ХАБАРИ ДОҒ

Бидуни ғараз-6

Аслан намехоҳам дар ин мавзуъ нависам, зеро самти фаолияти ман нест. Ин матлабро бояд Шоираи Раҳимҷон менавишт, ки бо композиторону санъаткорон сару кори бештаре дорад (воқеан ҳам сар аз ин ҳафта дар назди газетаи СССР Маркази продюсерии «Шоира» кушода шуду Шоираи Раҳимҷон масъули он аст). Аммо маро устодон Ҷамшеди Исмоил ва Неъмати Асрор маҷбур карданд, мавзуъро худам пайгир бошам. Чун ба гуфтаи ишон «сухани ту, Сайёф таъсири дигар дорад»…
Мавзуъи ман набудан, ба ин маънӣ нест, ки чизе дар ин самт намедонам. Медонам! Ещё как медонам! Баҳс сари озмуни ҳамешагии «Суруди Сол» аст. Ҷоизаи мазкур ба афроде дода мешавад, ки дар аксарияти маврид коре барои рушди санъати миллӣ накардаанд. Гузашта аз ин, аксарияти «номенант»-ҳо ҳатто дипломи Донишгоҳи санъатро надоранд, яъне профессионал нестанд. Зумрае 1 бор чун уқоби Носири Хусрав авҷ гирифтаву сипас ба хоки замин яксон ва аз радарҳои таваҷҷӯҳи мухлисин гум мешаванд.


Намегӯям онҳо сазовор нестанд ба ин унвон. Шояд ҳастанд, ки мегиранд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки озмуни «Суруди Сол» конкурси Бӯстону Андалеб нест, ки истеъдод кашф кунем (воқеан ҳам кашфи бузурги Андалеб, фарзи мисол, Нигина Амонқулова буд!). «Суруди Сол», баракс, бояд маҳз истеъдодҳо, нобиғаҳо, хидматгорони санъати миллиро қадр кунад. Мо, ки усулан ТВ-ҳои урусиро тамошо мекунем, мебинем, ки дар озмуни ҳаммаънии «Суруди Сол» дар конкурсҳои ФР нобиғаҳое чун Иосиф Кабзон, Лев Лещенко, Алла Пугачёва, Дмитрий Хворостовский (ёдаш ба хайр), Надежда Бабкина, София Ротару ва ғ. ва ҳ. ҳатман қадрдонӣ мешаванд. Бе инҳо «Песня года» маънӣ надорад!!! Аммо дар мо чӣ?
Шумо боре дар ин озмун дидаед, ки Нуқра Раҳматоваи олиҷаноб, Ҷӯрабек Назриеви беназир, Ҷамшед Исмоилови асосгузори сабки пойтахт (таъбири Сафват Бурҳонов), Қурбоналӣ Раҳмонов, Давлатманди Хол, Ҷӯрабек Муродов, Саидқул Билолов, Чилахон Холов ва ғ. ва ҳ. ширкат дошта бошанд? Инҳо ҳама устодони санъати миллӣ ва файсағурсони камдид ва мунодии суруду таронаҳои Тоҷикон дар ақсои оламанд. Аммо онҳоро ба конкурс ҳатто ба ҳайси довар ва ё меҳмони фахрӣ даъват намекунанд. Нонсенс? Оре! Аммо факт!!!
Фарзи мисол, дӯсти редаксияи мо, устод Ҷамшеди Исмоил ҳамин соли равон 12 суруди нав таҳия ва сабт кардааст, ки ҳар яке аз дигарӣ беҳтару хубтаранд. Суруди Душанбе, ки устод ҳамчун асосгузори синтези таронаҳои миллӣ дар «сабки пойтахт» офаридааст, Душанбеи аҳди қадиму Душанбеи навинро чунон тасвир мекунад, ки носталживу реализм шунавандаро мадҳуш месозад. Ва ё суруди «Модар», ё «Ҷавонӣ», ки дар пасманзари «Соли 2017-соли ҷавонон» эҷод шудаанд, магар «Суруди Сол» нестанд?
1 муаммои дигар маро ба ҳайрат меорад, ки устод Ҷамшед барои ҳамин таронаҳо бо Дипломи Вазорати Фарҳанг, КИ Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва Иттифоқи Композиторон қадрдонӣ шудааст (ниг.ба акс). Пас, оё ҳамин ифтихорномаҳо ба маънии чун «Суруди Сол» пазируфтани таронаи ӯ набошанд, обрӯву имиҷи ин вазорату иттиҳодияҳо ва дипломашон дар чист???
«Суруди Сол» 1 вежагии дигар ҳам дорад. Дар тамомии олам ҳини баргузории чунин чорабинӣ аз композитору сарояндагони гузашта ёд мекунанд, ки хидматҳо дар рушди санъати миллӣ карда буданд. Илло дар мо, ки ҳаргиз аз Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Борис Наматиев, Маъруфхӯҷаи Баҳодур, Абдуҷалил Ҳошимов, Ало Алоев, Барно Исҳоқова, Зафар Нозим, Нигина Рауф, Улфатмоҳ Маҳмадамбарова, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Кароматулло Қурбонов, Ҳусайни Насриддин ва даҳҳо нобиғаи санъати миллӣ касе ёд намекунад… Ҳаминҳо буданд, эй мардум, ки парчами таронаҳои Тоҷикиро бар боми олам васл сохтанд. Шумо бо баргузории чунин конкурсҳо, ки устодони фақид 1 сӯ, устодони зиндаву саломат ва фаъолро фаромӯш кардаед, бар намакдони санъати миллӣ туф меандозед. Намак мезанад!
PS: Агар кор ба ҳамин тартиб рафтан гираду устодони зиндаёд ва мубаллиғини санъати асили миллӣ фаромӯш монанд, газетаи мардумии СССР дар ояндаи наздик варианти алтернативии «Суруди Сол»-ро роҳандозӣ хоҳад кард. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter