ХАБАРИ ДОҒ

Ёд бод он журналистоне, ки бо мо нестанд,
Зори 1 дидори онҳоем, аммо нестанд.
Ҳамраҳи мо дина мешиштанду мегуфтанд роз,
Қадри ҳам донед! Бинед, охир! Онҳо нестанд!
 

Хайрандеш

28.08.2017. Соат ба вақти ГЖК 11:00 дақиқа.


Дар Толори хурди маҷмааи Шарқи Озод, маъруф бар ГЖК, бо ташаббус ва сарпарастии газетаи мардумии СССР, Рӯзи ёди Бузург, яъне Акбар баргузор шуд…
Дар маҳфил хотираи медиамагнат Акбари Саттор-раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Мирзошоев-сардабири нашрияи “Наврӯзи Ватан”, Галина Зуцева-сармуҳаррири нашрияи русизабони “Бизнес и политика”, Шарифи Мисайзод-аз репортёрони фаъоли шабакаи радиои «Садои Душанбе», Маъруфи Муҳаммадраҷаб-хабарнигори нашрияи ҳизбии «Минбари халқ», Бурҳон Сафарӣ-журналист, сардабири нашрияи ошкорбаёни «Ҷоми Ҷам» дар солҳои 1992, Кароматуллоҳи Аҳмад-хабарнигори чандин нашрияи даврӣ дар ш.Душанбе, шоир ва рӯзноманигори ӯзбекзабон-Ӯлмас Ҷамол, журналистони маъруф-Аброри Зоҳир, Раҳими Ашроф, Бахтиёри Сафар, Толиби Сангин, Убайдуллои Ширин, Султон Мирзошоев, Асадулло Саъдуллоев… гиромӣ дошта шуд.



Акбар, яъне бузург
Тавре дар ёд ҳаст, 2 сол пеш, баъд аз 1 ҳафтаи даргузашти Акбари Саттор, СССР  эълон карда буд, ки баъд аз ин, ҳар сол 28 август-Рӯзи марги Акбари Саттор ҳамчун рӯзи хотираи рӯзноманигорони фавтида ҷашн гирифта мешавад. Сардабири газетаи СССР, Сайёфи Мизроб-садри нишаст дар нахуст аз ҳузур ва ширкати журналистон изҳори сипос намуд ва гуфт, қарзи мо-зиндаҳост, ки аз мурдаҳо ёд кунем. Хуб, дар ин ёдбуд ҳар нафаре ёд ва хотираи худро аз рӯзноманигорони фақиди Тоҷик ба забон овард ва ҳамчунин чандин пешниҳодҳо низ ироа шуд.
Устоди журналистикаи тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов ҳини ибрози хотироти хеш аз Акбари Саттор пешниҳод намуд, «бояд аз ҳозир кӯшиш намоем, ки 1 китоберо бо номи «Журналистони Тоҷикистон», дар шакли энсиклопедия ба нашр расонем. Дар ин китоб зиндагиномаи ҳамаи журналистон, новобаста аз он, ки корманди радиову ТВ ва ё матбуот ҳастанд, бояд шомил шаванд. Ин китобро дар 3 моҳ кардан мумкин. Маблағи зиёд лозим нест. Ҳудуди 10 ҳазор сомонӣ. Агар 20 журналист 500 сомонӣ гузорад, пули нашр ёфт хоҳад шуд…».


Дар зимн, Зиннатуллоҳи Исмоил-раиси ИЖТ гуфт, гурӯҳи корӣ таъсис ёбад агар, ин ниҳод омода аст, Энсиклопедияи мазкурро чоп кунад!
Субҳон Ҷалилов-масъули барномаҳои радиои «Ватан» дар баромади худ бо 1 таклиф зикр намуд, ки «бисёр хуб мешуд, ҳар 1 журналист ё хабарнигор дар барномаи «Пресс-клуб»-и радиои «Ватан» ширкат кунад ва дар 14-15 дақиқаи вақти муайяншуда дар бораи худаш, бигзор дар хусуси тарҷумаи ҳоли худаш… гап занад. Мо суханони ӯро ҳам дар эфир пахш мекунем ва ҳам дар бойгонии «Ватан» ҳифз менамоем…».
Дар ҷамъ атрофи зиндагиномаи журналистони фавтида, хотироти ҳозирин дар бораи ишон сӯҳбат гарм шуд ва…толорро мавҷи ханда фаро гирифт. Зеро воқеан ҳам ин дӯстони мо, ҳарчанд имрӯз нестанд, вале дар ёдҳо чун мардони закӣ, фавқулодда интеллект ва шӯх ва ЗИНДА нақш бастаанд. Воқеан ҳам чигуна бе ханда метавон аз Шарифи Мисайзод, Акбари Сатттор…ёд кард???


Бе шакк:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар к-ӯ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро…
МО Метавонем!
Дар охир, Сайёфи Мизроб пешниҳодҳои ҳозиринро дар шакли тезис омода кард, ки онҳо чунин будаанд:
1.    Таъсиси гурӯҳи кории таҳияи Энсиклопедияи журналистикаи Тоҷик;
2.    Нашри Тақвими журналистон;
3.    Таъсиси Пресс-клуб дар назди Радиои Ватан;
4.    Таъсиси силсилабарномаҳои телевизионӣ дар бораи журналистон.



Соати 13:00 дақиқа дар ошхонаи хурди ГЖК оши худоии журналистони фақид барои ҳамкасбон дода шуд.
Худо ҷумлагиро тариқаи раҳмат ва озими ҷаннат гардонад. Омин, ё раб ал ъоламин!...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter