ХАБАРИ ДОҒ

Ҷаноби Вазир! Нафақаи мо куҷо шуд?

  • Душанбе, Нояб 27 2017


(Мактуби саркушода ба Вазири Молияи ҶТ)

Соли 2016 Президенти мамлакат Фармон ва баъдан Ҳукумат қарорро дар бораи зиёд намудани андозаи музди кор ва нафақаи шаҳрвандон баровард, аз ҷумла, нафақаи кормандон ва нафақагирони милитсияро. Мавриди вохӯриҳо бо якчанд нафақагирони милитсияи ш.Қурғонтеппа, ноҳияҳои Вахшу Ҷ.Румии вилояти Хатлон маълум гардид, ки нафақаи онҳо аз 1.07.2016 зиёд карда шуда, вале маблағи нафақаашон то ба 1.11.2017, яъне зиёда аз 1 солу 4 моҳ боз дода нашуда истодааст, чунки бо ташаббуси Вазири молия, ҷаноби Абдусалом Қурбониён додани нафақа ба муҳлати номуайян боздошта шудааст.
Агар андозаи нафақаи ҳар кадоме аз онҳо 1000 сомонӣ бошад, пас ҳар яке ҳар моҳе барои гирифтани маблағи 200-250 сомонӣ имконият надоранд. Боздошти нафақа то 1 январ ва 1.07.2017 мумкин буд, вале аз чӣ бошад, ки поёни онро касе ба ғайр аз Қурбониён намедонад? Нафақагирони милитсия мегӯянд, ки «ҷаноби Вазир мумкин нафақаи зиёдкардашударо баъди вафоти мо медиҳад?». Аз рӯи ақидаи онҳо, аҷаб не, вазир интизор мешавад, то 50% нафақагирон бо ин дунё хайру хуш намоянду баъд ба боқимонда нафақапулии зиёдшударо бидиҳад.
Муҳтарам Вазир! Фикр намекунед, ки маблағи 200-250 сомонӣ барои нафақагир пули моҳиятнок аст? Ӯ метавонад бо ин пул 1 халта орд, 3 кг равған, қанду биринҷ бихарад.
Мувофиқ бо қарори Ҳукумат аз соли 1994 кормандони милитсия, ки солҳои 1992-93 дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ иштирок намудаанд, ба нафақа баромаданд. Онҳо дар нафақа бо хизматчиёни ҳарбӣ баробар шуданд. Аз моҳи майи соли 2013 ба маблағи 96 сомонӣ иловапулӣ мегирифтанд. Он замон вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов буд. Вақте шумо вазир шудед, Қарори Ҳукуматро гӯё пушти по задед ва аз 1.01.2014 додани иловапулиро манъ карда, ба зиндагии нафақагирони милитсия зарари калон расондед. Магар иловапулии нафақаи онҳоро дар он дунё медиҳед? Аз роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ хоҳиш карда мешавад, ки ин мақоларо хонда, ба нафақагирони милитсия мадад расонанд.

Комрони Далер,
ш.Қӯрғонтеппа, тел: 919 28 30 00

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter