ХАБАРИ ДОҒ


Чанде пеш ҷавоне аз ноҳияи А.Ҷомиро, ки дар маъракаҳои азодорӣ пайдо шудаву садди роҳи гиряи овоздори ҷамъомадон мешудааст, салафӣ эълон намуда, пушти панҷара карданд. Марди миёнсоли дигареро низ аз н.Ҳамадонӣ ба он хотир зиндонӣ кардаанд, ки ӯ гуфтааст «чӣ лозим ҳамин чилу солу дигар маъракаҳо». Дар ин бора ТВ замоне гузориш медод, ки қонунгузории танзими расму оинҳо тағирот надида буд. Акнун дар қонун дигаргунӣ ворид шуд. Ҳоло ману ту ҳақ дорем ва коргарони давлатӣ уҳдадоранд айнан ҳамин ақидаҳоро миёни омма таблиғ кунанд. Пас чӣ бадӣ дорад агар ҳамин гуруҳи «салафӣ»-ҳо ба озодӣ бароянд?

7-у 40-у сол аз Ориё буд, на араб
Мубаллиғин мегӯянд чилу сол… аз Ислом нест. Тӯппа тӯғрӣ! Воқеан ин ҳама на анъанаҳои исломӣ, балки анъанаҳои миллӣ буда, дар худ ҳикмате доштанду чун ба ифрот олуда шуданд, лағв гардиданд. Маҳз бо баҳонаи 7-у 40-у сол хешу табор ҷамъ шуда аламу андуҳ мебароварданд. Ин ҳол дар раванди бозгашти тадриҷии рӯҳи ғамолуд ба маҷрои худ кӯмак мекунад. Зеро Тоҷик араб нест, ки наздикони фавтидаашро дар они воҳид фаромӯш кунад. Ошкоро бояд гуфт, ки мо миллати хешутабордӯсторем. Марги падар, бародар ё фарзанд барои тоҷик ҳодисаи дардноку дерфаромӯшшаванда аст. Фавти пайвандон бароямон ғамангез аст. Баъд аз марги падар ё фарзанд дидори дӯстону ҳамнишинони онҳо руҳро маҳс мекунад, ғубори хотираҳоро мешӯяд. Анъанаҳои ихтироъкардаи мо низ ҷанбаи хуби равонӣ доштанду доранд. Ин араб аст, ки бо камранг нишон додани ҳодисаи маргу мир мехоҳад айши худро дар биҳишти дунявиаш талх насозад. Гиряву фиғон банди дили арабро ба ларза меорад. Зеро ин лаҳза дарк мекунад, ки рӯзе ба ин ҳол гирифтор мешаваду сарвату дороиаш сабил мемонад. Араб сари қабр рафтанро ҳам дӯст надорад, зеро қабр ӯро ба ёди марг меандозад ва майишати дунёиашро талх мекунад. Ба ин хотир, мурда бар араб қадр надорад. Тоҷик аз араб фарқ дорад. Агар мо дар муносибат бо мурдагонамон ба арабҳо тақлид кунем, пас ҳеҷ фарқе аз бутпарастон ё аттеистон надорем.

Ханда манъ буд, кунун нагирйем?
Исломи арабӣ мегӯяд, наханд, ҳатто табассум ҳам накун, ки дантонат узви маҳрам аст, яъне шаҳфатфизост. «Майлаш гуфтем!». Акнун мегӯянд, гиря ҳам накун, ки қаҳри Худоро меорӣ. Яъне инсон назди Худояш то ҳадде махлуқи беарзиш аст, ки на ҳаққи хандидан дорад, на гиристан. Вагарна чӣ бадӣ дорад чанд қатра ашк рехтан дар мурдаи дӯст, волидон ё фарзанд? Қалбҳои мо аз ҳирси мол не, аз муҳаббати инсонӣ лабрез аст ва аз сари дилсузӣ гиря хоҳем кард. Худоё, ин  арабро чӣ шуда, ки ҳатто ба фарҳанги мурдадории мо рашк мекунад? Идеологҳои ҳукумат, дидед, ки чӣ тавр муҳаббатамонро аз мо медузданд? Ҳуқуқшиносон, ки бо ифтихор мегӯед, Конститутсия ҳуқуқҳои фитриро арҷ мегузораду дахлнопазир эълон кардааст, оё бовар надоред, ки гиристан ва «бачамой» гуфтан аз табиати инсон бармехезад ва набояд он танзим шавад? Шояд барои инсон марги волидони солхӯрда то ҷое ҳолати муқаррарист, аммо марги нобаҳангоми фарзанд, ки бояд дастаи тобути падарро мебардошту имрӯз худ дар дохили он аст, магар сангиндилтарин шахсро ба фиғон намеорад? Агар ҳа, пас гузоред, модару падар дар марги фарзандаш фиғон барорад то сабук шавад. Гузоред мо фарзандон дар маъраки «сол» рӯи суфраи падар 1 пиёла чой нӯшем. Чаро дар хонаи падар эҳсоси бегонагӣ кунем? Ё мехоҳед дар Даштиҷуму Вахёву Дараи Алмосӣ, ресторан суроғ кунему хандахариш шавем? Гузоред бобою бибӣ бо бӯсаҳои обдор ба зодрӯзи набераашон шаҳомату гармӣ бахшанд. О, 1 пиру кампир дунёро намехӯранд-ку!!!

Салафия ва психологияи миллӣ
Акнун аз ҳикмату асрори русуми азодорӣ қисса мекунам. Сари қабр рафтан амалест, ки аз сӯи салафиҳо башиддат маҳкум мешавад. Ҳол он ки аз аҳволи қабр огаҳ шудан бахусус дар чанд рӯзи аввал имкон медиҳад то мо муътақид шавем, ки мурдаро гургу хирс ё ҷонзоде зарар нарасондааст. Агар ин ҳол рӯй диҳаду бартараф нашавад, ба руҳияи зиндаҳо таъсири бади руҳиву равонӣ мерасад. Зуд ба хок супурдани мурда низ 1 навъ ҷонхалосиро ба ёд меорад. Каме таъхир дар ин кор то расида омадани фарзандони раҳдур ҳеҷ бадие надорад. Зеро дидори рӯи падар қабл аз ба хоксупорӣ низ хотирҷамъии рӯҳиро таъмин мекунад ва боис мешавад доғе ба дил намонад. Дуо ва ҳар навъ иртиботи маънавӣ бо мурдагон осоиши руҳро дар вуҷуди зиндаҳо ба бор меорад. Ҳамаи анъанаҳои мо бо назардошти ана ҳамин гуна манфиатҳои равонӣ сохта шудаанд, то бақияи мардум зиндагисоз бошанд. Яъне ҷадди мо психологҳои варзида доштанд. Аммо афсӯс, ки имрӯз чанд тоҷикмусулмони асолатбохтаи арабпараст думболи ақоиди салафӣ рафта, ба торҳои асаби миллат нохун мезананд. Метарсам, ки оянда мурдаҳоро ба хона роҳ намедиҳанду аз масҷид рост ба гӯристон мебаранд. Яъне аввал мурдаҳои моро беқадр мекунанд, баъд қабри зиндаҳоямонро мекананд!!!

Асрори зиёрати оромгоҳҳо
Гузаштаҳои мо чун диданд, ки исломи арабӣ занро хонашину офтобгурез кард, фикр карданд, роҳ ҷустанд ва ба василаи зиёрати оромгоҳҳои пешвоёни исломӣ тавонистанд ба занон имкон диҳанд, то ба ҳавои кушод бароянду аз нурҳои офтоб баҳра гиранд. Акнун неоисломистҳо зидди ин падида мубориза мебаранд. Ба ин хотир пропаганда мекунанд, ки мурдаи Ҳазрати Султон дар Ховалинг несту фалону фалон… Бигзор набошад!!! Муҳим ҳамин баҳона боис мешавад, ки занон, бахусус, занони оилаҳои мазҳабӣ оксигени тоза нафас кашанд, аз тамошои кӯҳу камар ва зебои табиат лаззат баранд. Лек ба ҳамин озодии занон ҳам чашм расид. Рӯҳоние дар 1 мавъизааш ин падидаро чунон боғазаб маҳкум мекард, ки ту гӯӣ, гурзе дораду имкон не, вагарна онро ба сари ҳар зани аз пешаш баромада мефарорад. «Куҷо меравӣ Ҳазрати Бурхи Валӣ, хидмати шавҳаратро кун, то Худо аз ту розӣ шавад!» мегӯяд ӯ. Ба андешаи ин домулло агар зане ба оромгоҳе, фарз кардем, Мазори Ҳазрати Султон равад, аз Ховалинг гашта, дарҳол аз итоати шавҳар рӯ метобад ва рост ба дискотека мешитобад. Ин фаҳмиш хатои маҳз аст. Баръакс зиёрати оромгоҳҳо муҳаббати занонро ба ислом ва ба ин васила ба шавҳарҳошон афзун мекунад. Зеро занон ба Мазори Ҳазрати Султон ё дигар зиёратгоҳҳо ба он хотир мераванд, ки бовар доранд, ин шахсиятҳо дар паҳн кардани фарҳани исломӣ хидмат кардаанд, на дар рушди тамаддуни буддоӣ, вагарна ба осорхона, назди Буддо мерафтанд.
Ин ҳама асрорро набояд мекушодам, лек дар муқобили зомбикунии миллат аз сӯи бегонагон хомӯш истода натавонистам. Бовар кунед!!! Мо Метавонем!

Марҳабо Рамазонзода,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter