ХАБАРИ ДОҒ

Гимни Озодӣ: Сарат аз санг Сангак…

  • Душанбе, Окт 23 2017


Ҳолномаи «Чингиз»
Аҳмад Ҷумаев, 25.07.1959 дар н.Москва (ҳозира Ҳамадонӣ) таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Бо тахаллуси «Чингиз» барои барқароркунии Ҳокимияти Қонунӣ ҷанг карда, бо ордену медалҳои «Ҷасорат», «20-солагии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барои хизмати олии сарҳад» қадр шудааст.

Седою Ёқубу Исматчаву Нурулло зидди ҷанг буданд
-Чун майдоншиниҳо сар шуд, ман ба қувваи ҳукуматӣ пайваста, ба майдони «Озодӣ» омадам. Аз ноҳияи Маскав бачаҳои зиёде дар майдони «Озодӣ» ширкат доштанд. Ёдам ҳаст, хонаи радиоро бачаҳои Ёвон ҳимоя мекарданд ва бо худ яроқ доштанд. Мо бошем бе яроқ. Дар миёни 2 майдон ҳар лаҳза вазъият тезу тунд мешуд. Масъулиятро дар майдони Озодӣ Ғаффор Седой ва Исматча ба дӯши худ гирифта буданд. Бояд гуфт, ки ҳар вақте сухан атрофи Ғаффор Седою Исмат Тӯрахонов, Ёқуб Салим, Нурулло Лоиқов… сухан меравад, махсус таъкид кардан лозим аст, ки онҳо воқеан зидди ҷангу қатлу куштор буданд ва сидқан мекӯшиданд, ки митингбозиҳо ба хунрезӣ накашад. Ин ҳақиқатро нодида гирифтан гуноҳи бузурги таърихӣ аст.
Оппозитсия бошад ҳар лаҳза талаботҳои нав ба нав пеш мегузошт ва дар майдони Шаҳидон ошкоро дар даст микрофон мегуфтанд, ки ба ҷанг омодаанд.
Аз н.Маскав мардуми зиёде ба майдони Озодӣ, барои ҳимоят аз Ҳокимияти Конститутсионӣ омада буданд, ки дар миёни онҳо занҳо низ кам набуданд.

Шеъри Хайрандеш-шиори Озодӣ
Майдоннишинон барои ҳамовозӣ бо лидерони майдон чунин мисраҳои Хайрандешро ҳамчун «шиор» қироат мекарданд:
Эй сарат аз санг Сангак,
Ҷон фидоят Файзалӣ.
Офарин Ёқуб, душман
Зери поят Лангарӣ...
Яке аз он бонувони фаъол Ситорамоҳ Кӯчарова аст, ки айни ҳол ба ҳайси раиси Ҷамоати шаҳраки Москва дар н.Ҳамадонӣ фаъолият дорад ва то охир мардона истодагарӣ кард. Чун авзоъ то ба ҷангу тиркушоӣ расид, бо сардории Ғаффор Седой занҳоро ба ноҳия бо вертолёт фиристодем. Азбаски мо беяроқ будем, объектҳои асосии пойтахт аз даст рафт. Мо бо ҳамроҳии Ашӯр Раҷабов, Искандар Бобоев, Зубайдулло Ибодов, Айниддин Амиршоев… бачаҳои Ёвонро, ки яроқ доштанду техника не, ба Камазҳо бор карда, ба Ёвон омадем. Ин оғози ҷанги гражданӣ буд. Баъд Фронти халқӣ таъсис ёфт. Дар Кӯлоб ба мо яроқ доданд ва мо ба ҳимояи Ватан бархостем.

«Горячая точка»-и ҷанги гражданӣ
Аз Кӯлоб мо рост ба совхози Туркманистони ноҳияи Вахш, ки нуқтаи гарми ҷанг ба ҳисоб мерафт, омадем. Ба Фронти халқӣ Сангак Сафаров роҳбарӣ мекард. Баъди он ки совхозро озод кардем, мо-бачаҳои «московский»-ро ба штаби Сабзавот партофтанд. Он ҷо ба мо бачаҳои маҳаллӣ - Асадулло, Одина-челест, Таваралӣ, Раҷабалӣ Гулов пайвастанд. Аскаронро бобои Файзулло ҳамроҳӣ мекард. Дар бисёр ҳолатҳо дар вақти ҷанг бачаҳои Файзалӣ Саид бо мо ҳамроҳ мешуданд. Дар ин ҷанги бемаънӣ садҳо ҷавонмарди асил ҷони худро аз даст доданд. Ҷояш мешуд, дар чуқурии дарозияш 10-15 метр то 100 нафар мурдаро болои ҳам мегӯронидем.
21.12.1992 Ҳусейн Каримов ва Сайка-патриоттарин ҷанговарони моро нерӯҳои мухолиф кушта, баъдан ба об партофтаанд. Ҷасади Сайка ёфт шуд, вале ҷасади Ҳусейнро наёфтем. Ҳамон рӯз гуруҳи аввалини бригадаи сарҳадоти Тоҷикистон-яъне гурӯҳи моро ба ноҳияи Шаҳритус фиристоданд. Чун ба ин ҷо омадем, аллакай мардуми зиёд ба Афғонистон гузашта буданд. Аз миёни қумзори сарҳади Афғонистон 27 кӯдак ва 3 занро дарёфт карда, ба штабамон овардем, ки ҳоли зоре доштанд. Дар Шаҳритус арабҳои маҳаллӣ мардуми таҳҷоиро азият медоданд. Дар ин ҷо даҳшати зиёдеро дидем. Онҷоро тинҷ кардем. Ба ноҳияи Панҷ омадем. Ин ҷо Фронти халқӣ зери раҳбарии Ғаффор Седой ба ҳимоят аз мардум кор мебурд.

Бозгашти гурезаҳо ва негрҳои мухолифин
Соли 1993 гурезаҳоро аз Афғонистон оварданд. Онҳоро дар Эшакмайдони н.Қубодиён ҷамъ ва мустақар карданд. Аммо мардуми маҳаллии Қубодиён инро ҳаргиз намехостанд ва муқобили он буданд, ки гурезаҳо ба Ватан баргарданд. Худам шоҳид будам, ки аксарияти фирориёни Тоҷикро худи бобои Сангак хона ба хона мегузошт ва кафолат медод, ки «ҳомии ҷони шумо манам!» 1 лаҳза ҳаргиз аз пеши назарам намеравад: дар Эшакмайдон тахмин 30-40 кӯдаки гурезаҳо аз хунукӣ ях карда мурда буданд.
Чун Фронти халқӣ барҳам хӯрд, ба Қӯшунҳои сарҳадӣ пайвастам. Аз с.1994 то с.1997 дар отряди ҷангии н.Ҳамадонӣ, дар қисми ҳарбии №2620, сипас дар Тавилдараву Сағирдашт хизмат кардам. Дар ин ҷанг ба мо генерал Маҳмудбек Аҳмадов роҳбарӣ мекард. Аз ҳама ҷанги дарозмуддат ҷанги Тавилдара будӣ. Дар ин ҷо зархаридони хориҷӣ аслан негрҳо ва афғонҳо аз ҷониби мухолифин ҷанг мекарданд.
Соли 1996 дар Тавилдара ҷанги сахте шуд. Яке аз лаҳзаҳое, ки ҳеҷ аз хотирам намеравад, ин набарди сахту хунини мову мухолифин буд. Роҳбарамон Бӯрӣ Ҷобиров буду тарс бо мо бегона! Чун тирҳои мо қариб тамом шуд, моро барои бо яроқ таъмин кардан ба совхози «Пограничный» фиристоданд. Ман яроқҳоро гирифта баргаштам. Вале дар миёни қувваҳои мухолифин афтидам, байни ману онҳо 15-20 метр масофа монда буд. Бо инояти Худованд онҳо маро надиданд. Чун соат 10-и шаб шуд, пинҳонӣ ва пои пиёда, бо байни кӯҳҳо баъди 2 шабонарӯз ба хона баргаштам. Қариб 1 моҳ роҳ гашта натавонистам…
Худованд он рӯзҳоро дигар ба мардуми мо нишон надиҳад.

Таснифи Бадахшон Зардакова,
ш.Қӯрғонтеппа, тел: 919 18 66 00

дар ҳамин маврид
Муродалӣ қотили Сангаку Файзалӣ?
Дафтари матбуоти Прокуратураи ш.Маскав хабар дод, ки Муродалӣ Содиқов-шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон ба Душанбе фиристода шуд. Ӯ ба он айбдор мешавад, ки шаби 30.03.1993 дар ш.Қӯрғонтеппа ҳамроҳи шариконаш 3 нафарро куштааст. Он шаб, тавре маълум, 2 фармондеҳи аввали Фронти халқӣ-Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов кушта шудаанд...
Муродалӣ ҳанӯз моҳи январи с.2017 дар истгоҳи метрои "Румянтсево”-и ш.Маскав аз ҷониби маъмурони пулиси метро дастгир шуда, ахиран ГенПрокуратураи Русия қарори истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро содир кардааст. Бино ба ин манбаъ, Содиқов беш аз 10 сол боз аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон бар асоси моддаи 10-уми Кодекси ҷиноятии ин кишвар бо иттиҳоми куштори беш аз 2 тан аз ҳиссиёти авбошӣ ва бо бераҳмии махсус ҷустуҷӯ мешуд. Прокуратураи Маскав бо гуфтани ин хабар тафсилоти аз ин бештар наовардааст, вале шаби 30.03.1993 дар н.Бохтари вилояти Хатлон С.Сафаров ва Ф.Саидов дар 1 шароити то ҳол пурасрор кушта шудаанд. Дар хусуси куштор газетаи СССР дар шумораи гузаштаи худ ва қаблан низ борҳо навишта буд. Аммо дақиқан маълум нест, ки Муродалӣ бо ин куштор ҷустуҷӯ мешуд ва ё бо иллати дигаре.
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter