ХАБАРИ ДОҒ


Набояд рафт андар сояи шахси дигар ҳаргиз,
Ки умре меравӣ охир надида сояи худро…

Ғоиб Сафарзода

 

Ниҳоят заминӣ буд… Ҳар нафаре, ки ӯро боре дидааст, медонад, ки рост мегӯям. Ин дар тасаввури мо-мардуми воҳимапараст чунин менамояд, ки агар бародари Шахсият бошӣ, бояд ҳатман бо карру фар, такаббуру хашму ситез роҳ гардӣ, сӯҳбати калонгирона намоӣ, бо нӯки ангушт бо одамон салом кунӣ…
Аммо ӯ баракси ин пиндори ғалати мо буд.
Ҷасоратро дӯст медошт! Бо журналистони ҳақгӯ мисли фарзанд бархӯрд мекард. Аҳмади Иброҳим ва Аслиддин Достиев сахтгӯтарин журналистони водии Кӯлобро хеле иззат мегузошт, аз матолиби танқидияшон пуштибонӣ мекард, таҳрикашон медод, ки камбуди ҷомеаро нотарсона нависанд.
Сояи Худро дошт! Ҳаргиз аз мансубият ба Шахси аввал суистифода намекард. Ҳамонгуна ки қаблан буд, баъди соли 1992 низ бе тағйир монд: мардумӣ, оддӣ, хоксор, коргар, соҳибкасб ва хушчақчақ. Бо мардуми оддӣ менишасту соатҳо механдид, гӯш мекард ва гӯшаш мекарданд.
Намакпосдор буд! Маҳмад-ронандаи Камаз нақл мекунад, «дар даврони «союз», Данғара, ки меомадам, ҳатман акаи Нуриддинро медидам. Зеро марди сахӣ ва дасткушоде буду ҳатман буз ё гӯсфанд мекушту зиёфат медод. Баъди оне, ки бародараш президенти ҶТ шуд, боре акаи Нуриддинро дидаму худро дур гирифтам, ба ин маънӣ, ки шояд ин ака дигар ун Ака набошад. Аммо ӯ маро дидаву бо ханда фарёд зад, «Ҳа, акаи Маҳмад, чаро хона намеоӣ?» ва маро гирифта хонааш бурду гӯсфандеро қурбонӣ намуд…».
Падари воқеӣ буд! Аксарияти соҳибмансабон фарзандонашонро танҳо аз рӯи «мансубияти курсӣ ва эҳтимолияти рушд» хонадор мекунанд, аммо Акаи Нуриддин ҳама фарзандон, писарон ва духтаронро аз рӯи ишқу муҳаббат хонадор кардааст. Домодҳояш ҷумлагӣ аз хонадони оддиянд ва хеле муаддабу соҳибфарҳанг…
Оддӣ буд! Эшони Сайфиддин, 1 сокини ноҳия мегӯяд, чанд рӯз пеш тӯй доштам ва аз Ака пурсидам, ки «оё мешавад, дар фалон ресторан маърака кунам?». Зуд садри тарабхонаро ба хонааш даъват кард ва дар ҳузурам бо ӯ маслаҳат намуд, ки харҷи тӯй чанд мешаваду чӣ коре бояд кард. Баъди рафтани сарошпаз гуфт:
-Эшон, ман ба тӯят омада наметавонам, водии Раштро диданиям. Аммо ягон хидмат бошад бе ибо занг зан…
…Вақте хабари шуми марги муфоҷои Акаи Нуриддин расид, дар тамомии н.Данғара мардум тӯю суру хурсандиро аз пеши худ қатъ карданд. Зеро ба таъбири худи сокинон «Сутуни Данғара шикаст!» ва мардум ҷумлагӣ дар сӯги Ака нишастанд…
Фақирпарвар буд! Мӯсафеде, ки пояи тобуташро дирӯз, 08.10.2017, бар дӯш дошт, об дар чашм паст-паст нола мекард:
-Ака, баъди ту мани камбағалро кӣ нигаҳбонӣ мекунад???
Ҳамсояпарвар буд! Дар рӯзи ҷаноза тамомии аъзои ҳукумат, вазоратхонаву руъасо, аъёну ашроф ҳозир буданд, аммо ман бо чашми сар дидам, ки Иззати Мӯнискулӣ, Эшони Саймуттаҳар, эшони Ҳомид ва садҳо данғарагии қаторӣ хидмат мекарданду меҳмононро пазиро буданду намегузоштанд, ки нафаре ба масале «даст ба оби сард занад». Ин поси эҳтироми ҳақку ҳамсояи оддӣ аз ҳамсояе буд, ки Одоби Ҳамсояпарварӣ-бузургтарин фарҳанги таоруфи миллӣ дошт…
Деҳқон буд! Мегуфт «гандум дорам, мурғу тухм дорам, асалу мева дорам. Ман зиндагиямро аз паси панҷаҳои дасти худам таъсис додаам». Заминҳои корам, боғу токзор, фермаҳои паррандапарварӣ дошт, вале заводу фабрика на. Зеро деҳқони асил буд ва то рӯзи фавт аз дасту панҷаи хеш нон хӯрд, ки чунин мартаба насиби ҳар кас намегардад…
Ҳақталош буд! Имрӯз кам касоне медонанд, ки Акаи Нуриддин сар аз соли 1977 дар чандин конфронсҳои ҳизби коммунистӣ иштирок кардаву аз ҳаққу ҳуқуқии деҳқони оддӣ пуштибонӣ менамуд ва аз соли 1981 то 1989 Узви Бюрои КМ Ҳизби коммунисти вил. Кӯлоб буд…
Бародар буд! Вақте додараш Президент интихоб шуд, ҳама, ҳатто нависандаи ин сутур низ, бовар доштем (!!!), ки тамом, ба пойтахт меояд ва ягон вазоратхона ё раёсатеро соҳиб мешавад. Аммо аз ҷояш наҷунбид! Ба касбу кор, ноҳияи файзхези Данғара ва хонаи падарӣ содиқ монд ва чун бо тақозои касб додар наметавонист ҳамеша дар ин хонадон бошад, Ака камар баставу то рӯзи фавт чароғи ин хонадонро фурӯзон нигаҳ дошт…
Муаддаб буд! Дуруст аст, ки хонадони Сарвари давлат бояд посбон дошта бошад, аммо дари Акаи Нуриддин ҳамеша боз буду дилхоҳ нафар, худиву бегона метавонист вориди ин ҳавлӣ шавад. Посбони дарбон надошт, зеро медонист дари Тоҷик бояд ба рӯи ҳамсоя боз бошад!
Акаи Нуриддин… Дар н.Данғара ягон нафар ӯро бо насаб ном намегирифт. Ному насабаш ҳам ин буд: Ака!!! Дар ин 3 ҳарф мардуми оддӣ чӣ қадар меҳр, муҳаббат, иззат ва эҳтиромро ҷо мекунад, танҳо дар водии Кӯлоб медонанду бас. Шуморо метавонанд Раис гӯянд, Ҳазрат гӯянд, Шеф гӯянд…, аммо АКА танҳо нафареро меноманд, ки сидқан дӯст медоранду чун узви хонадон қабул кардаанд. Акаи Нуриддин Акаи тамомии қаламрави Данғара буд, ҳаст ва хоҳад монд. Зеро ҷои ӯ абадан дар хонадон, тӯю суру маъракаи ғаму шодӣ ва қалбҳои ин мардум холист…
PS: Ман, ки бо ин шаҳрак пайванди хунӣ дорам, матлаби мазбурро аз номи тамомии ҳаққу ҳамсояҳо, ёру бародаронат, навиштаам, Акаи Нуриддин ва бовар дорам, арвоҳи покат ин сутурро ҳатман хоҳад шунид...
Ҷоят ҷаннату хонаи ахиратат ободу пурнур бод, АКА… Омин!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter