ХАБАРИ ДОҒ

Ҷанги мо аслан Тоҷиккушӣ буд

  • Душанбе, Окт 30 2017

Чу автомат мадад намуд…
Сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ба худхоҳоне имконият дод, ки оташи маргро ба сари рафиқу шинос аз автомати дар даст доштаашон равона кунанд. Аз рӯзҳои ташкилшавии майдони «Озодӣ» худхоҳон, ҳангоматалабон ва қисман тамошобинон озими ин маъракаи ҳалокатбор шуданд. Баъди парокандашавии  «Озодӣ», ки дар он ҷо ёвониҳо низ буданд, баъди баргаштан ба Ёвон, бо кадом роҳҳои ноаён қисми иштирокчиёни майдон соҳиби Калашников гаштанд, гирди падару писар-Саидов Сафарқул ва Самадов Восит (Кӯри Восит), ки худро командирони худхоҳ медонистанд, ҷамъ омаданд. Аввалин кушторе, ки онҳо амалӣ карданд, аз паҳлавонбачаҳои ёвонӣ дар ағбаи Шар-шар сар шуд. Баъд ба онҳое террорро раво донистанд, ки ягон вақт дар дилашон нисбати онҳо буғзу кина доштанд. Дар сар то сари Ёвон 550 нафар дар ин ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуд. 500 каси онҳо маҳз аз ҷониби силоҳдороне кушта шудаанд, ки яроқи онҳо сӯи афроде нигаронида шуда буд, ки Тоҷик буданд. Аксарияти 500-нафараи кушташуда маҳз аз тири ҷаллодони Сафарқул ба қатл расиданд.

Чапаеви Ёвон
9.12.1991 сессияи вакилони ноҳиявӣ даъват карда шуд. Командири худкома С.Самадов ба монанди Чапаев пӯстини сафед пӯшида, кадом медалу нишонеро, ки аз кадом хонаи ғораткардааш ба даст оварда буд, пеши бараш овезон намуда, намоишкорона дар маркази ноҳия мегашт. Тасмаҳои «чорчиллик» бастааш ӯро ба «гвардиячиёни сафед»-и солҳои 1920 монанд мекард. Сафарқул дар собиқ 1 муаллими мактаби миёна дар деҳаи Парчасой будӣ. Солҳои 1990 ӯ шахсан дар сӯҳбат бо ман гуфта буд, ки «падарамро бо дасти худам барои кадом кораш ба ҳукумати вақт супорида будам». Аз чунин одами бадкор оё хубӣ баромада метавонад? Албатта, не!!!
Дар сессия аз 50 нафар депутат 35 нафар иштирок доштанд. Сессия дар мактаби миёнаи №4-и деҳаи Парчасой-зодгоҳи Самадов шуда гузашт, зеро инро худи ӯ сахт мехост. Баъдан мактабро ба штаби ғайриқонунӣ табдил дод. Ҳамаи бедодиву амалҳои ваҳшиёнаро дар ҳаққи бечораҳое, ки барои ӯ «вовчик» буданд, дар ҳамин мактаб ба иҷро мерасонид. Молҳои ғораткардаро ин ҷо оварда, баъдан байни «шербачаҳояш» тақсим мекард. Раиси комиҷроия Қурбоналӣ Азизов (равонаш шод бод) дар сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок мекард. Ӯ ба ноҳия 19 декабр баргашт. Дар набудани Азизов депутатҳо бо исрори Самадов Саъдулло Бекназаров (собиқ раиси н.Қубодиён)-ро раиси нав интихоб намуданд…

Дар Ёвон қири Тоҷикро доданд
14.12.1992 штаби Самадов ва ҳамроҳонаш ба ҳабсхонаи ноҳия кӯчонида шуд, то ба террору истинтоқи бераҳмонаи одамони бегуноҳ хотима дода шавад. Самадов, Каҷҷӣ (писараш), Бозори қарлуқ, Холмӯмин, Маҳмадӣ домани куштору истинтоқро зиёд карданд. Ана ҳамин Каҷҷӣ дар назди деҳаи Бӯстон писари муаллим Шомирзоевро ваҳшиёна (гӯшҳояшро буррида…) кушт. Самадов дар сессияи ноҳиявӣ бо тарафдорони саропо мусаллаҳаш барои соҳиб шудан ба совхози «Гӯсфандпарварӣ»-и ноҳия номи хоҷагиро иваз намуда, онро ба номи писараш-Восит (қотили Кароматуллои Қурбон) гузошт. «Дар он ҷое, ки яроқ садо мебарорад, забонҳо лол мемонанд»-гуфтааст 1 бузург. Дар Ёвон ҳамин тавр ҳам шуд.

5 Тоҷикро белкуш карданд
Моҳи январи соли 1993 директори совхози «Гӯсфандпарварӣ» Холмаҳмад Ибодовро ба истинтоқ гирифтанду ӯ баъди лату кӯби зиёд аз вазифааш даст кашид. Сафарқул директори совхози «Гӯсфандпарварӣ» шуд ва дар муддати кӯтоҳ ба 15.000 сар гӯсфанд қирон овард, чун гургони гурусна ҳамроҳи ҳамяроқонаш меҳнати солҳо ба даст овардаи халқро бар бод доданд.
Ҷинояти вазнине, ки Самадов ҳамроҳи дигар ҳамқавмонаш ҳангоми директори хоҷагӣ буданаш кард, ин моҳи апрели соли 1993 буд. Ба ӯ хабар доданд, ки гурӯҳи 5-нафараи гурезагони қаротегинӣ аз болои кӯҳи Қаратов сӯи манзили зисташон, ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло А.Ҷомӣ) рафтанианд. Ин гурезагон, ки аз дасти чунин ашхоси даррандасифат гуреза шуда, ба Ғарм рафта буданд, дар бозгашт боз ба дасти гурӯҳи хуношоми Самадов афтиданд. Дар мавзеи Каҳдарави ноҳия ин 5 нафарро ваҳшиёна-бо белу каланд зада куштанд. Каҷҷӣ-писари Самадов хуни аз пешона шоридаи мақтулонро ба кафи даст гирифта, нӯшида, ташнагияшро шикаст...

Бо Газ-24 Тоҷикро буз кашиданд…
Гурӯҳи Самадов 16.12.1992 «асире»-ро аз назди гастрономи ноҳия ба штаб-ҷои шиканҷадиҳиашон, ки ҳабсхонаи ноҳия буд, зада-зада бурданд. Баъди азобҳои гӯшношунид, «маҳбус»-ро дар пушти мошини ГАЗ-24-и дуздидаашон чун гӯсфанд баста, дар кӯчаҳои ноҳия «буз кашиданд»-у тохтанд. Тани пора-порашудаашро дар канори роҳи деҳаи Сарқамиш партофта, сӯи мардуми ноҳия таҳдид карданд, ки «касе тани ҳамин мақтулро зери хок мекунад, дар ҷояш мепарронем».
Ин гурӯҳи командирони худкома, ки дар солҳои 1992-93 ба ғорат, дуздӣ, одамкушӣ даст зада буданд, «худро шоҳу табъашонро вазир» мешумурданд. Дар мошинҳое, ки савор буданд, дар паҳлуяшон занону духтарони ба ғорат гирифтаашон менишастанд. Органҳои қудратӣ дар он солҳои пурошӯб чизе гуфта наметавонистанд, чун қуввату қудрати онҳоро автоматдорони Самадов «пачақ» намуда буд. Вале ба ҳар беандозагӣ, беандешагӣ заволе ҳаст! Мо Метавонем!

Самадовро чӣ хел қапиданд?
- Рӯзи тамузи тобистони соли 1995 буд, - мегӯяд собиқ майори милиса Эмомалӣ Зокиров, ки он вақт нозирии бозори ноҳияро ба уҳда дошт, - маро бо оперативникҳои шуъбаи сеюми Вазорати корҳои дохилӣ барои дастгир кардани Сафарқул Самадов-командири Фронти Халқӣ, директори худкомаи совхози «Гӯсфандпарварӣ», фиристоданд. Кормандони дастаи зудамал назди дарвозаи Самадов қарор гирифтанд, ки гирдогирди ҳавлиаш бо тахтадеворҳои аз кадом корхона дуздида овардааш иҳота шуда буд. «Командир»-и ҷинояткор бо ин иҳотакорӣ ҷонашро аз ҷазои оянда паноҳ карданӣ буд, вале забор-тахтадевору автомат ва чизҳои ғораткардааш ба ҷонаш дармон нашуд. Яке аз кормандони шуъбаи сеюми ВКД чолокона ба воситаи дарвозаи баланд дохили ҳавлӣ шуда, дарвозаро кушод. Боқимондаи гурӯҳи зудамал дарун даромада, хонаи истиқоматии командири худкомаро иҳота карданд. Самадов дар ҳолати гурехтан қарор дошт, вале дастаи ҳузарби нигоҳбони қонуният бозуяшро мустаҳкам боздошт. Вақте ӯро қаппидем, командири «ҷасур» чун рӯбоҳ дар ҷояш меларзид.

Самадов дар суд ҷон дод
Ҳангоми дар пурсиш буданаш Самадов ва Бозори қарлуқ аз тарс, чун хургӯш, фавтиданд. Ба силоҳдрону қумандонҳои ғайритоҷики дигар, тибқи амалҳои кардаашон, Суди Олӣ ҷазоҳои мувофиқро раво дид:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Онҳое, ки дар ноҳияи Ёвону дигар ҷойҳо ба ҷони одамон қасд карда буданд, худованд ҷурмашонро бо ситодани ҷонашон баробар намуд. Аз командиру ҳаммаслакони худкомаҳо кам касон мондаанд ва онҳо азоби виҷдону ҷисмонӣ мекашанд, ки ҳоло шоҳидон дидан доранд.

Зайнулобиддин Ҳусейнов, деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

Аз СССР: Ҷангнависи доимии мо, З. Ҳусейнов дар ин матлаб каме зиёдаравӣ ҳам кардаасту шояд ҷангиёни он давраро тамоман сиёҳ нишон додааст. Вале бо ин ҳама ӯ ҳақиқатро мегӯяд. Силоҳбадастони ҳар 2 ҷониб дарди сари мардуми оддӣ шудаву худ шоҳ буданду автоматашон вазир. Ва ин ки ҳукумати имрӯза, бо ҳидояти Сарвари давлат ин ҳамаро, аз 2 ҷониб маҳв-ликвидатсия намуд, бар нафъи халқи оддист. Матлаб барои он нашр шуд, ки ваҳшонияти он давронро бори дигар миллати фаромӯшхотири мо ёд овараду шукри тинҷиву оромӣ кунад. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter