ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент дар коми ҷаҳолат!

  • Душанбе, Дек 04 2017


(Дар атрофи андешаҳои А.Абдуқаҳҳор - «Радикализм дар мекӯбад», СССР, 6.11.2017)

Устод Абдуқодири Абдуқаҳҳор! Боре андешидаед, ки ниёи миллати мо бо таърихи беш аз 5000-солааш аз аввалин эҷоду эъҷозгарони оламанд?! Лек имрӯз аз Аврупою Амрико ва ҳатто аз ҳамсоякишварҳои худ қафомондаем. Чаро чунин шуд? Хаёл мекунам, асоси он ҷаҳолат аст ва он ҳам ҷаҳолати динӣ. Намедонам, дар Душанбе вазъ чигуна аст, лек мушоҳидаҳо дар Панҷакент нишон медиҳад, ки мо пайи ҷаҳолат равонем. Худро ба сафи ДИИШ, салафия, терроризм задани ҷавонон ин ҷаҳолати динист, на исломи ноб.

Худкушу бегонапарварем!
Ҳоло чанд бузургворе дорем, ки онҳоро парастиш бояд кард: М.Қаноат, Сорбон, А.Самад, М.Ғоиб, К.Насрулло, Гулрухсор, К.Мирзо, Бозор Собирро миллат бояд арҷ гузорад, аз онҳо пуштибонӣ кунад, азиз дорад. Чашм ба ТВ Ӯзбекистон медӯзам: 70-солагии Ортиқ Отаҷонов, Шералӣ Ҷӯраевро ба ҳадде бо дабдаба ва ҳангома қайд мекунанд, ки чашми кас нур мегирад. Чаро мутасаддиёни ТВи мо боре чеҳраи устод Ҷӯрабек Муродовро манзури тамошобинон намесозанду овораи рекломи чанд ситораҳои паронанд?
Идеологияи Ҳукумати Шӯравӣ С.Айнӣ, Б.Ғафуров, М.Турсунзодаро машҳури олам кард, эшонро Африқою Аврупо шинохт. Ҳоло бузургонамонро худ намешиносем, чӣ ҳоҷати бегонагон. Агар ин тавр намебуд хонаи устод Зафар Нозимро оташ намезадем ва рӯзгори устод Одина Ҳошимро бо таъқибу фишор талх намесохтем, муаллифи «Гузашти айём» Ҷумъаи Одина аз дасти замонасозон ва идеологҳои ҳизби коммунист рӯи бастаи нашрияи «Омӯзгор» бо сад аламу озор ҷон намедод: Бузургон ҳар куҷо овора миранд!

Ҳамхонаи нави мо-радикализм!
Ана ҳамин тавр, А.Абдуқаҳҳор! Радикализм дари моро намекӯбад, он кайҳо ҳамхонаи мост. Ҳоло кист, ки берун аз Тоҷикистон адабиёту фарҳанги моро доварӣ кунад? Ягон тоҷик ногаҳон дар экрани симои Маскав пайдо шавад, аз ӯ «Худо» месозем. Вақте мо худ аз худ дифоъ карда наметавонем, кӣ моро дифоъ мекунад? Матбуоти давриро ба минбари баҳсу мунозира табдил бояд дод, то он даст ба дасти мардум гардад. Афсӯс, ки тӯли асрҳо мо бо бузургони худ аз Рӯдакӣ сар карда то Низом Қосим… носипосӣ кардаем. Аз садри ИНТ дур кардани Мӯъмин Қаноат саҳви бузурги адибони мо буд ва то имрӯз адибонро ба хатлонию бадахшонию зарафшонӣ ҷудо кард! Пас аз сари устод М.Турсунзода чунин менамояд, ки ҳоло адибони мо гирди ҳам наомадаанд. «Шоҳасарҳо»-и ин адибон ва «Рисолаҳои илмӣ»-и аз ҳарҷо дуздидаи неоадибонро баъзан зӯран ба хонандагони мактаб, донишҷӯён ва муҳассилини литсейу коллеҷҳо мефурӯшанд. Адабиётро кӯчагӣ кардан доранд. Имрӯз идеологияи мо хело суст шудааст, ҳатто самти муайян надорад. Чаро чеҳраи бузургони хешро аҳён-аҳён дар ТВ мебинем? Чаро романҳои «Норак»-у «Роғун» наменависем?
Устод Абдуқодир! Радикализм хоҷаи доимии хонаи мост, вагарна мо офарандагони аввалин давлатҳою динҳо, соҳибони «Авасто»…дар хоби ғафлат намемондем!!!

Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter