ХАБАРИ ДОҒ

Шабаҳи Мулло Абдулло дар Нуробод

  • Душанбе, Окт 02 2017

Бадтарин ва беақлтарин муҷоҳидони тоҷикнасаб Мулло Абдуллову Алии Бедакӣ буданд, ки на савод доштанд, на дониш, на исломро медонистанду на Худоро мешинохтанд. Онҳо на танҳо дар куштори сарбозу афсарони Тоҷик, ки қатли генерал Мирзо-Ҷага Зиёев ва писарони ӯ низ даст доштанд…

1 узви гурӯҳи Мулло Абдуллоро қапиданд!
Дафтари матбуоти ВКД ҶТ дар 1 гузориши вежа хабар дод, ки Неъматулло Саодатович Назиров (с.тав.1975)-сокини ҷамоати Муҷихарфи н.Нуробод ва узви гурӯҳи Мулло Абдулло (Раҳимов)-и дӯзахӣ, баъди чанд соли фирор дастгир шуд. Ӯ ҳоло бо ҷурми нигаҳдошти силоҳ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ айбдор мешавад. Мавсуф дар солҳои 1993-98 бо фармони Мулло Абдулло, ки фармондеҳии ИНОТ дар Комсомолободро ба дӯш дошт, дар ҳудуди ин ноҳия пости ғайриқонунӣ ташкил карда, бо шайкааш молу пули мусофирону ронандагони раҳгузарро аз худ карда, даст ба қатли афсарону аскарон низ задааст. Назиров аз ҷумла, ба иштирок дар 1 ҳамлаи мусаллаҳонаи с.1994 ба 1 автобус айбдор шуд, ки дар натиҷа 7 мусофири автобус фавтида, 5 тани дигар ҷароҳат бардошт ва худи мусофиркаш дар рӯди Сурхоб чаппа шуд. Ҳукумат ба тозагӣ он автобусро аз ҷарӣ баровард ва ҳатто тирҳои дар бадани авто мондаро ҳисоб кард:
-Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад! Мо Метавонем!!!

Мулло Абдулло: Хуб кардед, ки Тоҷик куштед!
Неъмати буз ё козёли мулло Абдулло (инҳо бузе беш нестанд, зеро шестёрка буданд ва мемонанд!) дар интервю ба милиса гуфтааст:
-Боре пости ғайриқонунӣ кардем. Дастури Мулло Абдулло буд, ки ягон ҳарбӣ бошад, бизанедаш, бикушедаш. Дар ҳамон ҳолат автобус аз поён омад, аз тарафи Душанбе. Дар дарунаш 1 низомипӯш буд. Мо тирборон кардем ҳамроҳи Раҳмон, Зард, Қорӣ ва Уктам. Автобус ягон 70-80 метр рафт ва ронандааш шояд тир хӯрда мурда буд, ки ба ҷарӣ афтид. Ягон 200 метр ҷар шуд. Мо ҳам фаромада рафтем, то бубинем, ки ҳадафи мо чӣ шуд? Дидем, ки мурдаанд ва автомати он ҳарбиро бо худ гирифтему рафтем...
Ин силоҳбадастони буз баъдан ба “штаб”-дараи Ҳакимӣ рафта, ба Мулло Абдулло рапорт доданд:
-Автоматро супоридем ва гуфтем, ки тавре шумо дастур дода будед, дар бораи ҳарбиҳо, мо ин корро анҷом додем. Мулло Абдулло каме хомӯш монда, баъд гуфт: "Нағз кардед.”
Саодатыч инчунин ширкаташ дар амалиёти с.1995 дар минтақаи Сичароғро қоил мешавад. Ин “шестерка”, ки ба гуфташ муҷоҳиди Абдулло будааст, дар бораи кушта шудани ҳаммиллату ҳамватан тавре гап мезанад, ки гӯиё мисли худаш бузеро кушта бошад:
-Мо дар дашти Сичароғ дар с.1995 2 Камази сарбозҳоро задем. Дар Камазҳо тиру тӯпу хӯрду хӯрок буд. 22 ё 23 сарбоз ба ҳалокат расид...
Ӯ баъди анҷоми ҷангҳо 1 автомати Калашников ва 2 гранатаро ба хусураш-Сабриддин Асроров додааст, то пинҳон кунад. Худ ба Русия рафт. Хусури ӯ мегӯяд: "1 автомат, 2 граната ва чанд миқдор тирро аз дасти ҳамин одам гирифтам, то ки ин корҳоро бас кунаду ба Русия равад. Баъде, ки пули роҳашро додаму ба Русия рафт, 1 қумандон омад ва гуфт, ҳамон яроқе, ки домодат оварда дода буд, биёр, ба ман бидеҳ. Ман аз тарс бароварда додам. Баъди чанд рӯз шкафро кушода, гранатаҳову тирҳоро дидам ва ба ин фикр, ки аз ҳаминҳо халос шавам, дар бари бағалам гирифта бурдам ва ба дарё партофтам ҳамаашро.”
Хусури “шестёрка” магар рост мегӯяд? Худо медонаду худаш...

Мулло Абдулло кист?
Сояи ӯро 2 сол дар водии Рашт ҷуста, дар ин роҳ чандин нафар аз сарбозони далери миллӣ кушта шуданд. 1 профессори Тоҷик дар бахши форсии радиои ВВС дар ҳаққи Абдулло гуфта буд, ки «Ақидаи мазҳабии Мулло Абдулло дар муқоиса бо фармондеҳони дигар қавитар аст». Аммо ин профессор нагуфт, ки қатли 25 сарбози Тоҷик дар Камароб (сентябри с.2010), ки аксарияти кулл наврас буданд, ба кадом рукни Мазҳаби Эмоми Аъзам рост меояд?
Абдулло Раҳимов зодаи н.Кофарниҳон (ҳоло н.Ваҳдат) буда, дар солҳои 1990 дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳудуди н.Нуробод амал мекард. Ба қавли ҷангиёни собиқи мухолифин дар ин минтақа ӯ бештар дар дараи Ҳакимии н.Нуробод ва қисмати ба ин дара наздики шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол фаъол буда, ҷангиёни ӯ бо бераҳмии хос нисбат ба мардум ва раҳгузарон фарқ мекарданд. Қатли Сергей Давлатов, аз фармондеҳони пешини мухолифин ва собиқ раиси н.Рашт ва 4 корманди ООН дар роҳи Душанбе-Раштро низ мақомот ба дӯши ҷангиёни Мулло Абдулло бор карда буданд. Сергей бародари Павел Давлатов-собиқ раиси кумитаи амнияти Ғарм буд... Абдуллои «муҷоҳид» ба ҳадде беэмон буд, ки зани никоҳии 1 корманди маҳаллии телевизони марказиро ба никоҳи худ даровард ва зани муслимаи бечора дар баробари шавҳари зиндаи шариатияш зани ин шариатзада гардид; ҳамин аст мусалмонӣ?

“Правая рука”-и Бен Ладен ва қатли Ҷага
Мулло Абдулло аз он фармондеҳони ОТО буд, ки шароити сулҳи с.1997 бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфт ва ҳамроҳ бо гурӯҳаш ба бедодгариҳо дар манотиқи таҳти контролаш идома дод. Дар с.2000 нерӯҳои давлатӣ ҳамроҳ бо гурӯҳҳои дигари мухолифини пешин, дар водии Рашт, зидди ҷангиёни ӯ амалиётеро ба роҳ андохтанд, ки бо саркӯбии ин гурӯҳ ва фирори боқимондаҳояш анҷом ёфт. Баъди ин шикаст муддате дар дараи Ромити н.Ваҳдат паноҳ бурда, сипас ба Афғонистон гурехт. Он замон, ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон, ӯ дар он сӯи Омӯ бо Толибон робита барқарор намуд. Тахмин мерафт, ки дар саргаҳи таъсиси “Ҷамоати Ансоруллоҳ” маҳз Мулло Абдулло ва Домулло Амриддин Табаров, 1 узви собиқи ҲНИТ-зодаи н.Нуробод меистоданд. Мулло Абдулло дар с.2009 ба ҳайси фармондеҳи низомии “Ансоруллоҳ” пинҳонӣ ба водии Рашт баргашт. Маҳз ин овоза дар с.2009 сабаби амалиёти вежаи нирӯҳои давлатӣ дар Тавилдара шуд. Дар ҷараёни он Мирзо Зиёев бо 11 тани дигар аз ҷангиёнаш кушта ва 50 тани дигар, бо шумули ҳар 2 фарзанд ва 5 бародари Ҷага дастгиру ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Сипас, баъд аз қатли Ҷага мулло боз ғайб зад…

Қатли 25 сарбози шуҷоъ
25 нафар сарбоз шаби 19.09.2010 савори мошини Урал дар дараи Камароби Ғарм аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи Мулло Абдулло мавриди ҳамлаи хунин қарор гирифт. 23 тан дар ҷои ҳодиса ва 2 нафари дигар дар бемористон ҷон дод. Дар с.2010 овозаи пайдо шудани Мулло Абдулло сабаби оғози амалиёти навбатии нирӯҳои ҳукуматӣ дар водии Рашт шуд. Ин амалиёт аз сентябри с.2010 (дар ин боб аз ҷои ҳодиса газетаи СССР таҳти унвони «Редаксия супориш дод: Ҷанг рав!» муфассал навишта буд) то апрели с.2011 давом карда, беш аз 30 нафар, аз ҷумла, Аловиддин Давлатов (Алии Бедакӣ) фармондеҳи собиқ дар н.Рашт, дар январи с.2011 кушта шуд. Нооромиҳо дар водии Рашт 2 сол идома ёфта, танҳо баъди кушта шудани худи Мулло Абдулло дар пинҳонгоҳе дар марзи навоҳии Рашту Нуробод дар моҳи апрели с.2011 ба поён расид. Таҳлилгарони Душанбе баъди ин 2 амалиёти пурқурбонӣ Мулло Абдуллоро "фармондеҳи сархӯр" номиданд, ки "меҳмондорӣ"-аш сари аксари ҳамяроқони пешини ӯ дар шарқи Тоҷикистонро хӯрд. Санаи 16.04.2011 Вазорати умури дохилӣ дар 1 баёния ҳалокати Мулло Абдулло ва 14 ёвари мусаллаҳи ӯро расман тасдиқ кард: «Собаке собачья смерть!»
Мо Метавонем!

Ш. Амин
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter