ХАБАРИ ДОҒ

Сессияи тақдирсоз ва ғайримунтазира

  • Душанбе, Нояб 20 2017

Вежагии сессияи 16-ум ин аст, ки ҷангсолорон аз ҳар 2 ҷониб Сулҳхоҳро сари қудрат оварданд…

Бидуни ғараз-4

Каҷ шину рост гӯ!!!

(Масал)

Ин ҳоло мо-халқи фаромӯшӣ, фикр дорем, Сулҳ кори осон буд дар он шабу рӯзе, ки тамомии криминал мусаллаҳ, дари зиндонҳо боз, амният дар таҳлука, миллат дар марзи нестӣ, милиса пушти қонун, хаос ҳокими мутлақ ва Тоҷикистон дар панҷаи Марг буд!!!
Душанбе: Колоннаҳои муҷоҳидин, ки ягон фарқият аз неомуҷоҳидини имрӯзаи ДИИШ надоштанд, ҳокими пойтахт шуданд. Адабчӯб, «дурраҳои исломӣ» ва «қозиҳои шариатӣ» шаҳрро дар 1 они воҳид печиданд. Боре бо дӯстам, Мудинови ванҷӣ, ки нав аз Питер омада будем, дар роҳ бо ин «ҳукамои шариат» во хӯрдем. Дӯстам, ки ба дилу гурда буд, ба яки онҳо бадеҳатан гуфт: «Ако, адабчӯбат онгуна бо оёт ороиш ёфтааст, ки онро дида, пуштам хорид…». 1 мисол аз тантанаи ҷаҳл меорам: Журналист N. ки ҳамин ҳоло ин гузоришро ҳатман хоҳад хонд, боре ба чанги ин қозиҳо уфтод ва танҳо барои ин «гуноҳи кабира», ки (маъзарат) таки кашаш ба исломи инҳо мувофиқат надоштааст, ӯро чормех кардаву мӯҳояшро канданд ва танҳо баъди оне ки ӯ аз дард дод зад, «ман мусалмон нестам!» раҳош карданд. Манзараи шиноси исломситезӣ нест, ки ҳоло дар Сурияву Ироқ мебинем???
Кӯлоб: Муҳликтарин вазъ ҳукмрон буд. Ҳар нафар худаш боевик, худаш қумондон, худаш генерал ва худаш маршали иттифоқи советӣ. Пушти дилхоҳ тангкӯча сангар мекарданд ва дилхоҳ нафарро бо иллати вовчикӣ мекуштанд. 1 мисол: Журналист С. танҳо бо ин иллат, ки зиёӣ буд, душмани халқ гашт ва ӯро додараш кашида овард, то парронандаш…то занашро худаш гирад…
Қӯрғонтеппа: Ҷӯйҳо пур аз хун не, ҷӯйҳои хун равона буд. Оппозитсияи ба ном исломӣ аз Афғонистони ҳамсоя барои кӯмак муҷоҳид-зархарид овард. 1 мисол: Журналист Г. нақл кард, «бо чашми сар дидам, ин афғонҳо зани тоҷикеро, ки ҳомила буд, ба симчӯбе баста, сароғоз таҷовуз карданд ва сипас баччадонашро даррида, кӯдакашро бароварда, дор кашиданд ва зани Тоҷик мемурду ин лаҳзаро медид!!!»…Между прочем, дар пеши чашми «муҷоҳидони тоҷик»…
Турсунзода: Дар ин мавзеъ ӯзбекҳо чӣ қадар хостанд, тоҷиккушӣ карданд…
Ленинобод: Тақрибан куллияи ҳокимони Тоҷикистон, ки аз пойтахт фирор карда буданд, плани ба Ӯзбакистон васл кардани вилоятро мекашиданд…
Ҳадаф аз овардани ин чанд мисоли кӯчак сиёҳу сафед кардани ину он ҷониб нест. Мақсад ташреҳи вазъ аст… Ва ана дар ҳамин шабу рӯзи тақдирсӯз, бо хости Худо, Сессияи 16-ум баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмонови тамоман ҷавонро сари кор овард. Дар ин маврид мегӯянд, «кадом фариштае омин кард!», то ин миллати бечора сарвари воқеӣ ва лидери тавоно ёбад. Кӣ ғайри Худо ба Раҳмонови 40-сола бовар дошт??? Имрӯз дурӯғвора метавон мушт бар сина зад, ки «ман, ман… бовар доштам!». Аммо дар ҳамон шабу рӯз касе мансаби вазириро қабул намекард!... Вале ӯ тавонист. Тавонист ба савганди №1-и худ содиқ монад, ки гуфта буд:
-Ман ба шумо Сулҳ меорам!!!
Овард!!! Ҳалолаш бод! Атрофии ин Сулҳи мушкилтаъсис чизе намегӯям. Танҳо ишорат кофист, ки дар 25 соли ахир ин ягона Сулҳ дар ҷангҳои гражданӣ, ба вежа, кишварҳои мусалмонист, ки аналог надорад!!! Ҳоло мегӯянд Сулҳи моро СММ ва дигар созмонҳои хориҷӣ овардаанд. 100 бор номаъқул кардаед:
-1 мисол оред, ки СММ ҷое сулҳ оварда бошад? Нест! Зимнан ин Сулҳ муаллиф дорад. Миллати Тоҷик бо пешвоии Эмомалӣ Раҳмон!!!
Дуруст аст, ки таърихи соҳибистиқлолии мо аз 9.09.1991 маншаъ мегирад. Аммо сар аз ҳамин рӯз, мутаассуф, Тоҷикистон ба коми хаос ва вандализм рафт. Зимнан, агар инсоф дорему ҷавонмардем, бояд иқрор шавем, ки Истиқлолияти мо, Ватани мо, Давлати мо…маҳз аз ҳамин Сессияи 16-ум сар мешавад. Зеро дар ин рӯз, чоряк аср муқаддам, Тоҷикистон ҳам соҳиби Лидери воқеӣ шуд ва ҳам Ҳукумати реалӣ…
25-солагии Сессияи тақдирсоз ба кулли ҳамватанон қудсан муборак бод! Мо Метавонем!
PS: Ҳоло баҳсҳост, ки ҷавони 30-солае метавонад ин ҳукуматро сарварӣ кунад? Метавонад! Ҷавони 40-солаи бидуни таҷрубаи давлатдорӣ агар тавонист 1 кишвари дар хаос ва вандализм ғӯттаварро аз ҷанг раҳо бахшидаву то ҳамин рӯз оварад, пас чаро ҷавони 30-сола бо таҷрубаи ҳукуматдорӣ ва мактаби сарварӣ 1 Давлати орому осоиштаро сӯи рушду тараққӣ набарад? Мебарад! Как надо мебарад!!!
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter