ХАБАРИ ДОҒ


Ё худ чӣ хел ишқро экстремист карданиянд?

Сурудҳо пур аз гиряву мотам
Солиёни охир теъдоди ҳофизони ҷавон хеле афзуда, дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ (бештар эстрада) сарояндагӣ мекунанд ва ростӣ, баъзеи онҳо муваффақ ҳам шудаанд. Лек шунидани сарояндагии бархе аз онҳо шунавандаро ба андешае меорад, ки онҳо ба шоирону оҳангсозон ҳамкорӣ надоранд ва ашъори каммазмуну каммуҳтаво ва бевазну беқофияро дар мисоли «худам шоир, худам оҳангсоз, худам навозанда ва худам овозхон» месароянд. Хоса, сурудҳое, ки аз тариқи телевизиони симӣ (кабелное телевидение) ва сабти дискҳо нишон дода мешаванд, дар ягон қолаб намеғунҷад. Инаш ҳам дарди ба хайр. Сурудҳои ошиқона бо клипҳояшон сар то по «уболак» гашта, танҳо навҳаву нола, гиряву тавба, ғаму андуҳ, аҳдшиканию бевафоӣ, сӯхтанҳову пухтанҳо, тарк кардану гурехтанҳо, рӯи раҳ афтодану хоки раҳ гардиданҳо… Он қадар ишқро қаттолу кушанда тараннум карда мехонанд, ки метарсам, рӯзе ин ҳиссиёти муқаддасу ҷонфизоро экстремисту террорист эълон медоранд.

Сӯхтуму виреҷидум кар мендозӣ…
Барои он ки навиштаҷот хушку холӣ ва бе далелу бурҳон набошад, чанд намунае меорам ва қазоваташро ба хонандагони закии СССР вомегузорам. Қобилҷони Саидқул месарояд: «Ма ошиқи ту, ту ошиқи кӣ? Ма дар ғами ту, ту дар ғами кӣ? Ма бароят нола дорам, нолаҳоям барои ту. Ма бароят гиря дорам, гиряҳоям барои ту» (сӯхтуму виреҷидум кар мендозӣ).
Шаҳриёр Давлатов: «Нашуд, бо ту хушбахт буданам нашуд. Шаби тӯят буданам нашуд, насиби диданат нашуд (барои хушбахт шудан мубориза бояд бурд, э бародар!!!)» Ё дар ҷои дигар: «Ёраки белавзуме, дилаки дардмандуме. Шабу рӯз аз ғами ту, месӯзум, месӯзуме» (эҳтиёт кунед, пожар нашавад!)
Наимҷони Сайдалӣ: «Мара мардумо меган ошиқӣ накун, ки ошиқӣ дурӯғай. Духтарои ин замона, қадри ишқа намедона (бачаҳо чӣ?). Ҳама булҳавас шидай, номи ошиқ паст шидай. Қадри ишқ дар рӯи дунё, мисли хору хас шидай (оё мо аз қадри ишқи сокинони дигар давлатҳо хабардорем?).
Рӯзибеки Файзалӣ: «…Аз ғами ту ман кунам нолаҳо, Худат мехостӣ, ки бигардем ҷудо. Дар дили ма барои ту ки ҷо нест. Рафтӣ, бирав паноҳи ту ба Худо».
Қобилҷони Саидқул: «Ма бе ту як қадам, ҳиҷо намерам (ба халоҷо ҳам?). Агар аз ту ҷудо бошам, мемирам. Барои ман ту хубу нозанинӣ, миёни хубрӯён миёни заминӣ (чӣ маъно дошта бошад?)

Рэперистҳои раҳмнадидаи Тоҷик
Манижаи Сабоҳ умуман пайи ишқу ошиқӣ намегардад (шояд аз сӯхтану пухтану дарду ғамош метарсад?), балки ҳамсареро хоҳон аст, ки бою бадавлат бошад. «Бача боша бой, бой. Дар дилакуш мешам ҷой. Агар боша, очаҷон. Мегирум ай дилу ҷон. Келини очаш мешам. Эркаи дадаш мешам. Аз барои худакуш. Дилбару дилкаш мешам (ишқ ҳам молу маноли бозор шудааст ва хариду фурӯш дорад. Ҳалолат бод, Манижа!!!)
РЕП жанри навест дар мусиқиии тоҷик, ки аз ғарб «гастербайтер», ё «аудсайдер» шудааст. Бачаҳое дорем, ки дар ин жанр салиқаи хуб доранд. Аммо гурӯҳи асосии рэперистҳо ҷонибдори мақоли «пеш ояду хуш ояд» буда, чизе, ки дар зеҳнашон омад, мехонанд ва парвои онро надоранд, ки ин он ба касе маъқул мешавад, ё не.
Фараҳманд Каримов ва Исмоилҷон Исмоилов: «Оҳи дили мара ҳози ту намедонӣ, ҳози ту да куҷоӣ, оҳи мара намефамӣ. Медонм мада зорӣ, сири дилта намегӣ. Медонм беқарорӣ, ту мада раҳме надорӣ».
Духтараке бо номи Миҷгонаву тахаллуси «Лилиҷӣ» дар ин жанр ҳамара ба 1 нӯл мезанад: «Мон бфама ҳама, ки ма орзуи тра дорум, мон бган ҳама, ки ма хдма палёни дорум. Ма бедорум и гапум да хобм нестай, ма ҳайронм ки магар да барм нестай. Очама рои мекнм, роӣ накна очаша, холаҷонма розӣ мекнм, мегирм бачаша. Бачаи бузбалаи дипломи срхдорша, так что вот так бисёр дора Лили нақша (нақша олиҷаноб, лек никоҳи хешутаборӣ манъ аст, Миҷгонабону!!!)

Туро дига намехом…
Аз назди тӯйхонае мегузаштам, ки яке бо ҳалҳалаву қаҳқаҳа мехонд: «Ту мара хоки раҳ кардӣ, чу Юсуф зери чаҳ кардӣ» (О, бародар! Юсуфи кӯдакро бародаронаш на барои ишқ ба чоҳ андохтанд). Чун инро шунидам ҳамон замон аз лавҳи хотирам суруде, ки Саодат Наҷмиддинова месарояд, гузашт: «Маро ту хоки раҳ кардӣ, амон бошӣ, Туро ман тоҷи сар кардам, зафар кардам (бубинед хонандаи азиз, тафовут аз куҷо то ба куҷост?!)
Чун ҳамаи инро мебиниву мешунавӣ, ба андеша меравӣ, ки дар назди Вазорати фарҳанг шӯъбаи назоратие нест, ки «мӯйро аз хамир ҷудо кунад»? Масъулияти  сабти дискҳо бар дӯши кист? То кай бо ин сароидану хондану гуфтанҳову жожу мож қадри фарҳанги худ, забони худ, маънавиёти худ ва сухани худро паст мезанем? Ҳастии миллатро бояд ҳифз кард ва пок нигоҳ дошт.

Хондан аз шумо, қарс аз мо!
Сарояндагони ҷавони иззатманд! Шеъри Рӯдакиву Ҳофиз, Саъдиву Ҷомӣ, Хайёму Ҳилоливу Зебуниссо, Бедилу Мушфиқӣ… ҷаҳонро гирифт. Рӯ ба ашъори Турсунзодаву Лоҳутӣ, Б.Раҳимзодаву Аминҷон Шукуҳӣ, Қаноату Лоиқ, Бозору Гулрухсор, Муҳаммад Ғойиб, Гулназару Хайрандеш, Фарзона, Мирзо Файзаливу Шоираи Раҳимҷон, Раҳмат Назриву Ҳақназар Ғойиб… биёред. Бо оҳангсозони машҳуру ҷавонони умедбахши кишвар ҳамкорӣ кунед. Далели асосии соҳиби обрӯ, эътибор, нуфуз ва маъруф шудани ҳофизоне бо исмҳои мубораки Акашариф Ҷураев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Абдулло Назриев, Ҷӯрабек Муродов, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Барно Исҳоқова, Тӯҳфа Фозилова, Нуқра Раҳматова, Давлатманд Холов, Ҷӯрабек Назриев, Ҷамшед Исмоилов, Файзалӣ Ҳасанов, Қурбоналӣ Раҳмонов… маҳз интихоби ашъори воломазмун ва оҳангҳои марғуби композиторон аст. Умед бар он мебандем, ки шумо аз ин нигоштаи мо дилозурда намешавед, зеро он танҳо ба хотири пешрафти санъати асил аст. Итминони комил дорем, ки аз байни шумо ҳофизони номвару номдоре тавлид хоҳанд шуд, дар дилу дидаи ҳаводорони худ мақоми сазовореро хоҳед ёфт ва нуфузи фарҳанги қадимаи миллатро дар арсаи байналмилалӣ баландтар хоҳед кард. Шумо ҷустуҷӯ кунед, омӯзед, ёбед, хонед, машҳур шавед. Мо қарс мезанем. Зеро Мо метавонем!

Қиёмуддин Абдуллоев
ш.Ваҳдат

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter