ХАБАРИ ДОҒ

“Генерали мардумӣ”-и Шаҳидонро қапиданд!

  • Душанбе, Дек 04 2017


Банда ҳеҷ вақт худамро аз Наҳзат ҷудо надидам ва намебинам. Худамро узви Наҳзат медонам. Ин ҳаракат, ҳаракати исломӣ ва мардумӣ аст. Банда дар ҳамаи интихобот фаолона барои Наҳзат таблиғот мекунам…

Ҳафтае пеш расонаҳои интернетӣ аз хориҷа навиштанд, ки Эшони Саидқиёмиддин (Қиёмиддин Ғозиев)-“генерали мардумӣ”-и майдони Шаҳидон дар соли 1991-92, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва баъдан ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Тибқи ин хабар, Ғозиев замоне ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби неруҳои амниятии Русия дар Питер боздошт шудааст. Аммо то ҳанӯз сарнавишти ӯ дигар маълум нест. Сарнавиште, ки мо хостем варақ занем...

Биографияи Қиёмиддини Ғозӣ
Дар сайти интернетии http://archive.li/SKm5E#selection-729.1-2667.292 ҳолномаи ӯ таҳти унвони «Зиндагиномаи Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ» аз забони худи ӯ чунин навишта шудааст, ки ин ҷо бо ихтисор меорем:
-Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ фарзанди олими муҷоҳид ва муҷоҳиди олим, хатиби мабҳур, шоири машҳур, орифи маъруф, филсуф ва ҳакими суханвар, фақиҳи барҷаста, ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) 21.03.1952 дар деҳаи Қаламтӯғайи ноҳияи Ҳисор, дар хонаводаи комилан мазҳабӣ ва аз муборизони алайҳи Шӯравӣ, аз ҳофизони Ислом ва аз бедоргарони миллат ба дунё омадаанд.
Аз кӯдакӣ ба улуми исломӣ ва динӣ бисёр алоқаи зиёд доштам. Ҳар китоберо, ки ба дастам меомад онро мутолиа мекардам. Таҳсилоти муқаддамоти исломии худро пас аз ёдгирии илми абҷад аз падарбузургам, аз қиблагоҳам омӯхтам. Дар айёми навҷавонӣ ба Андиҷон сафар намуда, он ҷо низ аз бузургтарин олимон файзҳо бурдам. Дар айёми муҳоҷират, ки тақрибан ба муддати 2 сол дар сарзамини ваҳй иқомат доштам, аз олимони бузурги ҳарамайни шарифайн камоли истифодаро бурдам. Ҳамчунин дар замони муҳоҷират узви Уламои давлати исломии Афғонистон будам. Дар идома барои такмили улумам соли 2001 ба Ҷ.И.Эрон сафар намудам ва дар маҳзари бузургони ин диёр низ зонуи шогирдӣ зада камоли файзро бурдам. Ҳамчунин инҷониб бо лутф ва карами Худо 10 маротиба ба ҳаҷҷи фарзӣ ва 100 маротиба ба ҳаҷҷи умра ноил омадаам.

Муҳассили мактаби Андиҷону Намангон
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ назди Махдум Абдулҳамид, Мулло Сафаралӣ, Мулло Қиёмуддин, Мулло Давлатшоҳ… илмҳои сарф, наҳв, фиқҳ, ақоиди аҳком ва ғайраро дар сатҳи муқаддамотӣ омӯхт… Хулласи калом, Эшони Қиёмиддини 16-сола дар соли 1967 аз «кадр»-ҳои авангарди «мактаби экстремистии Намангону Андиҷон» буда, назди Қорӣ Икроми Намангонӣ, Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонии Андиҷонӣ… таҳсили илм намудааст. Худи ӯ навиштааст: «Ҳеҷ вақт фаромӯш намекунам, ки он замон 16-сола будам. Чун рақами хонаи Мавлавии Ҳиндустонии Андиҷонӣ 16 буд, яъне кӯчаи Бедил, хонаи №16». Мавлавии Ҳиндустонӣ дар аввал ба сабаби ҷавви сиёсӣ ва сахтгириҳои бениҳоят сахти давлати коммунистӣ ӯро ба шогирдӣ қабул намекунад, аммо бо дидани номаи Мавлавӣ Икроми Намангонӣ ва чанд савол аз Сайид Қиёмуддин, ки кӣ будани ӯро дар Намагон ва дар назди Мавлавӣ Икроми Намангонӣ собит мекард, баъд аз чанд лаҳза гиря ва молидани номаи Қорӣ Икроми Намангонӣ ба чашмонаш бо оғӯши боз пазиро мешаванд… Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз соли 1967 то с.1973 ба сурати доим ва баъд аз он то ҳудуди 10 соли дигар ба сурати ғайри доим, яъне ҳар ҳафта ё ҳар 10 рӯз ба хидмати Мавлавӣ мерасидааст.

Узви содиқи ҲНИТ
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар идомаи автобиографияи худ, дар бораи фаъолияти минбаъдааш дар ҲНИТро, аз Созишномаи Сулҳи соли 1997 ва то замони дар қайди ҳаёт будани Саид Абдуллои Нурӣ, ингуна баён кардааст: “Банда ҳеҷ вақт худамро аз Наҳзат ҷудо надидам ва намебинам. Худамро узви Наҳзат медонам. Ин ҳаракат, ҳаракати исломӣ ва мардумӣ аст. Банда дар ҳамаи интихобот фаолона барои Наҳзат таблиғот мекунам. Ин ҳарфи банда дар миёни авом машҳур аст, ки «агар он қадар зӯрӣ, бар рӯи Наҳзати исломӣ хат бизан ва раъйи худро ба каси дигар бидеҳ». Наҳзат фарзанд ва пораи тани ман аст, бунёнгузошташудаи худи ман ҳаст.
То замоне, ки марҳум устод Нурӣ дар қайди ҳаёт буданд банда ба унвони мушовири аршади ишон маҳсуб мешудам ва аксаран бо ҳам хилват доштем ва масоилро баррасӣ менамудем».

Бозор Собир ва “Цицерони Тоҷик”
Маврид ба зикр аст, ки Эшони Қиёмиддин аз руҳониёни шинохтаи солҳои 1990-ум ва яке аз иштирокдорони фаъоли майдони "Шаҳидон” дар Душанбе буд. Дар қатори чанд иштирокдори майдони "Шаҳидон” ба ӯ унвони "генерали мардумӣ”-ро дода буданд. Ҳатто шоири машҳури Тоҷик, устод Бозор Собир ҳамон замон ӯро «Цицерони Тоҷик» номида буд.
Ӯ солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон гуреза шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи Тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссия дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар тадбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф” қадрдонӣ шуд.

Қосимовро барои генерали мардумӣ куштанд!
Дар омади гап бояд гуфт, журналист Шарофиддин Қосимов, (тағоии Эшони Қиёмиддини) моҳи майи соли 1943 дар деҳаи Меҳнатободи шаҳраки Қизилқалъаи ноҳияи Даҳанакийик (ҳоло н.Хуросон), дар оилаи Эшони Саидқосим ба дунё омадааст, маҳз аз пушти ҷиянаш, аз ҷониби афроди мусаллаҳи ношинос кушта шуд. Қосимов аз моҳи августи соли 1969 дар рӯзномаи шаҳрии «Коммунисти Қӯрғонтеппа» ба ҳайси мухбир кор мекард. Декабри соли 1978, баъди таъсиси рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ба ин нашрия даъват шуд ва ба ҳайси мухбири калони шуъбаи хоҷагии қишлоқ фаъолиятро шуруъ намудт. Тибқи навиштаи матбуоти даврии он айём, Эшони Шарофиддин аз гурӯҳи рӯшанфикроне буд, ки ба ҷонибдории табаддулоти давлатии режими СССР ошкоро сухан мекард.
Ба нақли журналист Ҷамолиддин Усмонов, «Ба гуфтаи пайвандонаш, маҳз амӯ (тағо)-и Эшони Қиёмиддини Ғозӣ будани Шарофиддин Қосим сабабгори шиканҷаҳои сангину ба шаҳодат расиданаш гардид. Вақте нерӯҳои собиқ «оппозитсионӣ»-и минтақа шикаст мехӯранд, ӯ таклифи хешовандонашро бобати ҳиҷрат ба хориҷи кишвар рад мекунад. Ҳарчанд аксари дӯстону ҳамқаламон таъкидаш мекунанд, ки то ором шудани вазъи сиёсӣ ба ягон шаҳри дигар сафар кунад, аммо «ман гуноҳе надорам» гуфта аз Тоҷикистон берун намеравад» (нашрияи «Миллат», 14.03.2012)
Тибқи маълумоти Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон (СPJ) ва созмони The Freedom Forum Journalists Memorial Эшони Шарофиддин тахминан моҳҳои июн ё июли соли 1993 дар н.Ленин (ҳоло н.Рӯдакӣ) аз ҷониби мусаллаҳони 1 гурӯҳи ношинос ба қатл расидааст.

Давом дорад

Шаҳрзоди Амин,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter