ХАБАРИ ДОҒ

Нақшаи пахтасупорӣ иҷро шуд!

  • Панҷшанбе, Окт 26 2017


СССР дар он саҳми босазо гузошт!!!

 

Бино ба иттилоъи Вазорати кишоварзии кишвар, то ҳамин рӯз деҳқонон беш аз 356000 тонна пахта ғундоштаанд, ки ин аз нақшаи имсолаи пеши кишоварзон гузошташуда ҳатто зиёд аст! Вазорати мазбур мегӯяд, мардум то 26.10.2017 дар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аллакай 119.000 тонна бештар пахта чидаву ба хирман рехтаанд. Мутахассисин мегӯянд, ҳоло ҳам пахта дар саҳро зиёд аст ва то шуруъи рӯзҳои боронӣ, ки ба охири ҳафта рост меояд, метавон боз беш аз 100 ҳазор тоннаи дигар пунба ҷамъоварӣ намуд. Хотиррас мешавем, ки ҳоло 1 кг пахта дар саҳро 1 сомонӣ нарх дорад ва хурду бузург, ҷои вақтгузаронии беҳуда ба пахтачинӣ баромада, пул кор мекунанд. Дар баъзе навоҳӣ пули чиниш худи ҳамон рӯз, дар сари тарозу дода мешаваду бархе ноҳияҳо охири ҳар ҳафта ба деҳқон пул медиҳанд. Коршиносон яке аз муваффақиятҳои ҷамъоварии ҳосили имсоларо дар он мебинанд, ки ба бозори ашёи хоми пунба Хитой ворид шудааст. Масъулини хитоӣ аллакай чанд моҳ пеш аз пахтачинӣ ба хоҷагиҳо ва ноҳияҳо рафта, бо мақомот роҷеъ ба хариди пахта сӯҳбат ва шартнома карда буданд.
Таври маълум, газетаи мардумии СССР низ авоили моҳи октябр ба саҳро баромада, ихтиёран ва сарҷамъона пахта чида, дар иҷроиши плани имсола саҳми ночиз, вале назарраси худро гузошт!


Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter