш аммо муяссар шуд, ки ин бор низ садди ҷанги калон шавад ва бачаҳои Ҳофизро ором гардонад. Алёша ҳатто диққати ҳукумати Узбакистонро ҳам ба худ ҷалб карда буд. Тибқи баъзе маълумотҳо тирамоҳи с.1994 ҷонишини вазири дифоъи Узбекистон ба Бадахшон омад ва барои ҷангиёни бадахшонӣ ваъдаи кумак намуд. Ин қосиди тошкандӣ ҳадяҳое ҳам бо худ оварда буд, аммо Алёш ва шариконаш ҳамкорӣ бо ӯзбекҳоро қотеъона рад карданд. 

Марги Горбун
Абдуламон Аёмбеков моҳи декабри с.1994 дар Хоруғ дар теракт кушта шуд. Қотилон минаи махсусро зери санге (дар наздикии ситоди Алёш), ки ӯ бо ҳаммаслаконаш ҳамеша назди он ҷамъ мешуданд, гузоштанд ва тавассути таркиши он ба ҳалокат расид. Қатли ӯ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Тибқи иддаои Холбаш Холбашев-қумандони дигари бадахшӣ: “Алёш, Маҷнун ва ман ҳамеша якҷо будем. Мо бисёр вақт аз ситод берун шуда, назди санги калоне, ки зераш мина гузоштанд, таваққуф мекардем. Ташкилкунандагони суиқасд ин одати моро медонистанд. Аммо дар арафаи он таркиш миёни мо нофаҳмие ба миён омад. Мо бо асабоният ба ҳар сӯ пароканда шудем. Рӯзи дигар ман ба Рӯшон мерафтам. Дар наздикиҳои фурудгоҳ Алёшро дидам. Мо ба ҳамдигар ишорате намуда, ҳар кадом ба роҳи худ идома додем. Баъд аз расидан ба Рӯшон ба ман хабар доданд, ки Алёшро куштанд".
Дар қатли Алёш баъзе мухолифини тоҷикро айбдор мекунанд. Мегӯянд, ӯ 2 руз қабл аз кушта шуданаш тариқи ТВи вилоятӣ баромад намуда, аз мардум хост, ки силоҳҳояшонро супоранд. Ин нутқи ӯ ба Ризвон писанд наомад. Баъзеи дигар тоҷирони маводи мухаддирро, ки бо Алёш рақобат доштанд, дар қатли ӯ гунаҳкор медонанд. Аммо гурӯҳи 3-ум хадамоти ҷосусии Русияро пиёдакунандаи ин суиқасд меҳисобанд. Ба андешаи бархе, минае, ки қотилон аз он истифода бурданд, $70.000 арзиш дошт ва мухолифин аз навъи силоҳ маҳрум буданд. Амалиёт низ дар сатҳи бисёр касбӣ роҳандозӣ шуда буд. Инчунин с.1995 дар барномаи "Дар зери ниқоб" (“Под маской”)-и ТВи Русия, яке аз кормандони хадамоти ҷосусӣ иброз намуда буд, ки Алёшро маҳз ӯ куштааст.


Меҳрубон Салимшоев,
Муарихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter