ХАБАРИ ДОҒ

Ба кофирхонии мулло бовар накунед!

  • Душанбе, Окт 02 2017


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдукарим Исматов, сокини деҳаи Сарои ноҳияи Ашт ба СССР занг задаву гуфт, аз телеканалҳои ватанӣ ва ҳам хориҷӣ наворҳои ҷангу қатту кушторро дида, шукр мекунам, ки дар 1 давлати тинҷу ором ба сар мебарам. Бовар кунед, агар оташи ҷанги граждании Тоҷикистон хомӯш намешуд, Ватани мо айнан дар чунин аҳвол мемонд. Мо имрӯз менолем аз он, ки русҳо моро мутеъи худ карда буданд. Ҳол он ки муқассири асосӣ худи мо будем, на русҳо. Аз асри 10 то 15 вазъият дар Бухоро хуб буд ва баъд нимчамуллоҳои мо оғоз карданд кофирхониро. Ин калима барои он муллочаҳо дастаке шуд, ки ҳатто агар нафаре бо дасти чап об менӯшид, ӯро ҳатман кофир мехонданд. Мардум баъди ин қадар кофирхониҳо гумроҳ ва дасту дилашон аз дунё хунук гашт. Вақте мардум парешон шуд, ҳама ҳолат рӯй доданаш мумкин. Воқеаҳои солҳои 90 ба 7 пушти мо басанда аст.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter