ХАБАРИ ДОҒ

Истгоҳи ҷамъиятӣ, ё терминали байнишаҳрӣ?

  • Душанбе, Окт 16 2017


Боз 1 нуктаи муҳим он аст, ки ин маблағ на ба буҷаи давлат, балки ба ҷайби чанд нафар мераваду халос! Роҳи хуби пулкоркунӣ-истифодаи роҳи давлатӣ, мошинҳои шахсӣ ва ҷайби пур… бидуни меҳнату заҳмат! 

Фаъол будани терминалҳои мусофиркашии байнишаҳрӣ 1 ҷузъи муҳим дар хизматрасонии нақлиётии ҳар 1 шаҳр буда, барои бо низом ҳаракат кардани чӣ воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва чӣ мардум мусоидат мекунад. Дар яке аз шумораҳои гузаштаи газета ман дар бораи фаъолияти яке аз терминалҳои байнишаҳрӣ, ки дар километри 7-ум, дар кӯч.Айнӣ воқеъ аст, матлаб навишта будам. Тавре баъдан ба мо маълум шуд, ин терминал, ки расман ҶДММ «Терминали Рашт, Кӯлоб, Бадахшон» ном дорад, дар асл таваққуфгоҳ буда, танҳо барои истгоҳи мошинҳои байнишаҳрӣ муайян шуда будаасту халос. Ҳол он ки кӣ ин таваққуфгоҳро терминали байнишаҳрӣ кардааст, суолест номаълум, ки мо ҳатман ба он ҷавоб хоҳем ёфт. Мо Метавонем!
Дар идомаи ин мавзӯ дар оғози ҳафтаи равон мухбир-ревизори газетаи СССР аз 4 самти даромадгоҳи пойтахт дидан карда, 1 рӯзи кории хешро дар ҷустуҷӯи терминалҳои байнишаҳрӣ ба охир расонид.

2 терминал ёфтем…
Чуноне ки гаштугузори 1-рӯзаи мо дар ш.Душанбе нишон дод, имрӯз дар ҳудуди пойтахт ва берун аз он танҳо 2 терминали мусофиркаши ҷавобгӯ ба тартибу талабот арзи вуҷуд дораду халос. Якеи ин терминалҳо чанде пеш дар километри 9-ум бунёд ёфта, бо номи «Озод Транс» шинохта шудааст, терминали дигари байнишаҳрӣ берун аз дарвозаҳои ҷанубии Душанбе дар Чимтеппа воқеъ аст. Терминали «Озод Транс» фақат барои нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ фаъолият намуда, аз терминали 2-юми воситаҳои нақлиёти хусусӣ аз Душанбе ба самти шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мусофиронро бурда меоранд. 1 терминали  дигаре, ки бо номи «Балх» дар назди маркази савдои «Балх» қарор дорад, ба ҳудуди н.Рӯдакӣ дахл дошта, ба ин нигоҳ накарда бештари воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву хусусие, ки дар самти пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ мусофиркашӣ мекунанд, то ин терминал меоянду мераванд. Ин ҷо каме ҳам бошад низом ҳаст, лек дар терминалҳои дигаре, ки ман дидам, на тартиб ҳаст на низом ва на онҳо ба терминал шабоҳат доранд.

Истгоҳи ҷамъиятиро терминал кардаанд!
Имрӯз бархе аз истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, алалхусус, гардишҳои барои автобусу троллейбус муаяйншуда ба терминалҳои сунъиву сохтаи байнишаҳрӣ мубаддал гашта, тайи солҳои зиёд кайҳо мавқеи истгоҳ будани хешро гум кардаанд. Яке аз чунин истгоҳҳо истгоҳи автобусу троллейбусест, ки дар назди корхонаи сементбарории пойтахт ҷойгир аст. Бо мурури солҳо мошинҳои шахсии дар самти аз Душанбе то шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рафтуомад мекарда, ин истгоҳро забт карда, имрӯз онро ба терминал мубаддал кардаву ном ҳам гузоштаанд-«Маром»!
Ин ҷо анбӯҳи зиёди мошину ронандагон ҷамъ омада, бидуни ягон тартибу низом, қоидаҳои бехатариву санитарӣ, бо доду мағал, «Бе Маром» ба ҷалби мусофирон машғуланд. Ҳар 1 мошине, ки мусофир пур карда, ба роҳ мебарояд, бояд ба пулчинакҳои ин терминал, ки на либоси махсус доранд ва на бейҷик, 20 сомонӣ пардохт намояд. Барои чӣ, номаълум!?

Душанбе шаҳри бедарвоза?
Боз 1 истгоҳи дигаре, ки ронандагон ҷамъ омада, аз он терминали байнишаҳрӣ сохтаанд, истгоҳи маҳаллаи Зарнисор аст. Новобаста аз он, ки бозорчаи қаблӣ ва истгоҳи пешин дар ин нуқта бартараф шуда, ба ҷояш бинои нави истиқоматӣ қомат афрохтааст, то ҳанӯз воситаҳои нақлиёти хусусӣ ва сабукрав аз субҳ то шом ин ҷо истода, мусофиронро аз пойтахт ба Ҳисору Шаҳринаву Турсунзода мебаранду меоранд. Дар ин мавзеъи танҳо ба ном терминал на ягон тартибот асту, на низом, нафаре сари ҳар 1 мошин 3-5 сомонӣ ҷамъ карда меравад. Кор то он ҳад бенизом шудааст, ки ҳатто автобусҳои байнишаҳрӣ ҳам истода, ин ҷо одам пур мекунанд...
Чорроҳаи кӯчаҳои Н.Қарабоев ва Ҷомӣ низ айни замон ба 1 терминали калон монанд шудааст. Агар аз 1 тарафи ин чорраҳа мошинҳо ба тарафи Рӯдакӣ дар навбат истанд, дар самти дигари он мошинҳои самти Ёвон қатор мегиранд ва ин ҳам дар роҳи асосии автомобилгард!!!
Хати якуми роҳи бе ин ҳам тангро банд карда истодани ин мошинҳо на танҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал мерасонад, балки ба амнияти мусофирону пиёдагардон низ хатар эҷод мекунад.
Чунин ба назар мерасад, ки касе дар куҷое хоҳад, мошинашро гузошта барои худ терминал сохтааст. Душанберо то ин ҳад бесоҳиб дидаанд!

Ҳазорҳо сомонӣ ба ҷайби кӣ меравад?
Ҳамарӯза аз чунин терминалҳои худсохту сунъӣ ҳазорҳо сомонӣ ҷамъ карда мешавад, аммо маълум нест, ки он ба ҷайби кӣ меравад. Биёед, барои мисол терминали «Маром»-ро гирем: агар дар 1 рӯз 25 мошини сабукрав мусофир пур карда ба Хуҷанд биравад, ҳар мошин 20 сомонӣ - 500 сомонӣ ҷамъ мешавад. Ин танҳо аз 1 самт асту теъдоди мошинҳо рӯзе то ба 100 адад мерасад ва ҳамаи он пур мераваду меояд. Боз 1 нуқтаи муҳим он аст, ки ин маблағ на ба буҷаи давлат, балки ба ҷайби чанд нафар мераванду халос! Роҳи хуби пулкоркунӣ-истифодаи роҳи давлатӣ, мошинҳои шахсӣ ва ҷайби пур бидуни меҳнату заҳмат!
Ин маблағро кӣ ҷамъ мекунад? Он ба кисаи кӣ меравад? Паси ин амалҳои худсарона дар пойтахт кӣ меистад? Чаро масъулин ва сохторҳои қудратӣ наметавонанд ба чунин амалҳои ғайриқонунии бархе аз мансабдороне, ки аз чунин ашхос пуштибонӣ мекунанд, нуқта гузоранд? Наметавонанд!? Мо ин мавзӯро пайгирӣ мекунем. Мо Метавонем!

Мину Аминзода,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter