ХАБАРИ ДОҒ

Терминали байнишаҳрӣ: Боғ ё Доғи Душанбе?

  • Душанбе, Окт 02 2017

Субҳи рӯзи 25.09.2017 бо нияти сафар ба н.Данғара сӯи терминали нави мусофиркашонии байнишаҳрӣ, ки соли равон дар километри 7-уми пойтахт, дар к.Айнӣ кушода шудааст, роҳ пеш гирифтам. Ин терминал, ки ҶДММ «Терминали Рашт, Кӯлоб, Бадахшон» ном доштааст-инро баъдан дар чеки таваққуфгоҳ дидем, беш аз 6 моҳ шуд, дар ҳудуди пойтахт фаъолият дорад. Бинои 2-ошёнаи нимсохт, ки ҳамоно нопурра мондаасту фикр намекунам, ки сохтмони он дар моҳҳои наздик пурра ба охир расад. Агар роҳбарияти терминали ғайристандартӣ мехостанд онро то ҷашни Истиқлолияти кишвар пурра таъмиру таҷдид намуда ба назардошти имконоти муосир ба истифода медоданд. Аммо вақте то ҷашни Истиқлолият таъмиру таҷдид нашуд, пас шояд абадан нашавад ва ҳамин хел бимонад! Аҷиб он аст, ки маъмурияти терминал тамоми шикасту рехти ҳудуд ва биноҳои таъмираш нотамомро бо аксҳои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва банери шиору гуфтаҳояш пинҳон кардааст, ки ин худ беэҳтиромист!!!

Дӯкону ошхонаҳои антисанитарӣ
Дохили терминали мазкур аз дӯконҳои хурду калон ва ошхонаҳои бешумору бетартиб иборатанд. Савдогару ошпаз чӣ тавре, ки хостанд, ҳамин тавр маҳсулотро барои фурӯш гузоштаанд, инҷо ҳама чизро дидан мумкин аст: аз сӯзану ришта то кафшу бозичаву либосу собуну шампун дар баробари пирожкиву хот-догу обу яхмос. На либоси ягона риоя мешавад, на оддитарин талаботи санитариву эпидемиологӣ! Дар ин терминал на ҷои автобус мушаххас аст, на микроавтобус ва на ҷои исти мошинҳои сабукрави хусусӣ, ки дар самти Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва Хатлон мусофир мекашанд. Кӣ ба куҷое хоҳад омада меистад, мошинро гузошта берун мебарояд ва мизоҷ ҷамъ мекунад. Аз ин рӯ, назди даромадгоҳи терминал ҳамеша пуродам аст. Номи шаҳру ноҳияҳоро бошад ба хотири «ҳаст-галочка» ба пораҳои картон навишта, ба оҳану арматура насб карда, дар байни «диска»-ҳои мошин рӯи замин халондаанд.
Назди даромадгоҳи асосии терминал ҷавоне бо либоси сиёҳи низомӣ дар тан рафтуомад карда, ҳар 1 мошини ба терминал воридшударо назорат мекунад. Пеш аз баромад аз терминал, ки аз дарвозаи дигар сурат мегирад, боз 1 ҷавони дигар пул мечинад: агар мусофир ҷамъ карда бароед 4 сомонӣ. Фарқ надорад кадом самт аст, агар ҳамту барои коре ба терминал даромада бароед 1 сомонӣ бояд супоред. Барои чӣ ва барои кӣ маблағ ҷамъ мешавад, ӯ ҷавобе надод.

 Терминале, ки симои Душанберо мекоҳонад!
Раиси ҷавони ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз барои зебо шудани симои пойтахт ва некӯаҳволии сокинонаш кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, аммо будани чунин терминалҳои вайронаву бенизом ва чашмхарош боз ҳам дар даромадгоҳи шаҳр на танҳо симои Душанберо коҳиш медиҳанд, балки имиҷи пойтахти Тоҷиконро зери суол мебарад. Ин терминал бояд таҷдид шавад ва агар масъулинаш боз ҳам таъмиру тармимаш накунанд, пас онро бояд тахрибу ҷояш 1 терминали наву замонавӣ, амсоли терминали «Озод Транс», ки ҳамагӣ 100 метр аз ин терминал фосила дорад, бунёд кард. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

Мину Аминзода, СССР
25.09.2017

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter