ХАБАРИ ДОҒ


Рӯзи 8.11.2017 наздикиҳои соати 15:00 дар назди Варзишгоҳи марказии пойтахт тӯда-тӯда ҷавонон ҷамъ меомаданд. Гӯё ягон маросими консертӣ ё “Оши наҳор” бошад. Вале на. Онҳо байни ҳам, шиносу ношинос доир ба футболу футболбозони кишвар мегуфтанд. Оҳиста-оҳиста автобусҳо ва маршрутҳо низ омада, қарор карданд. Маълум гардид, ки ҳамаи ин тайёриҳо барои рафтан ба шаҳри Ҳисори шодмон, бо мақсади дастгирии ҷавонони то 19-солаи тоҷик дар бозии даври охирини гурӯҳӣ, барои дарёфти роҳхат ба Чемпионати Осиё – 2018, Индонезия  оид ба футбол миёни ҷавонони то 19-сола, дида шудааст. Яъне, танҳо пирӯзии ҷавонони тоҷик дар ин давр барои ба Индонезия роҳхат гирифтан лозим буд. “Мо ба шербачаҳомон боварӣ дорем”- мегуфтанд, мухлисон. Нақлиёт ба роҳ баромад, ҳама ҷониби Ҳисор равон шуд. Наздикиҳои соати 17:00 ба Варзишгоҳи Ҳисор расидан баробар шоҳиди даромадани анбӯҳи одамон ба дохили варзишгоҳ шудан мумкин буд. Дастаҳо ба майдон баромаданд, сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон садо доданд, садои “чуррр”-и довари асосӣ ва бозӣ сар шуд. Ҷавонони тоҷик аз дастгирии ҳазорҳо мухлис дар варзишгоҳ нерӯи баланд гирифта буданд ва ин аз дақиқаҳои аввали бозӣ бараъло аён буд. Мизбонон 5-10 дақиқаи аввал ба меҳмонон ҳатто тӯбро намедоданд. Сипас, бозӣ каме баробар шуд ва бо ҳисоби 0:0 45 дақиқаи аввали дидор хотима ёфт. Баъди танаффус тоҷикон боз ҳам бо ҳамлаҳои хатарноки худ қисми дуюро оғоз карданд ва натиҷаи ин фишори футболбозони ҷавони мо голи дар дақиқаи 53-юм задаи онҳо буд. Пас аз ин ӯзбекҳо низ як-ду ҳамлаи хуб карданд, вале дарвозабон ва ҳимоятгарони моҳири мо онҳоро ба осонӣ гардонданд. То охири бозӣ ҳисоб ҳамчунон боқӣ монд ва бо ин ғолибияти таърихӣ ҷавонони мо ба мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 Индонезия (U19) роҳхат гирифтанд. Онҳо воқеан, ба ин сазовор буданд, чунки аз ибтидои вохӯриҳои марҳилаи гурӯҳӣ бозии арзандаро нишон дода истода буданд. Мо бошем, ибтидо онҳо, сипас, ҳамаи халқи шарифи кишварамонро бо ин роҳхати таърихӣ табрик мегӯем ва бовар дорем, ки ҷавонони нерӯманди мо ғалабаҳои аз ин дида бузургтарро соҳиб мешаванд.

Маҳмадшариф Муродов,
шореҳи футбол

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter