ХАБАРИ ДОҒ

Ҳафтаи равон дар водии Кӯлоб сабқати футбол миёни наврасони зери 12 ва 15-сола таҳти сарпарастии Созмони Оксфам (OXFAM)-и олмонӣ баргузор шуд, ки дар он дар қатори 8 дастаи пурқуввати минтақа, 2 дастаи мактаби варзишии СССР низ ширкат доштанд. Ҷои зикр ва ҳам фахр аст, ки ҳар 2 дастаи СССР таҳти шиори «Мо Метавонем!» баромад карда, дар 2 сабқати синну соли U12 ва U15 соҳиби мақоми аввал гардиданд. Лозим ба ёдоварист, ки бачаҳои СССР қариб дар тамомии номинатсияҳои инфиродӣ низ дастболо шуданд.
1.Бозингари беҳтарин Муҳаммадҷони Файзулло-12 сола;
2.Ҳамлагари беҳтарин Умарҷони Идимад-11 сола;
3.Дарвозабони беҳтарин Фарҳод Мирзоев-12 сола.
Дар мусобиқаи U15, ки низ дастаи СССР ҷои якумро гирифт, Ваҳҳоб Шерови 15 сола соҳиби ҷоизаи вежаи «Беҳтарин ҳамлагар» шуд. Куллан бозингари хубтарини ҳар 2 сабқат бошад Шаҳром Рустамови 12 сола дониста шуд. Хотиррас мешавем, ки Шаҳром бо 4 тан аз дастпарварони Варзишгоҳи СССР дар мунтахаби вилояти Кӯлоб низ бозӣ мекунад. Ӯву ҳамдастаҳояш ҳафтаи гузашта дар сабқати умумиҷумҳуриявӣ соҳиби ҷои 2 гашта буданд. Тренери беҳтарини сабқат Баҳодур Маҳмадов-мураббии дастаи СССР пазируфта шуд.
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter