ХАБАРИ ДОҒ


Узви Ихвон-ал-СССР, Шамсиддин Салимов, соҳибкор аз бозори Панҷшери шаҳри Душанбе дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ҷои худтаърифкунӣ нест, аммо воқеиятро мегӯям, ки ман газетаи СССРро бештар барои он мехонам, ки зиёд дар хусуси ҷанги гражданӣ менависад. Бисёр олиҷаноб ва бо такя ба факту шахсиятҳои таърихӣ менигорад. Дуруст, хизматҳои бобои Сангак, Файзалӣ Саид, Лангарӣ Лангариев, Ёқуб Салим, Ғаффор Седойро набояд мо-мардум фаромӯш кунем. Онҳо буданд, ки барои мо ҷангиданд, Ватанро тинҷ намуданд. Ҳоло аз СССР хоҳиш дорам, ки дар бораи юриш ё ҳуҷуми Сафаралӣ Кенҷаев нависад. Тавре ёд дорем, маҳз 25 сол пеш, дар моҳи октябри соли 1992 Кенҷаев аз Ғарби Душанбе ба пойтахт лашкар кашид ва хатои сахт низ кард. Дар натиҷа даҳҳо боевики Кенҷаев дар атрофи хонаи Радио, назди бозори Бараккат ва гузаргоҳи ЦУМ кушта шуд… Худо он рӯзҳои даҳшатнокро ҳаргиз ба сари миллати мо наорад. Дар ин хусус, бо шоҳидони онвақта агар сӯҳбат карда, хотираи онҳоро нашр кунед, кори хуб мешавад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter