ХАБАРИ ДОҒ

Чӣ тавр Анна 2 кӯдакашро хӯрд?

  • Душанбе, Нояб 20 2017



Суқути РН-5 дар Рӯшон
16.02.1942 тайёраи РН-5, ки бо масири Сталинобод-Хоруғ парвоз мекард, дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба садама дучор шуд. Он шояд мисли дигар садамаҳои ҳавоӣ диққати зиёде ба худ ҷалб намекард, аммо тақдири мусофирони он корро комилан тағйир дод. РН-5 7 мусофир дошт. Дар тайёра Сардори отряди сарҳадии Помир, майёр Масловский Андрей Евдокимович, корманди НКВД отряд капитан Михаил Вихров, корманди НКВД РСС Тоҷикистон Жуковский ва Анна Гуреева-зани Иван Гуреев-сардори фурудгоҳи Хоруғ бо 2 кӯдакаш-Валерийи 6-моҳа ва Александри 10-сола озими ш.Хоруғ буданд. Тайёраро летчики ботаҷриба Княжниченко Василий Василевич идора мекард. РН-5 соати 13:00 аз Сталинобод парид. Аз ҳама аҷиб, тақрибан баъди 1 соати парвоз дар болои Файзобод чархи чапи лижадори он боз нашуд ва летчик қарор дод ба Сталинобод баргардад. Лек баъди тай кардани 15 км сигнализатсия фурӯзон ва чархи тайёра боз шуд. Ӯ қарор дод роҳро идома диҳад. Қарибиҳои нисфирӯзӣ тайёра аз болои дарёи Язғулом гузашта, ба дарвозаи Рӯшон даромад.

Дарвозаи сархӯр
Дарвозаи Рӯшон яке аз хавфноктарин қисмати масири Хоруғ-Сталинобод будӣ ва ба бахти бади мусофирони РН-5 он лаҳза бо сабаби тирагии обу ҳаво убур аз он имкон надошт. Летчик қарор дод дарвозаро бо баромадан ба баландии болотар пушти сар кунад, аммо роҳро гум карда, ба кӯҳпорае бархӯрд. Тайёра қариб пурра вайрон шуд ва танҳо “фюзелаж”-и он ва қисмати болоиаш осеби ҷиддӣ надиданд. РН-5 даруни барфтӯда афтида, мусофиронаш осеби ҷиддӣ надиданд. Сарнишин ва мусофирони РН-5 дар баландии 4500 метр дар шароити бисёр сахт асири кӯҳҳои касногузар шуданд. Дар тайёра ҳини садама аз маводи хӯрока танҳо 600 гр равғани маска, 1 кг ҳасиб, 1.200 гр панир, 1 қуттии консерв ва 3 шишаи арақ буду халос. Об тамоман набуд. Мусофирони бечора барфро об карда, менӯшиданд. Барфи кӯҳ бошад ташнагиро намешикаст. Онҳо танҳо 1 бор ва ҳам аз кулли анвои ғизоӣ кам-камӣ мехӯрданду халос. Дар оғоз летчик ҳамроҳи мардони дигар кӯшиданд роҳро пайдо кунанд, аммо тамоми кӯшишашон бе натиҷа анҷомид. 7 мусофир шабҳо дар дохили тайёра рӯи зонуҳои ҳам хобида, рӯзҳо дар пайи ҷустуҷӯи роҳи халосӣ буданд.

Аввал Валерийро хӯрд...
24 феврал, соати 7-и субҳ мусофири аз ҳама хурдсол-Валерийи 6-моҳа фавтид. Ахир, 28 феврал Княжниченко, Масловский, Жуковский ва Вихров баъди машварати кӯтоҳ қарор доданд бо ҳар роҳ поини кӯҳ фароянд. Анна ва писари 10-солааш Саша дар тайёра боқӣ монданд. Ба ин зани нотавон ваъда доданд, ки баъди расидан дарҳол дар пайи наҷоташон мешаванд, лек ба ваъдаи худ вафо накарданд. Анна бо кӯдакаш танҳо монд ва ин рӯзҳо ба таъбири худаш даҳшатноктарин лаҳзаҳои ҳаёт шуданд. Зан ва кӯдаки гурусна барои наҷоти ҷони худ, баъди чанде ба хӯрдани Валерий сар карданд. Ҳар рӯз қисмате аз бадани яхбастаи ӯро бурида мехӯрданд. 17 март гӯшти бадани Валерийи хурдакак тамом шуд ва Анна бо Саша дигар хӯрдание надоштанд. 21 март вазъи саломатии Саша низ бад шуд. Модар чун дигар хӯрдание надошт рагҳои дасташро бо сӯзан шикофта, аз хунаш ба ӯ мехӯронд. Саша дар асл писари шавҳари Анна буд, аммо ӯ писаракро чун фарзанди худаш нигоҳубин мекард. Бо вуҷуди ин аҳволи писарак батар шудан гирифт ва 23 март Александри 10-сола низ мурд.

...баъд Сашаро
Акнун ӯ тани танҳо монда буд. Зани мусибатзада чанд рӯз косахонаи сари Валерийро хоида рӯз гузаронд ва ба ҷасади Саша даст назад. Аммо гуруснагӣ билохира корашро кард ва 28 март зан ба хӯрдани Саша оғоз намуд. Нисфи дасташро бурида, ҳар рӯз қисмате аз онро мехӯрд. Аммо ҷасади ӯ низ то охири моҳи апрел ба охир расид. Зан дигар чизе барои хӯрдан надошт.
СССР он шабу рӯз даргири ҷанги хунин бо Олмон буд ва кишвар эҳтиёҷи шадид ба масолеҳ ва лавозими ҷангӣ дошт, аз ҷумла, ба муҳаррики тайёраҳо. РН-5 - сохтаи тайёрасоз Поликарпов, яке аз тайёраҳои хуби СССР будӣ. Дар СССР ҳудуди 7000 РН-5 сохта шуда, 1000 донааш ба Аэрофлот тааллуқ гирифт, ки дар хатсайрҳои гуногуни Иттиҳод мусофир мекашиданд. Дар оғози маймоҳи с.1942 ба раёсати Душанбегии авиатсияи мусофиркаш телегроми махфии Молотов ирсол шуд. Ӯ дар ин телегром аз масъулини раёсат тақозо кард, тамоми тайёраҳои Р-5 - ро, ки дар Тоҷикистон садама дида буданд, ҷамъ оварда, муҳаррикҳояшонро ба Нерӯҳои Ҳавоии кишвар фиристанд.

Телеграммаи наҷотбахши Молотов
Маҳз ин телегром ҷони Аннаро наҷот дод. Княжниченко, Масловский ва Вихров он шабу рӯз дар Хоруғ қарор доштанд. Онҳо баъди чанд рӯзи саргардонӣ ахир ба деҳаи Мотравни Язғулом расиданд ва сокинони маҳаллӣ онҳоро ба Хоруғ оварданд. Дар Хоруғ пойҳои сармозадаи Масловский ва Вихровро буриданд. Княжниченкоро бошад мӯзаҳои гарми ҳавонавардиаш наҷот доданд. Ҳеҷ кадом аз ин 3 кас дар деҳа аз мавҷудияти Анна ва кӯдакаш ёд накард. Баъдан сокинони Мотравн мегуфтанд, агар онҳо ҳамон лаҳза аз мавҷудияти Анна ва фарзандаш хабар медоданд, шояд ҷони Саша ҳам наҷот меёфт. Танҳо дар Хоруғ летчик ва ҳамроҳонаш иқрор карданд, ки Анна ва кӯдакаш дар тайёра боқӣ мондаанд ва шояд аллакай аз гуруснагиву хунукӣ ҳалок шуда бошанд. Баъди телегроми Молотов дар Душанбе дастаи кофтукобии махсусе таъсис доданд. Ин даста ба Хоруғ омада аз летчик ҷои суқути тайёраро маълум намуданд.

Зан зинда буд, аммо девона!
Ба ин даста шавҳари Анна низ ҳамроҳ шуд. 9.05.1942 даста барои ҷустуҷӯи тайёра ба роҳ баромад. Баъди чанд рӯз аъзои даста ҷасади Жуковский-мусофири дигари РН-5-ро ёфтанд. Ӯ ҳангоми фаромадан аз кӯҳ афтида буд ва дар оғоз зинда монд. Инро тирҳои зиёде дар атрофаш собит мекарданд. Ӯ бо тирпарронӣ хост диққати ҳамроҳонашро ба худ ҷалб кунад, аммо ба садои тири ӯ таваҷҷӯҳе накарданд ва ӯро низ партофта рафтанд. Билохира, дар рӯзи 3-уми ҷустуҷӯ аъзои даста ба ҷои номбаркардаи летчик расиданд, лек он ҷо тайёра набуд. Танҳо баъди гузаштан аз қуллаи кӯҳ аъзои даста якбора ҳайратзада шуданд. Дар масофаи 30 метр дуртар аз онҳо Анна дар болои тайёра нишаста буд. Нигоҳи зан вақте ба одамон афтид, шавҳарашро миёни онҳо дид ва аввалин суханаш ин буд: “Ваня, ту аллакай зан гирифтӣ?" Ин ҳарфи зани нимзинда ҳайрати мардонро боз ҳам бештар кард, чун 1 моҳ пеш Гуреев воқеан зан гирифта буд. Ӯ бошад аз фарзандонаш пурсид: “Канӣ Саша?” Ва ҷониби зан омад. “Саша, ана вай!” - гуфт Анна ва ба косахонаи сари дар наздаш буда ишора кард.

Хоинони парвоз суд шуданд
Баъди наҷоти ӯ нисбати сарнишин Княжниченко, Вихров ва Масловский делои ҷиноӣ боз карда, онҳоро барои партофта рафтани зан бо фарзандонаш дар ҳолати ногувор маҳкум карданд. Вихров ва Масловский суд шуданд. Княжниченко бошад ба фронт фиристода шуд. Анна Гуреева беш аз 1 сол дар бемористони касалиҳои рӯҳии Душанбе табобат гирифт. Баъди хуб шудан дубора шавҳар кард ва фарзанддор шуд. Баъзе мегӯянд, ӯ дар ноҳияи Ванҷ баъдан ҳамшираи шафқат шуда кор мекард, бархе муътақиданд, ки Анна дар Норак сукунат дошт ва он ҷо дар пиронсолагӣ вафот кард. Тибқи баъзе маълумоти дигар, ин зан дар Душанбе аз олам гузаштааст.

Меҳрубон Салимшоев,
таърихнигори СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter