ХАБАРИ ДОҒ

Эмом-хатибон ба пайроҳаи ҷанг мебароянд!

  • Душанбе, Окт 23 2017


Бар тибқи иттилоъи ахиран расида, гурӯҳи эмом-хатибон ва домуллоҳои мӯҳтарами ҶТ барои корҳои фаҳмондадиҳӣ озими Русия мешаванд. Ин тасмимро Кумитаи кор бо дин дар пасманзари даъвати Албир Қурғанов муфтии мусалмонони Маскав гирифт. Ба гуфтаи муфтӣ Албир «Тоҷикон аз ақаллиятҳои мусалмони зудтаъсири хатароти экстремистӣ» будаанд. Боварнокарданист, аммо маҳз тоҷикони муздур ба Давлати исломӣ мепайванданду террорист мешаванд. Ин дар ҳолест, ки муздурони шикамқарор-гастербайтер даҳсолаҳо барои нон Русия мерафтанду садҳо ҳазор даҳони хӯранда онҳоро мунтазиранд...

СССР бонг мезад, аммо намешуниданд!
Ин сафари хидматии муллоҳои расмӣ дар ҳолест, ки газетаи СССР ҳамакнун соли 9-ум аст, ки перомуни ин мавзуъи доғ бонги изтироб мезаду моро касе дар Кумитаи дин ва дастгоҳи идеологӣ, мутаассуф, намешунид. Кор то ҷое расид, ки тоҷикони мутаассиби ба ДИИШ гаравидаро низ ба эътибор нагирифтанд. Аммо баъди он, ки муфтии Маскав гуфт, ДИИШ дар шакли нав, аммо ҷомаи кӯҳнаи ифротӣ, дар симои ҳаракати «Хуросон» дар Афғонистон зуҳур карданист, ба ин мавзуъ бо ҷиддият назар карданд. Сухан сари он аст, ки амнияту тинҷиву оромиро бо чанд клипи каналҳои телевизионии примитив таъмин кардан ва бештар аз ин бовар кардан, ки ин клипҳо кори дастгоҳи идеологиро комилан иҷро мекунанд, аз нодонист. Бинед, ҳар соат ҳизбу ҳаракатҳои нав ба нав зуҳур мекунанд, ки «Хуросон» яке аз онҳост. Чунки паси ин ифрот дастгоҳҳои ҷосусии абарқудратон меистанд, на Афғону Поку Арабистонҳо… Хуб аст, ки инро дер ҳам бошад, фаҳмиданд. Ҳамакнун ТВ ва радиоҳои кишвар бояд бештару пештар ва профессионалитар ба контрҳуҷуми иттилоотӣ омодагӣ гиранд. Сахт гиранд, ки дер нашавад. Мо метавонем!

Муллоҳои оддӣ Русия нараванд!
Ба Русия, ки кайҳо зертаъсири муллоҳои экстремист мондааст, набояд эмом-хатибони оддӣ ва муллоҳоеро фиристонанд, ки назди мардум обрӯву эътибори вежа надоранд. Бовар кунед, баъди 3-4 суоли омодакардаи онҳо камари ин муллоҳо мешиканад. Зеро экстремист-мубаллиғон низ ба ин «командировка»-и муллоҳо омодагӣ мегиранд. Мутмаин бошед.
Зимнан, ба пиндори мо, агар Домуллои Тоҷикободӣ, муфтии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои уламо, на ҳамаашон, ки шинохтатаринашон, Ҳоҷӣ Мирзо, Ҳоҷӣ Исмоъил Пирмуҳаммадзода, Домулло Ҳайдар Шарифзода барин уламо раванд, нур бар болои нур аст. Зеро инҳо андаке обрӯву ирода ва саводу донише доранд, ки бо мардуми таҳти контроли таассубгаро вомонда, сӯҳбату баҳс кунанд. Ба вежа, аз қудрати зеҳнии Ҳоҷӣ Мирзо бояд ҳукумат бештар истифода кунад. Зеро сухани гуфтаи ин домулло дар Тоҷикистон ва берун аз он вазн дорад. Ва ҳам ӯ бори чандум аст, ки аз ҳисоби худ, бо даъвати виждон ва мазҳаб ба Русия рафтаву бо мардуми зери ифрот вомонда баҳсу сӯҳбатҳо кардааст. Ӯро ҳатман истифода кунед. Ақаллан пурсед, ки вазъ чигуна аст, то омода бошед, домуллоҳои мӯҳтарам. Ӯ дидааст ин ҳамаро бо чашми сар ва Метавонад!!!
Мо ин матлабро танҳо зи дилсӯзӣ навиштем. Боқӣ, ихтиёр ба дасти бахтиёр-гуфтаанд, ки мо низ ба ин масал мувофиқем. Вале дар ҳар сурат потенсиали газетаи СССР низ дар ихтиёри шумост. Мо барои ҳифзи мазҳаб ва сохтори дунявии кишвар то ҳастем, дар набардем. Зеро Мо Метавонем!

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter