ХАБАРИ ДОҒ

Аэропорти Хуҷанд: Мусофирони Душанбе қадр надоранд!

  • Душанбе, Окт 30 2017


Салом, редаксия газетаи СССР! Ман ин маротиба мехоҳам дар бораи фурудгоҳи ш.Хуҷанд ва беқадрии мусофирон дар он шикоят намоям. Дар бораи пешрафту ободии фурудгоҳ журналистҳо зиёд менависанд, газетаи СССР низ борҳо фаъолияти роҳбарияти онро таърифу тавсиф карда буд. Шояд корҳое, ки дар 2 соли охир дар ин фурудгоҳ, аниқтараш, дар берун ва терминали парвозҳои байналхалқии он шуд, боиси таъриф бошанд. Дуруст аст, ки фурудгоҳ дарвозаи ҳавоии кишвар асту бояд ҷавобгӯ ба сатҳу сифат ва талаботи муосир бошад. Ин ҳам дуруст аст, меҳмони хориҷие, ки меояд тасаввуроти нахустини хешро аз Тоҷикистон маҳз аз фурудгоҳ мебардорад. Лек дуруст нест, ки мусофири парвозҳои хориҷӣ бақадр бошаду барои вай тамоми шароит муҳайё, аммо  мусофири парвозҳои дохилӣ бошад беқадр! Мо низ одамем. Ва пул дода сафар мекунем, на аз ҳисоби раиси фурудгоҳи Хуҷанд, ки бар мо чунин беҳурматӣ кунанд. Мо Метавонем!

Тасмаи кӯҳнаву фарсудаи бағоч…


Аз рӯи кору фаъолият ман ба шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёд сафар мекунам ва ба хотири дурии роҳ мекӯшам бештар аз парвози ҳавопаймо истифода бубарам, то роҳу вақтамро кӯтоҳтар ва сарфа намоям. Аз ҷумла, агар ба вилояти Суғд сафар кунам, ҳатман тавассути ҳавопаймо меравам. Маротибаи охир низ бо мақсади сафар ба Хуҷанд чипта харида, пеш аз парвоз ҷомадонамро ба бағоч супоридам. Дар фурудгоҳи Хуҷанд, аз толори баромад ба шаҳр, омадани бағочро интизор шудам. Дар баробари ман боз 8-10 нафар мусофир низ истода буданд. Ҳарчанд интизор шудем, эсколатор-бағочбар ба кор надаромад. Маълум шуд, ки лента-тасмаи барои тоб хӯрдани бағоч пешбинишудаи толори фуруди парвозҳои дохилии фурудгоҳ кӯҳнаву фарсуда ва вайрон шуда дигар тоб намехӯрдааст. Рӯи тасмаро 1 қабати ғафси чангу хок гирифта дастакҳои шикастаи ҷомадоне рӯи он хоб буд. 1 ҳолати ҳузнангезу риққатовар…

Оеду гиред, багажатона!
Аз девори шишагӣ, дурусттараш аз рахнаи ин девор, ки ин толорро бо истгоҳи мошинаи хурди боркашон ҷудо мекарду танҳо 1,5-2 метр масоҳат дошт, ҳар замон кормандони фурудгоҳ аз берун даромада, аз болои тасма парида, гузашта мерафтанд. Онҳо парво надоштанд, мусофирон, ки дар байнамон шаҳрвандони хориҷӣ низ буданд, дар интизори бағоч истода, ин корашонро назорат доранд. Билохира, бағочро оварданду сар шуд мушкили навбатии мо. Корманди бахши бағочи фурудгоҳ бо навбат сумкаву ҷомадонҳоро аз болои мошинчаи боркаш гирифта рӯи тасма мемонду бо овози баланд мегуфт, ки «омада багажатонро гиред!». Чун тасма вайрон буду тоб намехӯрд, мусофирон маҷбур буданд аз болои тасма парида, ба ҳамон рахна наздик шуда, сумкаву ҷомадонро худашон гирифта берун бароранд.
Ба ҷавонмардон шояд ин амал сабук афтад. Аммо ман, ки зан будам ва пешам боз чанд зани солхӯрдаву духтарчаҳо меистоданд, аҷаб ҳолате доштем. Охир, чӣ хел ман аз болои эсколатор парида рафта, бағочи вазнинро кашида оварда, боз аз болои эсколатор парида, баъдан берун равам? Ҳеч имкон надорад! Аммо…паридам! Боз чӣ кор ҳам мекардам? Илоҷ нест... Мо Метавонем!

Терминали носохтаву мусофирони саргардон
Боз чизи дигаре, ки айни замон барои мусофирон нороҳатӣ эҷод мекунад ин сохтмони нотамоми терминали нави фурудгоҳ аст. Ин терминал, ки сохтмонаш ҳоло хобидааст, барои мусофирон ва гуселкунандагони парвозҳои дохилӣ-ба ҷуз парвози Душанбе-Хуҷанд-Душанбе дигар парвози маҳаллӣ нест, ҳамеша монеа пеш меорад. Мусофирон бояд девори гирди ин сохтмонро гашта, тавассути 1 роҳрави тангу торик дохили терминали парвозҳои дохилӣ шаванд ва ин ҳолату кор мусофиронро асабӣ мекунад. Чунин менамояд, ки касе парвои муҳайё кардани шароит ба мусофирони дохилӣ надорад, ҳама таваҷҷӯҳ ба мусофирони парвозҳои хориҷист, ҳол он, ки аз пули чиптаи харидаи мо барои хизматрасонии рӯизаминии фурудгоҳи Хуҷанд маблағ ҷудо мешавад. Пас, бубахшед, пуламро мегиред мутобиқи он ба ман шароит муҳайё кунед ва хизмат намоед, мӯҳтарам масъулин!

Охирсухан: Таъриф ба раис рост наомад?
Мехостам тавассути газетаи СССР ба директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд-Қурбони Алимардон бирасонам, ки мусофирони парвозҳои дохилӣ ҳам инсонанд ва пул дода чипта харидаанд. Ё шумо ҳам имрӯз пас аз таърифҳои президенти кишвар аз худ рафтаеду дигар ба қавле ҳамаро «фаромӯш кардаед»?! Бисёр мехостам, масъулини дастгоҳи президент 1 бор толорҳои парвози дохиликишвариро низ медиданду баъд бо раис гуфтугӯ мекарданд.  Аз сари ҳар 1 чипта шумо фоидаи хешро ҳатман меситонед, раис, пас шароит фароҳам оред, то минбаъд дар фурудгоҳи шумо нороҳат нашавам. Ин вазифаи шумост, зеро ман мусофири фурудгоҳи шумоям!

М.Аминова, ш.Душанбе

PS: Ман аз мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд эҳтиромона хоҳиш мекардам, назари худро нависанд ва ҳолати аслии фурудгоҳи Хуҷандро, ки солҳои ахир ҷои ободӣ ба вайрона табдил меёбад, нашр кунанд. Ба вежа, соатҳои тӯлонӣ, бо сабабҳои номаълум, тӯл кашидани парвоз, набуди шароит дар толорҳо, мавҷудияти ҳамагӣ 1 дӯкони фурӯши ғизо дар толори интизорӣ бо ҳамагӣ 1 яхдони вайрона, набуди стакону қошуқу вилка, корду табақча, мавҷудияти ҳамагӣ 1 дӯкони ғизо дар толори парвоз барои мусофирине, ки соатҳо илоҷи берун баромадан надоранд, набуди ҷои сигоркашӣ, ҳоҷатхонаи бидуни коғаз ва 101 ҷурми дигари фурудгоҳи таърифии Хуҷандро. СССР чоп мекунад. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter