ХАБАРИ ДОҒ

Фоҷиаи Сичароғ! Қатли 20 сарбоз дар ривояти шоҳидони фоҷиа

  • Душанбе, Дек 04 2017


Марзбонони рус барои корношоям хондани Тоҷикон, худро афғон вонамуд карда, 5 сарбози Тоҷикро куштанд. Аммо мо яки онҳоро кушта, боқимондаро асир гирифтем. Баъдан генералҳояшон озодашон карданд.

Прологи Ҷангӣ
Вақте дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гашт. Сохторҳои қудратӣ қариб пурра барҳам хӯрданд. Баъди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ш.Хуҷанд аввалин Бригадаи таъиноти махсуси марзӣ дар ш.Кӯлоб таъсис дода шуд. Сарвари бригада хизматчии КГБ шӯравӣ, полковник Сафаралӣ Сайфуллоев (баъдан генерал-лейтенант) ва сардори ситоди бригада, шодравон майор Маҳмудбек Ахмедов (баъдан генерал-майор), ки Ҷангӣ-паҳлавонро хуб мешинохтанд, барои ҳифзи сарҳад ба кор гирифтандаш. Солҳои аввал бригада дар марз бо Афғонистон дар деҳаи Ёли Шӯрообод (ҳоло Ш.Шоҳин) аввалин дидбонгоҳи алоҳидаро таъсис дод. Ин хизмати бузурги Сафаралӣ буд ва маҳз хизматчиёни дидбонгоҳ дар ҳама амалиёт ҷангиёни афғонро зада пеш карданд. Ин ҳамон дидбонгоҳест, ки «Застава»-и 12-и марзбонони Россияро аз душманон озод ва 18 тан хизматчиёнашро аз асорат халос карда буд. Дертар отряди марзии минтақаи Қалъаи Хум дар бинои интернати н.Дарвоз 5.01.1995 таъсис дода шуд. Командири отряд полковник Бозоралӣ Камилов таъйин шуд. Ӯ Ҷангихонро хуб мешинохт ва ба мардонагияш бовар дошт. Ӯро ба отряди сарҳадии Дарвоз бурда, пешниҳод кард, ки ба вазифаи муовини командири отряд оид ба корҳои тарбиявӣ ба кор гиранд, зеро Ҷангихон худ омӯзгор буд. Он айём солҳои вазнинтарини саҳифаи таърихи давлати навбунёди Тоҷикистон буд: гуруснагӣ, нарасидани маводи озуқа, набуди сару либосу биноҳои хизматӣ… Қариб ҳама дидбонгоҳҳои хатти дуюми марзӣ дар оғилхонаҳои ғораткардашудаи хоҷагиҳои барҳамёфта таъсис дода шуда буданду бидуни шароит. Аз сӯи дигар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту гурӯҳҳои ҷангиён зиёд. Аз дигар ҷониб марзбонони Россия-соҳиби хатти аввали сарҳад, дар хатти дуюм будани Тоҷиконро аслан намехостанд, ки мо ба «хизмати хирсона»-и онҳо халал расонем. Мушкилот барои аввалин сарҳадбонони Тоҷик зиёд буд. Вале аҳсант ба онҳое, ки наҳаросида ҳамаро паси сар карданд. Оғилхонаҳоро таъмир карда, барои сарбозон нон талбиданд, либос ғундоштанд, бо шикор ғизо омода карданд.

Провокатсияи урусӣ
Ҷангихон ҳамчун мураббӣ ҷавононро дилпур мекард, ки ин ҳама рӯзҳои сахт мегузаранд. Гаштаю баргашта таъкид мекард, ки «ҷавонони азиз, ин Ватани мост, ба умеди русҳо набошед. Дида истодаед, ки онҳо ягон зарра таваҷҷуҳ ба ҳифзи сарҳади мо надоранд?!» Воқеан, русҳо вақте диданд, ки мо воқеан Ватани азизи худро дӯст медорему содиқона хизмат мекунем, роҳҳои дигари айбдоркунии Тоҷиконро пеш гирифтанд. «Разведка»-и русҳо нафари худро аз он тарафи соҳил, яъне афғонеро, ки ба онҳо ҳамкорӣ дошт, гумроҳ ва маслиҳат карданд, ки соатҳои 19-20 шаб, аз нуқтаи рӯ ба рӯи деҳаи Потхнови н.Дарвоз гузашта, ба онҳо вохурда соҳиби амволи зиёд, аз ҷумла, тиру яроқу аслиҳа мешавад. Пасон гурӯҳи «оперативии» худро пинҳонӣ бо роҳи нақлиёти мусофирбар ба деҳаи Дровак оварда, дар хонаи яке аз сокинон то шом нигоҳ дошта, шароб нӯшида, пас ба амалиёт-зада нест кардани марзбонони Тоҷик мегузаранд. Бояд гуфт, ки с.1998 як қитъаи сарҳади давлатӣ аз минтақаи Яхш-Пун то Қалъаи Хум, ки беш аз 80 км тӯл дошт, ба ӯҳдаи марзбонони Тоҷик (барои «эксперимент») гузашта буд. Амалиёти онҳо маҳз бо ҳамин ҳадаф буд, ки Тоҷиконро беобрӯ кунанду бозпас марзро бигиранд.
Вақте шаб мешавад, онҳо аз хонаи 1 сокини Дробак (Дробак ва Поткнов-2 деҳа дар шафати ҳамдигар ҷойгиранд, байнашон ҳамагӣ 500 м) баромада, дар сари пули деҳаи Поткнов мавқеи амалиётро гирифта, интизори «наряд»-и Тоҷикон мешаванд. Чун «наряд»-и 5-нафара наздик мешавад, ҳамаро зада аз по меафтонанд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Албатта, фикр карданд, ки «Тоҷикон «тупойанд» ва ин амалиётро бори афғонҳо мекунанд». Гурӯҳи «оперативии» мо ҳамон лаҳза бо амри командири қисми ҳарбӣ, Бозоралӣ Комилов ҳозир шуд. Тахмин буд, ин «наряд»-ро шояд афғонҳо аз рӯди Панҷ гузашта паронидаанд. Лек гурӯҳи зудамали мо ҳамон лаҳза ҳама роҳҳои даромаду баромаду доманакӯҳҳоро пурра баст. Русҳо, ки дигар роҳи гурез надоштанд, ба дидбонгоҳи воқеъ дар деҳаи Сангевни Дарози н.Дарвоз наздик шуда диданд, ки ҳама ҷо маҳкам. Ин ҷо низ ба тиркушоӣ оғоз карданд. Ин навбат тирҳояшон ба ҳадаф нарасид, танҳо 2 касро ярадор карданд. Тоҷикон ба онҳо муқобилият нишон дода, 1 танро дар ҷои ҳодиса зада куштанд ва боқимондаро таслим карданд. Дар ҷои ҳодиса яроқу аслиҳаи русиро мусодира карда, тибқи тартибот санад тартиб дода, яроқҳоро дар қопчаҳо гирифта, сурғич кардем. Бозоралӣ полковник Левинро аз отряди русҳо гирифта, ба ҷои ҳодиса овард ва сирру савдояшон пурра ошкор шуд.

Ҷасорати марзбонони Тоҷик
Яке аз таслимшудагон (эҳтимол сардори гурӯҳи «оперативи»-и ҷиноятпеша) рост назди Левин омада аз рӯи тартибот арз кард:
-Товарищ полковник, Ваше приказание выполнено. (Фармони шуморо иҷро кардам).
Баъдан намояндагони ФПС Россия генералҳо Жилкин (Маркин), аз Кумитаи ҳифзи марзи давлатии назди Ҳукумати ҶТ генерал-майор Рогов-сардори ситоди генералии онвақта ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, корро 100% ба манфиати русҳо ҳал карда рафтанд. Русҳо баъдан ангушти ҳайрат мегазиданд, ки марзбонони Тоҷик ҳар рӯз ба натиҷаҳои хизматӣ ноил мешаванд. На ҳамаи русҳо, балки ашхоси ҷудогона мисли Левин моро бад медиданд. Пеш аз ӯ командири ҳамин отряди русӣ, полковник Тагинцев Алберт беҳтарин инсон буду ҳаматарафа Тоҷиконро дастгирӣ мекард: бо хӯрока, сару либоси низомӣ... Ба Ҷангихон эҳтироми сахт дошту расонидани ҳама гуна кӯмакҳоро раво медид. Ҷангихон, Бозоралӣ, Сайдалӣ Шарифов, Сафар Сафаров, Маҷид Ҳалимов, Тағоймурод, Дод, Ислом Бегмадов, Худобахш Муборакқадамов, Зоҳир Эмомов… аввалин касоне буданд, ки хатти аввали марзро аз русҳо қабул карда, сарфи назар аз мушкилот ба русҳо нишон доданд, ки Тоҷикон ҷасуранду муҳофизу мубориз!

Фоҷиаи Ҷангӣ
Роҳе, ки тавассути Сағирдашт ва водии Рашту ш.Душанбе аз Қалъаи Хум мебарад, он замон нисбатан ободтар ва тақрибан 100 км наздиктар аст. Фоҷиае, ки моҳи шарифи Рамазон, рӯзи 10.02.1996, соатҳои тахминан 13-14-и рӯз, дар роҳи водии Рашт рух дод, аз куштори ваҳшиёна ва бераҳмонаи чанд ҷавонмарди бегуноҳ нақл мекунад. Дар бораи қатли сарбозони Вазорати мудофиа мардум огоҳанд, вале аз куштори чанд марзбон бо сарварии паҳлавони шинохта, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Ҷангихон Давлатов касе намедонад. Аз ин амалиёти бераҳмонаи оппозитсия 1 нафари зиндамонда, Сафар Сафаров-лейтенанти калон (тел: 98 525 06 81, сокини деҳаи Даҳанаи ш.Кӯлоб), ки дар отряди марзии Қалъаи Хум бо Ҷангихон якҷоя хизмат мекард, бароям қисса кард. Ӯ аввалҳо дар матбааи ш.Кӯлоб кор мекард. Ман бошам мухбири рӯзномаи «Кулябская правда» будам. Беҳтарин ҳуруфчин ва коргари матбаа буд. Вақте дар бораи чӣ тавр кушта шудани Ҷангихон дар Сичароғ пурсидам, андак хомӯш монду… гирист ва гуфт:
-Аз Қалъаи Хум сари чамбари автомашинаи тамғаи «Урал» нишастам. Вазифаи мо бурда расонидани сарбозон ва дар бозгашт ба қисми ҳарбӣ овардани озуқаворӣ ва сӯзишворӣ буд. Аз Қалъаи Хум ҳамагӣ 2 автомашина ба роҳ баромада буд. Ҷангихон муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, сардори қатора-«колона» таъйин шуд. Чун роҳи самти Сағирдашт ҳанӯз ҳам ноором буд, мо бо роҳи Кӯлоб хеле озод ба Душанбе расида, сарбозонеро, ки муҳлати хизматашон ба охир расида буд, ба хонаҳошон гусел кардем. Аз рӯи низом дар нуқтаи ба мо муайяншуда бо дигар сарбозону афсарон қарор гирифтем. Ҷангихон аз пайи кору вазифаҳои хизматӣ ва интизори фармону супоришҳои «боло» буд. Ӯ бегоҳӣ назди мо омаду гуфт, «маводи озуқаро гирифта ба мошин бор кардем, чанд каси дигар ба хизмат мераванд дар мошини дигар ва фардо 1 мошин сӯзишворӣ аз ҳисоби мошинҳои «цистернадор»-и сӯзишворикаш аз авторота ба мо ҷудо мекунанд, ки ронандааш «гражданский» аст». Субҳ тибқи тартиб барвақт аз хоб хеста, дасту рӯро шуста, мошинҳоро барои ба сафар омода кардем. Ҷангихон хушҳол буд, зеро автои «цистернадор»-ро бо сӯзишворияш дошт. Дар мошинҳои мо озуқаворӣ ва сару либос барои сарбозон бор карда шуда буд. Бо ронандаи автомашинаи сӯзишворӣ ҳамон ҷо шинос шудем, вале номҳои якдигарро напурсидем.

Давом дорад.

Абдушафеъ Тоҷов,
майори Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳоло дар нафақа, ш.Роғун

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter