ХАБАРИ ДОҒ

Проводникҳои ЖД чӣ тавр пул мечинанд?

  • Душанбе, Окт 02 2017


Салом, ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Ман нисбати кормандони КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» 1 шикоят дорам.

10.000 намакчаши КВД Роҳи Оҳан
Банда муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам. Рӯзи 21.06.2017, соати 5-и саҳарӣ аз шаҳри Москва ба поезди самти Москва-Душанбе нишастам. Проводникаш 1 мард ва 1 зан буд. Вақте аз Москва баромадем, марди проводник назди пассажирҳо омада аз ҳар кадом 200 рубли русӣ талаб кард. Пурсидем, ки барои чӣ пул мегиред? Ӯ гуфт: «100 рубл барои «бельё», яъне простин ва навлочка, 100 рубли дигар барои оби ҷӯши самовор». Ҳол он ки дар тамоми поездҳои Россия «кипиток» ва «бельё» бепул аст. Хуллас, дар 1 вагон 50 мусофир бошад, аз ҳар кадоме 200 рубли русӣ ҷамъ кард. Мешавад: 10.000 рублро ташкил медиҳад. Баъд фаҳмидем, ки ин ҳама оғози кор будааст.

60.000 барои таможня!
Баъди 10 дақиқа боз 1 проводники дигар (инаш зан) назди пассажирҳо омада, аз ҳар кас 1000 рубли русӣ талаб кард. Боз пурсидем, ки инаш барои чӣ? Ӯ гуфт: «Ин 1000 рубл барои постҳои дар роҳ буда ва то Тоҷикистон ҳамагӣ 11 пост ҳаст. Ман шуморо аз постҳо бе ягон мамониат ва мушкилӣ мегузаронам. Ин пулҳоро бошад ман ба таможникҳо медиҳам». Ин зан-проводник ҳам аз ҳар кас 1000 рубли русӣ ҷамъ карда гирифт. Дар ҷамъ мешавад: 50.000+10.000=60.000. Ғайр аз ин, агар 2 сумка дошта бошӣ, барои ҳар кадоме 100 рублӣ супоридем, ба ҳамон зан-проводник. Вақте, ки поезд ба аввалин пост расид, таможникҳо дохили вагонҳо даромаданд. Аз тарафи проводникҳо ягон хел ёрдам ва дастгирӣ ба пассажирҳо набуд!!! Таможникҳо сумкаҳоро якто-якто кофта, телефонҳоро тафтиш мекарданд. Ва поезд бошад дар 1 пост 2 соат меистод.

Сафар не-азоби гӯр!!!
Аҷибаш ин, ки поезд дар постҳои сарҳадӣ фақат шаб омада мерасад: Аз пости Россия ба пости Қазоқистон, аз пости Қазоқистон ба пости Ӯзбекистон. Хуллас, 3 шаби дароз аслан хоб нестӣ!!! Бовар кунед, сафар дар поезди Москва-Душанбе  азоби гӯр аст! Ман ҳар сол ҳамин аҳволро дар ин хатсайр мебинам ва ҳеҷ беҳбудие дар ин ҷода нест.
Муҳтарам Сайёфи Мизроб-сардабири газетаи СССР! Агар ба навиштаҳои ман бовар надоред, 1 журналисти газетаро ҳамчун пассажир ба поезди Душанбе-Москва шинонед, то ин ҳама мушкилро дидаву санҷида нависад. Ва бубинад, ки пассажирҳо аз тарафи проводникҳо чи хел дар азобанд. Ҳол он ки ҳамаи пассажирҳо билет доранд ва ҳама ҳуҷҷатҳояшон қоидавӣ асту қонунӣ. Агар илоҷаш бошад, ба раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» расонед, ки ҳамон проводникҳои онрӯзаро ҷазо диҳад ва аз онҳо қатъӣ талаб кунад, ки минбаъд аз мусофирон баҳудаву беҳуда пул талаб накунанд.
Ин мактуби ман аз номи 50 нафар пассажир аст. Онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки ин номаро ба газетаи мардумии СССР бирасонам!

Сафар Одинаев,
ш.Душанбе, кӯч.Н.Қарабоев-10, хонаи 4


Аз редаксия: Ҳоло ин шикваи бошандагони 1 қатор-вагон аст. Дар ҷамъ, сафи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз сӯи роҳбалад-проводникҳо мавриди фасод қарор мегиранд, аз 500-600 тан бештар асту камтар не. Ин 1 дард аст. Дарди 2 ин аст, ки чаро раҳбарияти КВД Роҳи Оҳан то ҳанӯз комиссияи махсус таъсис надодаву аз азобу азияту таҳқиру тафтиши мусофирони худ-намояндагони Давлати Тоҷикистон дар марзҳои СНГ садд намегузорад ва ба вазорати хориҷаи Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбакистон нотаи эътироз намефиристад? Зеро дар тамомии олам (!!!) ин танҳо мусофирони КВД Роҳи Оҳан мондаанд, ки мавриди хушунат, тафтиши аз ҳадд беш ва таҳқиру дашном қарор мегиранд. Роҳбарияти КВД Роҳи Оҳан оё омода аст, бо мо, бо либоси оддии мардикорбаччаи Тоҷик, то Русия ва бозгашт-обратно сафар кунад? Танҳо бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақому мартаба. Оё метавонед дар поездҳои худ мисли Тоҷики қаторӣ то Маскав равед? Слабо???
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter