ХАБАРИ ДОҒ

Чаро миёни намояндагони халқ аз халқ нест?

  • Душанбе, Окт 23 2017

Мо ва мушкили мо-2

Аҷиб наменамояд, ки дар парлумони касбии мо аз намояндагони сатҳи поёнии халқӣ, яъне аз одамони оддӣ касе нест? Парламенте, ки ҳадафаш ҳифзи ҳаққу ҳуқуқи халқ аст, бояд ҳатман дар таркибаш, ҳадди ақалл 10% аз мардуми оддӣ, коргару деҳқон, пахтачину механизатор, сарбози қаториву бозоршину нафақагир… дошта бошад. Ин фикри сирф фардии ман аст, ки дилхоҳ нафар метавонад онро такзиб кунад. Мо Метавонем!
17.10.2017. Соат ба вақти редаксияи СССР 08:47 дақиқа. 1 бечорае пешам даромаду қиссае кард, ки онро метавон қиссаи ҳузни миллат хонд. Ӯ гуфт, аз 1 бонке, ки муфлис шудааст, 2 сол муқаддам 60.000 доллар қарз гирифтаму хона сохтам. Хулласи калом, ин қарз бо проценташ 80.000 доллар шуд. Сипас боз афзуд. Ин нафар мегуфт, дар ниҳояти кор 94.000 доллар додаасту ҳоло ҳам қарздор мондааст! Мегуфт, суд ӯро муваззаф кардааст, ки боз чанд ҳазор доллари дигар қарз аз фоизро пардозад ва ғ. ва ҳ.
Роҷеъ ба бонкҳо баҳс алоҳида аст, аммо оё парлумониҳои мо медонанд, ки бӯҳрони бонкӣ мардумро нигарон кардааст? Ҳоло мо бештар роҷеъ ба онҳое менависем, ки бонк аз онҳо қарздор асту сафашон ҳазорон-ҳазор гаштаву ба масале бонкҳоро охурча кардаанд. Аммо ҳоло мушкил ин ҷост, ки дар мавриде бонкҳои муфлисшуда пули пасандози мизоҷонро намедиҳанд, аз афроде, ки қарздоранд, тавассути суду мақомот пули худро кашида мегиранд! Намегӯем кори ғалат мекунанд. Вале чаро дар ин маврид қарс аз 1 даст аст? Чаро мақомоти суду прокуратура бонкҳо ва сарварони онҳоро маҷбур намекунанд, ки пули пасандози мардуми бечораро низ онҳо пардозанд?
Агар аҳамият додаӣ, хонанда, бонкҳо 1 ниҳоди дастнорас шудаанд, иммунитети сунъӣ пайдо кардаанд. Бар нороҳативу норизоияти ҷамъият меафзоянду, фарзи мисол, Алимардонов бе ягон азияти виждон гаштааст… Шояд яке аз иллатҳое, ки манофеъи мардум паси дар мондааст, ин набуди худи намоянда аз халқ дар миёни вакилони мардумӣ бошад? Шояд! Зеро то ҷое ман медонам, вакилони мо худашон бо ягон бонк мушкиле надоранд. Ва шояд аз мушкили мардум низ хабар надошта бошанд, зеро вакилон кайҳост аз халқи оддӣ фосила гирифтаанд… Зимнан, дар интихоботи оянда бояд ин фактор ба назар гирифта шаваду ба парлумон, чун дар дигар давлатҳои пешрафта, масалан, Амрикову Аврупо ва ғ. журналистон, коргарон, фаррошон, говдӯшон, тракторчиҳо… роҳ ёбанд. Ақаллан 10% парлумон бояд аз халқи оддӣ бошад ва бигзор парлумониҳо низ кор кунанд. Ба фикрам қонуну қавоиде, ки то ин дам қабул шуд, қонунгузории моро пухтаву пурраву комил гардонидааст. Зимнан, ҳич зарурате барои нигаҳдошти 1 ниҳоди бузург, бо маош, имтиёз, автоҳои хидматӣ ва сафарпардохтҳои ҳангуфт намондааст. Қонун догма нест! Инро парлумон беҳтар аз мо медонад. Зимнан, агар депутатҳо ҳам кор кунанду ҳам фаолият, нур бар болои нур аст: Онҳо ба мардум наздиктар мешаванд. Ва ахиран, фикр намекунам, ки худи вакилон зидди ҳам фаолияти пурсамар дар парлумону ҳам кор дар ниҳодҳо буда бошанд. Мо метавонем!
Ин дар мавридест, ки дар ҳама давру замонҳо дар дилхоҳ парлумону думаву сенат ҳатман аз мардуми оддӣ афроде будаанд. Дур намеравем. Шоҳномаву Одиссея 1 тараф. Дар Сенати Рум, ки чун сохтори падари парлумонизм дар олам маҳсуб меравад, низ мардуми оддӣ будаанд. Дар даврони шӯравӣ яке аз иқдоми гуманитарӣ ин буд, ки ба дилхоҳ маҷлис сар аз ноҳиявӣ, то шаҳриву вилоятиву автономиву республикавӣ ва умумисоветӣ ҳатман механизаторон, деҳқонҳо, коргарон, дӯзандаву говдӯшон, чӯпонҳову тракторчиён раҳ мебурданд. Ва ин «буданҳо» бовари мардумро ба ҳукумат қавитар месохт. Зеро барои мардуми оддӣ муҳимтар аз ҳама чист? Оре, аккурат, 1 ҳамто, ҳамкасб, ҳартақдири худро дар миёни элита дидан.
Аз шӯравӣ аксарият имрӯз қимобанд. Аммо беҳтарин дастовардҳои ун давлатро низ агар ба инобат гиранд, бар нафъи кор аст. Зеро шӯравӣ дар ҷои хушку холӣ ба миён наомадааст. Ва яке аз дастовардҳои қавии ун кишвар маҳз маҷлисҳои он система буданд. Халқ онгуна атрофии ин сохтор зич пайваст буд, ки агар бебандубории Горбачеву зани марҳумааш-Раиска намешуд, гумон аст, он давлат аз байн мерафт. Рӯиҳамрафта, набояд фаромӯш кард, ки маҳз элитаи ҳамон давлат ва намояндагони мардумияш дар парлумон буданд, ки бо собиқаи кор бо мардум ва халқ кишварҳои пасошӯравиро аз хатароти бузургтари фаногардӣ раҳониданд, ки раҳмати Худо дар 2 олам насибашон бод!
Мисоли дигар мехоҳед? Мар-ҳа-мат! Хитойро гиред. Парлумонаш мардумист ва аз намояндагони худи халқ лабрез. Иттиҳоди Аврупо низ, баъди 70 соли ҳарб бо мардум, ахиран худро ба мардум наздик намуд. Имрӯз дар дилхоҳ парлумон ва маҷлиси аврупоӣ намояндагони тамомии мардум ҳастанд ва маҳз ин «ҳастӣ» кишварҳои аврупоиро бо мардуми худаш наздик месозад. Зеро то бобои Ғулому момои Сайбӣ ҳамтои худро дар парлумон набинанд, то беваи Зарафшону тағои Маҳмадназар фаррошу боғбон, механизатору шофир, обмону коргари оддиро дар парлумон набинанд, гумон аст, ба он 100% бовар дошта бошанд. Дуруст аст, ки тамомии аҳли шӯроҳои маҳалливу марказии даврони советӣ идеологияи Маскавро пиёда мекарданд. Аммо магар намешавад деҳқону коргарро низ тарбият карду ҳунари риторикӣ омӯхту пешоҳанги маданияти патриотизм ва ватанпарварӣ дар Тоҷикистон намуд? Ещё как мешавад! Ба ин мардум бовар ва ба ин халқ такя бояд кард! Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter