ХАБАРИ ДОҒ

Алимардон инсоф дорад? (Мактуби шикоятии 1 мизоҷ)

  • Душанбе, Окт 23 2017

Мӯҳтарам Муродалӣ Алимардон! Инак бори дуюм ба Шумо навишта маълум менамоям, ки ман Наврӯзова Бувинисо дар филиали Агроинвестбонк, дар ш.Панҷакент таҳти №D/001-67/77930-003 аз 2.12.2012 депозит дорам. Муроҷиатҳои пайдарпаям ба М.Аҳроров-Раиси филиали бонк ва ба ҳатто ба худи Шумо барои қисман гирифтани маблағи депозитиам натиҷае надод. Вазъи душвори иқтисодии оилавӣ ва беморӣ маро ба ҳоли вазнин оварда расонид ва бинобар ин маҷбур шудам, ин маротиб ба Шумо ба ВАО, аз ҷумла, газетаи СССР муроҷиат кунам, то ин ки Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилии мо-мизоҷон огоҳ шуда, дар рӯёнидани пули ба заҳматҳо ҷамъкардаам кӯмак кунанд. Рӯзи 17.09.2017 бо бемории гепатити В дар табобатхона бистарӣ шуда, ҳатто барои дорувориҳоям наметавонистам маблағ ёбам ва қарздори зиёде шудам. На Шумо, мӯҳтарам Муродалӣ Алимардон ва на Аҳроров-раиси беинсофи филиал ба ҳоли зори ман раҳм накардед. Ҳатто маълумотномаи духтур ва вазъи сангини ман дили сангини шумову Аҳроровро заррае ба раҳм кардан водор накард ва донистам, ки муроҷиат ба Шумо ҳеҷ фоида надорад, вале бо вуҷуди ин такроран ба воситаи матбуот ба Шумо муроҷиат мекунам ва илтимос дорам, заррае ҳам бошад, бераҳмии худро 1 тараф монда, ба ҳоли зори ман раҳм кунед. Зеро бемории навъи гепатит дарди хавфнок буда, агарчи 27 сентябр бандаро аз шифохона ҷавоб доданд, вале ман бояд давоми 50 рӯз зери муроқибати духтурон бошам ва пайваста дору истеъмол кунам. Дар баробари ин ки вазъи саломатиам хуб нест, вазъи зиндагиам низ хеле вазнин буда, дар оғози соли таҳсил ҳатто натавонистам, ба фарзандонам либоси мактабӣ бихарам. Магар беинсофӣ аз ин бештар мешавад, ки дар бонк пул дошта бошиву дар рӯзҳои сахти ба сарат омада, ҳатто барои табобат аз он истифода карда натавонӣ?
Мӯҳтарам Муродалӣ Алимардон! Боре худро ба ҷои мо гузореду лаҳзае худро бе пул дар касалхона эҳсос кунед. Албатта мо дуо намекунем, ки Шумо ҳам ба ин рӯз гирифтор шавед, ки мо ба он мубталоем, вале гоҳо худро ба ҷои камбағалону бечорагоне, ки аз дасти Шумо ба ин ҳол расидаанд, эҳсос кардан ба манфиати кор хоҳад буд. Он гоҳ вазъи моро эҳсос мекардед! Ман аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки новобаста ба вазъи душвори бонк аз депозити ман, бароям 1000 доллар ҷудо намоед. Зеро ман низ вазъи бонкро мефаҳмам ва барои ҳамин якбора ҳамаи маблағро талаб намекунам. Хоҳиш ва илтимос мекунам, ки аризаи маро қонеъ намоед.
Нусхаи маълумотномаи духтур аз табобатхона замима мешавад.
Қаблан сипосгузорам!


Бо эҳтиром,
амонатгузор Б.Наврӯзова
тел: 900 73 84 85

Аз СССР: Зиндагиномаи Алимардонро хондан мехоҳед?
Пас, интизор бошед!!!
Алимардонов агар раҳму шафқат дорад, пас ба ин зан аз молу маноли хеш, ки тибқи овозаҳо миллион-миллион сармояро таъсис медиҳад, маблағ ҷудо кунад. Дар сурати акс, газетаи мардумии СССР сармояи ин миллиондори тоҷикро, ки даҳҳо ҳазор нафарро бо шумули худи газетаи СССР сарсону саргардон кардаву пули ҳалоли маоши кормандони моро ҳам намедиҳад, меҷӯем ва сарнавишташро аз рӯзи сари Бонки Миллӣ омадану гум шудани миллионҳо сомонӣ ва аз кор рафтану сипас ба Агроинвестбонк омаданашро як-як бармешумарем.
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter