ХАБАРИ ДОҒ

Террори бераҳмонаи Ҷангӣ-полвон

  • Душанбе, Дек 11 2017


(идомаи «Фоҷиаи Сичароғ»)

Эҳсоси Ҷангӣ
Русҳо 1 одати хуб доранд: ҳини аввалин вохӯрӣ номро гирифта шинос мешаванд. То ҳол афсус мехурдам, ки чаро номи якдигарро напурсидем. Ҳамсафари «гражданский»-и мо тахмин 30-35-сола буду қадбаланду бузургҷусса, хушчақчақ. Вақте ҳама омода шуданд, Ҷангихон бо 2 тани дигар, ки бо либоси низомӣ буданд, назди мо омада гуфтанд, «ин бародарон мегӯянд, роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хум дар минтақаи Яхчи-Бун пурра хароб шуда, ҳеҷ гуна нақлиёт гузашта наметавонад, танҳо пиёда аз кӯтал гузаштан мумкин». Ҳама ҳайрон шудем, зеро бо ҳамин роҳ ба Душанбе омада будем. Медонистем, ки роҳи самти водии Рашт бо Сағирдашт хавфнок, зеро боевикҳои оппозитсия ҳамоно зиёд буданд. Дар дили ҳама шубҳа афтод. Азбаски дар Қалъаи Хум ҳама чашмбароҳи мо буданд, хоса, интизори озуқаворӣ, маҷбур будем, ба роҳ бароем. (Баъдан, вақте фоҷиа дар Сичароғ сар зад, дарк кардам, ҳамон ҳарбиёне, ки бо Ҷангихон омада буданд, воқеан хоинони Ватан будаву моро фиреб додаанд). Яъне ин «ликвидатсия»-и созмондодашудаи махсус буд.
Файзободро гузашта, ба Оби Гарм расидем. Дар Оби Гарм исти кӯтоҳ карда, боз хестем. Ин дам дар канори роҳ 1 автомашинаи тамғаи «Нива»-ро дидем, ки атрофаш 3-4 кас бо либоси низомӣ мисле ки саргардон онро таъмир доранд. Онҳо гӯё ба ёрӣ ниёз доштанд, ки ба мо чизе ишора карданд. Дар сафи пеши мошинҳои мо Ҷангихон дар кабина ва сардори қатора буд. Қатораро манъ карда, назди онҳо рафт. Баъди чанд лаҳза «Нива» пеш аз мо ба роҳ баромад. Омада боз ба кабина савор шуд ва ишора ба ҳаракат кардан дод. Мо низ чизеро пай набурдем ва гумон ҳам надоштем, онҳо ҳамон касонеанд, ки моро интизоранд.
Ба деҳаи Сичароғ расида, боз ҳамон «Нива»-ро дидем, ки канори роҳ истодааст, лек ин навбат онҳо, аллакай дар ҳолати омодабоши ҷангӣ барин менамуданд. Зеро дар даст силоҳ доштанд. Вақте Ҷангихон ин навбат аз кабина поин шуда, пеши онҳо рафт, фикр кардем, онҳо хизматчиёни низомии давлатианду бо ӯ ягон маслиҳате карда буданд. Лек 100 афсӯс…

Қатли Ҷангӣ
-Ҳамин ки Ҷангихон ба онҳо наздик шуд, аз ҳодисае пай бурду фармони ба қафо гаштанро дод. Ҳама якбора аз мошин фаромада оташ кушодем, онҳо низ ҷавобан тир кушоданд. Ӯ бо вуҷуди бӯзбала будану аз по афтиданаш, ҳамоно ишораи пас гаштан мекард, вале афсӯс, ки дер шуда буд. Аз қафои Ҷангихон Назримаду Алексей ва Исмат аз мошинҳо фаромада рафтанд, гӯё чизеро ҳис карда буданд. Ин ҷо на танҳо 3-4 нафари «Нива», балки ҳама дастаи мулло Абдулло дар баландии кӯҳҳо мавқеъи ҷангиро пешакӣ гирифта, интизори қатораи мо будаанд. Оташкушоӣ аз ҳама самтҳо оғоз гашт. Ҳамин ки Ҷангихон аз по афтид, аз қафои ӯ Назримаду Алексей ва Исматро низ заданд. Ба самти қатораи мошинҳо тир мисли борон мерехт. Ягон ҷои ободӣ дар мошинҳо намонд. Ронандаи яке аз мошини моро бо чашм дидам, ки дар сараш бо «снайпер» заданд, гарданаш овезон шуд. Инчунин автомашинаи бо «цистернаи» сӯзишворидошта, ки дар қатор аз қафои ман буд, каме қафо омаду аз роҳ баромада ҷар шуд. Ҳамсафари «гражданский»-и моро ҳам зада куштанд. Ман, ки дар қатор аввалин-«управляющий» будам, дидам, ки ҳама сарбозону афсаронро зада куштанд. Мошинаҳоро чунон тиршап-ғелбор карданд, ки як ҳодиса. Аз ҷумла, мошинае, ки таҳти идораи худам қарор дошт, касе бовар намекард, чи тавр зинда мондаам. Дар ин ҳодиса танҳо ман зинда мондаму халос, дигар ҳамаро куштанд. Шумораи куштагони Сичароғ аз 20 тан зиёд буд. Бо азобе дари автомашинаи тамғаи «Урал», ки таҳти идораам қарор дошт, кушода ба қафо нигоҳ карда, мошинро бо тамоми қувва ба пушт ронда, то ҷое омадам, ки аз майдони тиру туфанг канора буд, сипас мошинро рост карда, ба сӯи Душанбе бо суръати баланд рондам.

Номардони Ҷангӣ
Дар Оби Гарм 1 гурӯҳ милиса ва низомиёни канори роҳ маро манъ карданд, аммо наистода, беист «газ»-ро зер кардам. Дар ҳоли «шок» қарор доштаму комилан беёд! Барои он наистодам, чун гумон кардам хоинанд, зеро аксарияти онҳо аз ин амалиёт хабар доштанд! Хуллас, бо «баллон»-ҳои кафидаю дарида то Файзобод расида, назди шуъбаи амният манъ кардам. Дар шуъбаи амният ҳодисаро пурра нақл кардам.
Афсӯс, насибам нашуд, ки ҷасадҳои Ҷангихон-паҳлавонмарди бузургу шинохта ва баруманди Тоҷик, Назирмаду Қутбиддин, Алексей, Исматро оғӯш кашида, видоъ гӯям!!! Ин лаҳза аз фурсати бароям муносиб, аз минбари газетаи СССР, гуфтаниям, Парвардигор ҷояшонро ҷаннат ва гӯрашонро равшану рӯҳашонро шод бигардонад.

Қатли қотили Ҷангӣ
Хонандаи гиромии СССР! Боз 1 нафари дигаре, ки давоми Фоҷиаи Сичароғро шарҳ медиҳад, ин Ҳикматулло Мирзоев (тел: 905 55 65 14) капитани милиса, корманди хизматчии Вазорати корҳои дохилӣ, ҳоло дар истеъфо, ҷавонмарди шуҷоъ ва далерест, ки барои барқарории Ҳокимияти қонунӣ саҳми бориз дорад:
-Ҳодисаи нангини куштори паҳлавони номдори Ватан Ҷангихон Давлатов бо афсарону сарбозонаш дар Сичароғ ҳамаро дар ташвиш гузошт. Аз ҳисоби ВКД ҶТ, Горди миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ таъҷилан барои маҳви ин гурӯҳи ҷиноятпеша гурӯҳҳои фаврии зудамал ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд. Гурӯҳи хоинони Ватан-дастаи Мулло Абдуллоро дар ҷои ҳодиса-Сичароғ, дар ҷое, ки навакак ҳама сарҳадбонон ва сарбозону афсарони Вазорати мудофиа, ҷамъ 21 нафарро куштаву амволашонро ба яғмо бурда буданд, дарёфтанд. Ҷанг оғоз гашт. Душманон, ки баландиҳоро ишғол карда буданд, ба ҷанговарон имконияти пеш рафтанро намедоданд, зеро ягона роҳе, ки ба самти Рашту Сағирдашт мерафт, таҳти ҳимояи онҳо қарор дошт. Нақши Горди миллӣ барои зада нест кардани ин даста бағоят калон аст, зеро аллакай аз Оби Гарм ба зарба задан ба самти гурӯҳи мухолифин бо яроқҳои оташфишони ба масофаи дури тирандоз, амсоли танк, БТР, БМП, Град ва артиллерия оғоз карда буд. Хусусан, баъди он ки камин-нуқтаҳои оташфишонии онҳоро дарёфтанд, дар 1 лаҳза ҳамаро зада ба хок яксон карданд. Баъдан дар болотари деҳаи Сичароғ задухӯрди қувваҳои қудратии кишвар бо дастаи Мулло Абдулло зиёд тӯл кашид. Ҳиссаи хизматчиёни ВКД, ки банда низ дар он ҳайат ва бевосита дар набард будам, калон буд. Хизматчиёни ВКД баъд аз он, ки Горди миллӣ аз яроқҳои дурзан истифода бурд, ба амалиёти асосӣ-«чистка» гузаштанд. Дар баландии кӯҳ ҷасади муовини Мулло Абдуллоро, ки роҳбари ин амалиёт буд, ёфтем. Бисёриҳоро дар ҷои ҳодиса безарар кардем, талафоти ҷонӣ ҳам надодем. Ҳамагӣ ба 1-2 кас зарар расонида тавонистанду халос. Майдони ҳарб ҳудудҳои деҳаи Сичароғ буд. Хулоса, қасди сарҳадбонон ва паҳлавон Ҷангихонро аз душманон гирифтем. Сари вақт ҳозир шуда, ба душманон имконияти гурехтану руст шуданро надодем. Мо Метавонем!

Эпилоги Ҷангӣ
Мутаассифона, исми поки Ҷангихон, Аҳмадхон Исматов, Аслам Сангов, Боев, Каджай, Исмон Ғаниев, Ҳамидхон Искандаров, Абдурасул Шарипов ва дигарон, ки дар ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикон ҷон доданд, ба фаромӯшӣ рафтааст. Дар ҳақиқат, дар ин замон бояд қаҳрамонҳо бе ному нишон набошанд!!!

Абдушафеъ Тоҷов,
майори Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳоло дар нафақа, ш.Роғун

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter