ХАБАРИ ДОҒ


Дар нақли шоҳидон Дилбар-ҳамсари Файзалӣ ва Ҳусейн-додари ӯ

Маҳви падару писар-охири ҷанг?
Ҳафтае пеш дар Ютуб-шабакаи умумиҷаҳонии интернет 1 видеоролики 15-дақиқаӣ бо номи "Асрори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон: Сангак Сафаров дар муқобили Файзалӣ Саидов” пайдо шуд, ки дар он шоҳидон-Дилбар ҳамсари Файзалӣ ва Ҳусейн-додари ӯ аз кушта шудани лидери Фронти халқӣ Сангак Сафаров ва “писархондаш”-Файзалӣ, фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсус (спецназ)-и ВКД ҶТ дар шаби 29 ба 30.03.1993 ривоят мекунанд.
Дар оғози видеоролик ровии рус мегӯяд, "баъзан дар сиёсат чизҳои аҷибе рух медиҳанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тамом шуд ва 2 каллабур, 2 иштирокчии асосии ин ҷанг, ки барои ояндаи дурахшон ҳеҷ мувофиқ намеомаданд ва намедонистанд, ки онҳоро куҷо кунанд, ба таври ногаҳонӣ якдигарро куштанд. Ва якбора мушкили асосӣ-масъалаи қаҳрамонҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳал шуд...”.

Файзалӣ зидди бозгашти гурезаҳо?
Хотиррасон мекунем, ки 2 ҷангсолори маъруфи он даврон-Сангаку Файзалӣ ва чанд тан аз муҳофизони ҳар 2 шаби 29 ба 30.03.1993 дар 1 шароити то ҳол муаммобарангез дар манзили ахирӣ, дар совхоз-техникуми ба номи Куйбишев (ҳоло ба номи Ф.Саидов)-и н.Бохтар кушта шуданд.
Бино ба нақли ровии видеоролик, рӯзи 29 март бобои Сангак дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо намояндагони тоҷикҳое, ки ба он сӯи Амударё гуреза шуда буданд, дидору мулоқот дошт. Ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон ҷиддан мехост бо ваъдаи таъмини амният гурезаҳоро ба хонаҳояшон-водии Вахш баргардонад, вале бархе фармондеҳони саҳроӣ, аз ҷумла, Файзалӣ ба ин мухолиф буданд. Ҳукумат ба ин далел аз бобои Сангак хоста буд, то бо истифода аз нуфузаш ин фармондеҳонро ба зарурати баргардондани гурезаҳо бовар кунонад. Дед дар марз ба гурезаҳо ваъда дод, ки худаш амнияти онҳоро кафолат медиҳад ва бо фармондеҳоне, ки онҳоро таъқиб мекунанд, гап хоҳад зад.

Худоҳофизии Сангак бо Достиев
Ҳайъати ҳукумат шоми 29.03.1993 аз марз баргашт, вале Сангак дар наздикии ш.Қӯрғонтеппа бо муҳофизонаш аз корвони гурезаҳо ҷудо шуда ба самти н.Бохтар рафт. Сангак ҳини худоҳофизӣ бо Абдулмаҷид Достиев-муовини аввали раиси Шӯрои олӣ гуфтааст, ки "бояд бачаҳоро бубинам...”.
Ровии ролик мегӯяд, Сангак мефаҳмид, ки монеаи асосӣ дар роҳи баргардондани гурезаҳо маҳз Файзалист, ки "вақтҳои охир талош мекард, то аз таҳти назорати ҳукумат берун ояд. Аз сӯи дигар, насиби Сангак шудани тамоми муваффақияту меваҳои пирӯзӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ низ Файзалиро ором намегузошт. Ҳатто додани рутбаи полковник ба Файзалӣ ва ба номи ӯ гузоштани исми совхоз-техникуми Куйбишев ва 1 автобаза дар ш.Душанбе вайро қаноат карда натавонист.”

Ҳусейн: Он шаб свет надоштем...
Ровии ин навор аз қавли Ҳусейн-додари Файзалӣ мегӯяд, ҳамон шаби 29 ба 30 март нирӯи барқро дар кӯчаи онҳо кушта буданд. Соат тақрибан 10-и шаб буд, ки Сангак ҳамроҳи 3 телех ва ронандааш ба хонаи мо омад. Шофер дар дохили мошин истод ва телехҳои Сангак, ки 2 нафараш ҷиянҳояш буданд, дар ҳавлӣ қарор гирифтанд. Аҷиб он аст, ки Файзалӣ муҳофизони худро, ки қариб 30 нафар буданд, он шаб ҷавоб дода буд ва дар паҳлӯяш танҳо 1 телехи шахсии ӯ Солибой Зокирови ӯзбек монда буд. Сангаку Файзалӣ то соати тақрибан 2-и шаб дар хона сӯҳбат карданд. Дар чӣ бора ҳарф задани онҳо аён нест, вале Дилбар-ҳамсар ва Ҳусейн-бародари Файзалӣ гуфтаанд, ки сӯҳбати ҳар 2 ором мегузашт, касе баландгӯӣ ё дашном намекард. Соати қариб 2-и шаб меҳмон аз ҷо хест. Соҳибхона-Файзалӣ низ хест, то ки ӯро то дами дарвоза гусел кунад. Ҳусейн мегӯяд, бародараш бо худ силоҳ надошт.

“Номард”-и Файзалӣ кӣ буд?
Ровии навор дар идома мегӯяд: "Дар маҷмӯъ 6 нафар дар назди дарвоза буданд-Файзалӣ бо муҳофизаш Солибой ва Сангак бо 3 телехаш. Дақиқае баъд садои тир баланд шуд. Аввал 1 тир, баъд 2 тири дигар. Баъдан оромии шабро садои тирпаронӣ кафонд. Вақте Ҳусейн бо янгааш-Дилбар берун баромаданд, шоҳиди манзараи даҳшатноке шуданд: Ҳамаи муҳофизони Сангакро кушта буданд. Солибой-телехи Файзалӣ аз дасту аз шушаш тир хӯрда, шофери Сангак гурехта буду Файзалӣ дар роҳчаи сӯи дарвозаи хонааш ба пушт хобида. 3 қадам аз ӯ дуртар Сангак камарашро дошта, нолиш мекард. Он лаҳза ҳар 2 ҳанӯз зинда буданд. Ба гуфтаи Ҳусейн, Сангак бо 1 даст захмашро дошта, бо дасти дигар кӯшиш дошт, то худро аз тирбороне, ки аллакай қатъ шуда буд, ҳифозат кунад. "Истед, истед!” -мегуфт зери лаб Сангак. Дақиқае баъд ӯ ҷон дод. Вопасин суханони Файзалӣ лабрези нафрату адоват буданд: "Номард!!! Номардиатро кардӣ-а?!...”.

Дилбар: Ҷасади шавҳарам сӯхтагӣ буд
Ҳусейн ҷасади акаашро бардошта, дохили ҳавлӣ бурда, рӯи кат гузошт. Аммо ҷасади Сангак то саҳар назди дарвоза, рӯи хок монд. Субҳи рӯзи дигар, вақте мақомоти тафтишотӣ омаданд, аз маҳалли тирпаронии шабона ҷасадҳои боз 3 телехи Файзалиро ёфтанд. Аммо касе намедонист, онҳо чӣ гуна дар он ҷо пайдо шуданд ва кӣ онҳоро кушт? Бино ба гуфти гӯяндаи ин видеоролик, мақомот баъдан ба хонаводаи Файзалӣ гуфтаанд, ки бар асоси хулосаи тафтишот, тирпарониро Сангак оғоз карда, тири аввалро ба сари Файзалӣ зада ӯро кушт ва бо 2 тири дигар муҳофизи Файзалиро маҷрӯҳ карда аз по афтонд. Худи Сангаку муҳофизонашро муҳофизони Файзалӣ, ки садои тирро шунида, пайдо шуданд, куштаанд. Дилбар-зани Файзалӣ гуфтааст, ки шавҳарашро ҳар касе кушта бошад, дар наздикиаш қарор дошт, зеро дар атрофи захмҳои Файзалӣ осори сӯхтагӣ дида мешуд. “Аз тире, ки аз дур зада мешавад, чунин пай намемонад”, гуфтааст Дилбар.

Лунев-қотили Сангаку Файзалӣ
Вале чанд сол баъди ин ҳодиса дар барномаи "Чёрная маска”-и ТВи Русия 1 марде, ки худро афсари собиқи КГБ муаррифӣ кард, гуфт, Сангак ва Файзалиро шаби 29 ба 30.03.1993 нирӯҳои махсуси Русия нобуд кардаанд, чунки онҳо бо дағдағаҳои беш аз ҳадди худ ба дили ҳама зада буданд. Аз сӯи дигар, гуфта буд ин афсар, Сангаку Файзалӣ аллакай миссияи худро адо карда, нодаркор шуда буданд. Вале дертар дар интернет маълумот нашр шуд, ки Сангаку Файзалиро Валерий Николаевич Лунев (бо лақаби Луна, ҳоло муқими Голландия аст. 2 маротиба оила барпо карда, яке аз ҳамсаронаш-Фотима, наздикони Ҷавҳар Дудаев-ҷанговари чечен буд)-ҷосуси КГБи Русия (баъдан корманди Нерӯҳои мусаллаҳи ФР) амдан ва ҳадафмандона парронидааст!!! Дар ин боб, газетаи СССР муфассал чанд сол қабл навишта буд... Тибқи иттилои сайтҳои махсуси русӣ, минҷумла, шабакаи сиёсии compromat.ru, тӯли солҳои 1991-2003 "хадамоти амният"-и Русия дар сартосари собиқ қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 70 қатлу кушторро тарҳрезӣ ва амалӣ кардааст, ки ҷисман «ликвидатсия»-и Сангаку Файзалӣ аз ҷумлаи террори онҳост!!!


Шаҳрзоди Амин,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter