ХАБАРИ ДОҒ

Устод Давлатманди Хол 67-сола шуд!

  • Ҷумъа, Окт 27 2017

1. Инқилоби Давлатӣ
Давлатманди Хол нимаи дуввуми солҳои 70-и асри 20 бо 1 дутори бобоӣ озими пойтахти Тоҷикистон шуд ва бо садои фалаксайр хост ба гӯши ҷаҳониён пайке аз олами малакутии ФАЛАКи Тоҷикона бирасонад! Зуҳури Давлатманди Хол ба замоне рост омад, ки фалак дар долонҳои ҳукумат ва толорҳои расмӣ ҳамчун таронаи шифоҳӣ, суруди авом ва мусиқаи хеле дур аз асолат талаққӣ меёфт ва умдатан сарояндагони чираи кишвар барои аз консерту таҷлилгоҳҳои ҳокимини давр дур намондан, аз ин жанри мусиқаи миллӣ худро канора мегирифтанд. Ва дурӯягиву замонасозии сарояндагонро бинед, ки ҳамонгуна, ки имрӯз ҳама Фалаксарой шудаанд, он замон ҳамингуна Фалакбезор буданд! Ва аммо Давлатманди Хол талошҳо кард, то ба умқи Фалак фарояд ва онро ба истилоҳ «Боз бар курсӣ нишонад!».
Чаро Давлатманди Хол маҳз думболаи мусиқаи ҷабран фаромӯшшуда ва аз толорҳо рондашударо гирифт? Худи устод баъд аз 37 соли набардҳо дар майдони эҳёи Фалак ва муаррифии ин жанри мусиқаи миллӣ мегӯяд:
-Суоли деринтизорест барои ман, ки мутаассуф, боре касе то ин дам ба ман онро надодааст. Бовар кунед, ман ҳам метавонистам тавассути жанрҳои маъмултари мусиқаи давр зудтар дар саҳна муваффақ шавам. Аммо 1 садои ботин пайваста ба ман мегуфт, ки ҳамин навъи мусиқаро биомӯз ва ба умқи Фалак фаро, то онро ба самъи дигарон бирасонӣ! Ман солҳои тӯлонӣ ҷуста-ҷуста ахиран ёфтам сирру асрори Фалакро! Ва шодам, ки имрӯз Фалак ахиран мақоми асли худро гирифт ва ҳақиқати фарҳанги мусиқии миллӣ барқарор шуд!



2. Мунодии Фалак-оқои Дурмашав…
Санъатшиносон мегӯянд, усулан шинохти Фалак ва ба гунаву шеваҳои ширинтарин дарки он ва ба гурӯҳи анвоъи мусиқаи миллӣ роҳкушоиаш маҳз ба талоши Давлатманд бастагӣ дошт ва маҳз баъд аз оне ки устод Давлатманди Холро дар Эрону Бритониё ва Фаронсаву Олмон ҳамчун мунодии Фалак шинохтаанд, муяссар гардид.
Ортиқи Қодир-ровии шинохтаи тоҷик мегӯяд, ҳанӯз дар авоили солҳои 90-и асри пор дар Эрон ин ҳунарманд пас аз сурудани суруди «Дур машав» бо ҳамин унвон, яъне Оқои Дур Машав шӯҳраи форсзабонони ин марзу бум шуда буд.
Раҳматкарими Давлат, журналисти шинохташуда мегӯяд, дар Эрон то ҳанӯз дар зермусиқаи ин суруди Давлатманд клипҳои ватандӯстии эрониро намоиш медиҳанд. Ба гунаи мисол, кадрҳои таърихии ҷанги Эрон бо Саддом Ҳусайн, ки дар солҳои 80-90 асри пор будааст, зери танини «Дур машав»-и Давлатманд намоиш дода мешаванд.
Воқеан ҳам ин оҳанги фалакӣ хеле мутантан аст, ки барои нахустин бор онро шунида, шоири худобиомурз, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ нидо дармедиҳад:
«Ман ҷунуни Мавлавиро дидам!»….
   
3. Виртуози Давлатӣ
Давлатманди Хол, ки имрӯз ба камолоти умри пурбаракот расидаву дар ҳамин шабу рӯз марраи 67 солагиро убур мекунад, бар ин назар аст, ки шинохти Фалак дар арсаи байналмилалӣ аз пирӯзии ӯ дар озмуни «виртуоз»-ҳо ё «нобиғаҳои мусиқаи ҷаҳонӣ» шурӯъ шудааст, ки устод бо навозиши оҳанге бо ҷамиъи  буғумҳои бадан аъзои ҳакамонро тасхир карда буд. Худи устод мегӯяд:
-Ин озмуне буд, ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКУ дар соли 1991 дар Порис баргузор гардид ва дар он аз ҳама кишварҳои олам ҳунармандон ширкат доштанд. Ва замоне ки гурӯҳҳои ҳунарии ҳар кишвар дастаҷамъона оҳанг менавохтанд, ман ҳам гуфтам, ки омодаам, тани танҳо ва аммо бо ҷамиъи буғумҳои бадан гавҳари зарбҳои миллиро муаррифӣ кунам. Барои ин дар назди гардан, бозу, ангуштон, гулӯ ва китфонам 8 микрофон устувор карданд ва ман бо садои дарунии буғумҳо 1 зарби тоҷикона навохтам, ки аъзои ҳакамон ба ваҷд омаданд ва шоҳҷоиза насиби ман шуд…
Фурқати Саид, сарояндаи «Шашмақом» мегӯяд, боре ӯро муяссар шудааст, ки ҳамин ҳунари Давлатмандро бо чашми сар бинад ва ҳам бишнавад: «Ростӣ, дар 1 озмун, ки устод бо буғумҳо оҳанг навохт ва ман ҳам он ҷо ҳузур доштам, на танҳо аҳли толор, балки аъзои ҳакамот ва мусиқашиносони ватаниву хориҷӣ дар шигифт монданд! Ман бо боварӣ мегӯям, ки ин ҳунарро ба ҷуз Давлатманди Хол дигар ягон кас дар олам надорад!».

4. Фалаки Давлатӣ
Давлатманди Хол нахустин нафаре буд, ки дар сабки вежаи сарояндагии Зарафшон, ба вежа, рубоиёти Мастчоҳ фалакро ҷуст ва имрӯз ҳам 1 намояндаи ин мактаби ҳунарии Зарафшон бо устод шариксадост ва Фалак мехонад, аммо ба гуфтаи Давлатманди Хол – Фалаки Зарафшон. Намедонам, чаро, аммо барои афроде, кӯчакэътиқод Фалак маънии маҳал дораду доштааст, ки Давлатманд талошҳо кард, то ин тасаввуроти ҷудоихоҳро дар санъати сарояндагӣ аз миён бубардорад; Ва аммо Фалак чист? Анвои Фалак кадоманд? Давлатманди Хол:
-Фалак яктост ва тақсимнашаванда аст ва рукнҳои Фалак дар мусиқаи мардуми олам мушоҳида мешавад. Бубинед, кадом миллат дард, ғам надорад? Фалак дард аст, андӯҳ аст, нола аст ва ҳам шодиву нишоти деринтизорест, ки агар дод нагӯӣ дилгир-нафасгир мегардӣ. Рукнҳои Фалак зиёданд; дар кӯҳистони Тоҷик-мегӯянд Фалаки Даштӣ, Фалаки Кӯҳӣ, Фалаки Роғӣ, Фалаки Шод, Фалаки Шикаста, Фалаки Сарбаста, Фалаки Паррон, Фалаки Омехта, Фалаки Яклухт. Ин ҳама танҳо дар ҷануби кишвар ва Бадахшон ҳастанд. Боз дар шимоли кишвар Фалаки Пардагӣ, Фалаки Бепарда ҳаст…
Гузашта аз маҳал Давлатманд Фалакро аз аҷзу кӯтаҳназарии миллӣ низ хост вораҳонад. Давлатманди Хол ҳамзамон мунодии Фалак дар ҷаҳон аст ва шохаҳои 1 дарахти бузурги ин ҳунарро дар сартосари олам меҷӯяд…

5. Пайки Давлатӣ
Фурқати Саид-устоди «Шашмақом» мегӯяд, Давлатмандро дар маҳофили мусиқадонҳо ҳамчун пайғамбари Фалак муаррифӣ доштаанд, на каму на беш:
- Ман фикр мекунам, садои устод амсоли садои рокхонҳои ҳинду, ки бо усули ёга машқ кардаанд, мебарояд. Садои Давлатманд нодиртарин садо на танҳо дар кишвар, балки дар Осиёи Марказист! Давлатманди Хол ба пиндори ман Пайғамбари зиндаи садо аст, вале афсӯс, ки мо ба қадри устод, ба қадри ҳунари ӯ намерасем ва аз ин пайғамбари зинда намеомӯзем!
Давлатманди Хол бар назар аст, ки ҳамакнун замоне расидааст, Фалакро бояд тавассути оркестри симфонӣ навохт. Ва аммо барои адворбандӣ ё нотабандии Фалак ишороти маъмулии нотаҳои ғарбӣ тангӣ мекунанд. Ӯ 18 ишораи рамзии фалакро кашф кардааст ва аз ин зернотҳои ҷадид дар 1 ҷаласа бахшида ба Фестивали Фалак дар соли 2004 Аслиддин Низомов, раиси Иттиҳоди бастакорони кишвар ҳам ҷонибдорӣ карда буд. Давлатманд тасмим дорад, ин ишоротро ба Қонуни байналмилалии мусиқашиносон пешкаш кунад ва дар сурати қабули онҳо аз сӯи ин Қонун Фалакро мустамеъ метавонад, дар иҷрои оркестр ҳам бишнавад.
Аз сӯи дигар, Давлатманд дар баробари адабиёти шифоҳӣ осори удабои муосирро ҳамчун Устод Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Бозор ва шуарои клоссикро низ оҳанг баст ва Фалакро фохиру фаррох кард.
Шоир Камол Насрулло мегӯяд, дар ин самт низ устод чира будааст, ки эроде бар вазну қофия наметавон ба ӯ гирифт...
Бо ин ҳама азму талоши инфиродии Давлатманди Хол Фалак дар Тоҷикистон расман адворбандӣ нашудааст ва умқан омӯхта намешавад. Ҳаводорони фарҳанги мусиқаи миллӣ бар назаранд, барои ҷомаи амал пӯшидани ин ормон бояд ба Давлатманди Хол шароити мусоид фароҳам овард, то ба истилоҳи Фурқати Саид ин нобиғаи давр барои касби маъош пайи тӯйу сури мардум набошад ва имкон ёбад, ки ҳамакнун ба ташхису пажӯҳиши ҷиддии Фалак камар бубандад. Ростӣ, шахсан мо намедонем, агар ин корро Давлатманде, ки дар ин самт 6 даҳсоларо паси сар гузоштааст, накунад, пас кӣ хоҳад кард?!

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter