ХАБАРИ ДОҒ

Эҷозу итноб дар шеъри Давлати Раҳмониён

  • Ҷумъа, Сен 29 2017


Адабиёт оинаи зиндагист ва мебояд, ки дар ин оина ҳама бешу ками рӯзгори мардум равшану возеҳ акс ёбад. Адиб чун табиби мардум бояд бохабар аз ҳолу аҳволи тамоми қишрҳои ҷомеа дар шеъри худ вазъи иҷтимоии халқро инъикос намояд. Яке аз чунин адибоне, ки дар шеъри ӯ пеш аз ҳама вазъи ҷомеа, ҳаёту зиндагии мардум мақоми асосӣ дорад устод Давлати Раҳмониён аст. Барои тақвияти ин гуфтаҳо порчаеро аз шеъри «Таърихча»-и устод меорем:
…Пас аз 10 навбати лола,
Даме, ки дар миёни соқаҳои пунба межӯлид,
Сафи тайёраҳо аз боли таҳдиде, ки чун як дасти ёзида
Маҳобат дошт,
    барфи заҳр бориданд,
                                          субҳи сар фароз омад.
Ман он кӯдак
Ва ин мардам.
Устод дар шеъри боло аз замони кӯдакии худ, ки дар миёни пахтазорон сипарӣ мегашт, ёд овардааст. Дар замони Шӯравӣ бо тайёраҳо заҳр пошидан ба пахтазорон, ки ҷони садҳо одамро мерабуд, як ҳодисаи муқарарӣ шуда буд. Ин шоири дар воқеъ ҳақиқатнигорро натавонист ором гузорад. Аз ин ҷост, ки устод аз як воқеаи замони кӯдакии худ маънии баланди сиёсию иҷтимоӣ офарида, вазъи ҷомеаи шӯравии тоҷикро хеле моҳирона тасвир намудааст. Шеъри Раҳмониён ба ҷуз иҷтимоӣ будан, дорои арзиши баланди адабӣ низ ҳаст. Шеъри устод дар қатори шеъри иддае аз шоирони замони Истиқлолият, бар хилофи шеъри шӯравии адабиёти тоҷик, як робитаи қавӣ ва ногусастание бо шеъри адабиёти классик дорад. Аз ин рӯ, метавон шеъри Давлати Раҳмониёнро давоми мантиқии шеъри классик унвон кард. Дар робита ба ин, мо хостем, дар асоси ду санъати бадеӣ-эҷозу итноб, ки дар шеъри классик ба онҳо аҳамияти бузург медоданд ва ҳоло, мутаассифона, аз назари аҳли адаб афтодаанд, ба шеъри устод нигоҳи шогирдонае дошта бошем. Эҷоз дар луғат ба маънии «кӯтоҳ кардан» «кӯтоҳ овардан» аст ва дар илми баён барои маънии бисёр овардани лафзи андакро гӯянд:
Осмоно, чанд гардӣ, гардиши унсур бубин,
Об масту бод масту хок масту хор маст. (Мавлоно)
Дар шеъри Давлати Раҳмониён низ метавон намунаҳои барҷастаи санъати эҷозро пайдо кард, ки ин аз нуктасанҷии шоир дарак медиҳад. Мо дар овардани намунаҳо аз эҷодиёти шоир иктифо мекунем, таҳлили маъноии шеър ба хонанда ҳавола мешавад:
Музди лаби хамӯш расидам зи дасти дӯст,
Дар ман намонд зарра, ки қасди дуо накард.
Беҳтарин намунаи эҷоз он аст, ки бо зарбулмасалу мақолҳо ифода ёфта бошад. Дар ин навъи эҷоз фикр мӯъҷаз ва нишонрас баён мегардад. Агар ба байти дувуми дубайтии зер назар андозем, пас метавонем, намунаи ифодаи эҷоз бо зарбулмасалу мақолро пайдо кунем:
Дилам нақши пари парвона дорад,
Ки дар вай мурғи оташ хона дорад.
Раҳояш мекунам аз сина, охир
Куҷо девона сабри хона дорад?
Эҷозро ба 2 навъ ҷудо кардаанд: эҷози ҳазф ва эҷози қаср. Эҷози ҳазф эҷозест, ки дар он ҳазфи қисмате аз сухан ба амал ояд. Дар ин навъи эҷоз шоир аз такрори калима, ибора ё дигар унсури забон даст мекашад, вале маънии шеър халал наёфта, баръакс равшану возеҳ боқӣ мемонад. Масалан, дар ин байт:
Дар ин дӯзах кунад чун шӯъла бебок
Дили ман дар сари оташ иқомат.
феъл ҳазф шудааст, вале ба маънӣ халале ворид нагаштааст, баръакс феъли «иқомат кардан» ҳам ба калимаи «шӯъла» ва ҳам ба таркиби «дили ман» баробар хидмат карда, шеърро равон намудааст. Шоир аз такрори бемавқеи феъли  «иқомат кардан» парҳез кардааст, ки ин аз камоли маҳорати баланди шоирист. Эҷози қаср чунин суханест, ки аз сохтори дастурии он лафз ё вожае кам шудааст, вале ба расоию рӯшании он халал намерасонад. Миёни эҷози қаср ва эҷози ҳазф тафовут аст. Яке аз шаклҳои ифодаи эҷози қаср ин ифодаи эҷози қаср бо ишорот аст. Дар байти:
Аз дӯст бирафтам, ки ба худ боз биёям,
Дур аз ҳама дар сурати танҳоии хешам.
вожаҳои «дӯст» ва «сурат» вожаҳои ишоратианд, ки ба маънии ирфонии шеър ишора мекунанд ва хонанда ҳам барои дарки маъно ба қаринаи дигаре эҳтиёҷ надорад. Навъи дигари эҷози қаср ифодаи эҷоз бо талмеҳ аст. Шоир бо овардани қарина ба ҳодиса, воқеа ё шахси таърихӣ ишора мекунад ва маънии зиёдеро дар лафзи андак мегунҷонад:
Хуни ғам меравад аз дил ба найистони танам,
Пири Канъон, ҳазар аз фоҷиаи пираҳанам.
Дар байти боло шоир таркиби «пири Канъон»-ро мухотаб қарор дода, ба қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» ва падари Юсуф –ҳазрати Яъқуб ишора кардааст. Санъати эҷоз навъҳои гуногуни ифода дорад, вале бо ин намунаҳои дар боло овардашуда метавон мушаххас кард, ки дар шеъри Давлати Раҳмониён санъати эҷоз бо тамоми нозукиву нафосати бадеии худ истифода шудааст. Дар баробари эҷоз якчанд намунаи санъати итнобро низ аз назар мегузаронем. Маънии луғавии итноб «расанҳои хайма» (таноб) ва маънии истилоҳии он овардани лафзи зиёд барои маънои андак аст. Истифодаи бомавқеи итноб шеърро хушу гуворо ва равону хонданӣ мекунад, вале истифодаи бемавқеи он ба тафталогия оварда мерасонад. Итноб низ бар ду навъ аст: итноби эзоҳ баъд аз ибҳом ва итноби такрор. Дар итноби эзоҳ баъд аз ибҳом шоир ҷумлаи мубҳамеро оварда, дар шарҳи он ҷумлаи дигареро меорад:
Ду чиз шоири озодаро бигирёнад,
Ба оби дида бишӯяд хаташ, агар донад,
Ки то ҳаёт бувад, ёри ӯ намеояд,
Ки чун вафот кунад, шеъри ӯ намемонад.
Агар ба ин шеър диққат кунем, дармеёбем, ки се мисраи охир бар шарҳи мисраи аввал омадааст. Дар ин шеър мисраи аввал мубҳам ва мираъҳои баъдӣ шарҳи он мебошанд. Итноби такрор ба сурати такрори вожа, ибора, ҷумла ё мисраъ сурат мегирад ва навъҳои зиёди ифода дорад. Дар ин ҷо мо бо овардани як намуна аз шеъри «Хуни ғам»-и  устод, ки солҳои  90-уми асри гузашта эҷод шудааст, қаноат мекунем:
Дар дами кандани ҷон зинати авроди ман аст
Муфради «Во Ватанам! Во Ватанам! ВоВатанам!!!»
Аз ин мисолҳо бармеояд, ки санъати итноб ҳам дар эҷодиёти шоир корбурди васеъ дорад ва шоир бо истифодаи бомавқеи он тавонистааст, шеърашро боз равонтар гардонад. Итноб дар адабиёти классик яке аз санъатҳои маъмул буд ва ҳамеша дар паҳлӯи эҷоз шарҳу тафсир меёфт. Истифодаи итнобу эҷоз шеърро хушобуранг ва мондагор мегардонад. Миёни эҷозу итноб санъати дигарест, ки онро мусовот мегӯянд. Мусовот баробарӣ дар лафзу маънӣ аст:
Бузургони дурӯғин кам набошанд,
Бузурги ростинӣ, модари ҷон.


Мирзо Наврӯзи Ҷумъамурод
донишҷӯи соли 5-уми ДМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter