ХАБАРИ ДОҒ


(идома аз шумораи пешин)

Ӯ омад, ё овардандаш?
Тавре хонандагони гиромии СССР ёд доранд, дар шумораи гузашта оид ба боздошт, истирдод, “CV” ва ҳадаф-“бизнес-проекти”-и Эшони Қиёмиддини Ғозӣ-генерали мардумӣ-“Ситсерон”-и майдони солҳои 92-уми “Шаҳидон” ба тафсил гуфта будем. Вақте матлаби мазкур омода ба чоп шуд, хабарҳое расиданд оид ба “ихтиёран” бозгашти “генерал”-и дигари Шаҳидон, узви ҲНИТи мамнуъшуда дар қаламрави Тоҷикистон, “советник” ва яке аз сутунҳои кабири ҳизби Муҳиддин Кабирӣ аз Эрони исломӣ ба Тоҷикистони дунявӣ. Сабаби тасмиму шартҳои бозгашти ӯ то ҳол эълон нашудааст ва мақомоти расмии Тоҷикистон низ ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Автобиографияи Гадоев
Саидиброҳими Назар (Гадоев) зодаи вилояти Кӯлоб буда, ҳанӯз дар солҳои 1980 ба ҳаракати наҳзати исломӣ таҳти раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамроҳ шуд. Ӯ фориғуттаҳсили Донишкадаи политехникии Душанбе аст. Соли 1989 вақте дар шаҳри Астрахани Русия ҳизби наҳзати исломии СССР таъсис дода шуд, мавсуф бо Давлати Усмон ба намояндагӣ аз наҳзатиҳои Тоҷикистон, ки 1 “кубик”-и асосӣ дар ҳизбро ташкил медоданд, муовинони раиси ҲНИ СССР интихоб шуданд. Дар соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ Саидиброҳим муддате дар ситоди бобои Сангак Сафаров-лидери асосии Фронти Халқӣ дар ш.Кӯлоб дар боздошт қарор дошт, вале тавонист ба Душанбе фирор кунад. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли аввали ҷанги гражданӣ ӯ аз Тоҷикистон гурехт ва баъди муддате зиндагӣ дар Афғонистону Эрон ба Русия омад ва то имзои Созишномаи сулҳи с.1997 дар ш.Маскав ба бизнес машғул буд. Баъди имзои созишномаи сулҳ Гадоев ба Тоҷикистон баргашт, вале дигар дар ҲНИТ чандон фаъол набуд. То солҳои 2015 дар мақоми мушовири раиси ҲНИТ ифои вазифа мекард ва дар интихоботи парлумонии моҳи марти с.2015 ба намояндагӣ аз ҲНИТ номзадиашро дар ҳавзаи №37-уми ш.Кӯлоб пешбарӣ кард, вале муваффақ нашуд.

1 мулло ва 4 зани ӯ
Маҳз дар ҳамин давра (27.05.2015) студияи ба ном "Нури Наҳзат” дар олами интернет навори видеоӣ - ишқварзӣ-секси Саидиброҳимро бо 1 зан ба намоиш гузошт, ки сарусадои зиёде ба бор овард. Суди н.Синои шаҳри Душанбе Саидиброҳимро дар серзанагӣ гунаҳкор хонда, ӯро ба андозаи 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 60.000 сомонӣ ҷарима баст. Дар ин бора мақомот бо пахши 1 гузориши видеоӣ низ тариқи шабакаи 1-уми ТВТ хабар доданд. Дар ин гузориши ТВ таъкид шуда буд, ки тафтишот зидди Саидиброҳим дар асоси шикояти Зебуниссо Гиёева-зани 4-уми ӯ оғоз шуд. Дар ин гузориш Саидиброҳим эътироф карда буд, ки бо Зебуниссо ақди никоҳ бастааст, вале баъди 4-5 моҳи ҳамзистӣ ҷудо шудаанд. Ӯ ҳамчунин серзанагияшро эътироф намуда буд, ки иштибоҳ кардааст ва ба айби худаш қоил аст:
“Соли 1982 бо ҳамсари аввал, Шарипова Моҳбону хонадор ва аз ӯ соҳиби 5 фарзанд шудам. Соли 1994 дар Маскав бо ҳамсари дуюм Наталя Петровна хонадор шудам ва аз ӯ 2 фарзанд ёфтам. Бо Бунафша Шарипова с.2008 хонадор шудем ва се фарзанд дорем. Баъди вафоти ҳамсарам, соли 2012 бо Гиёева Зебуниссо хонадор шудам, аммо 4-5 моҳ пас ҷудо шудем. Аз ӯ фарзанд надорам”.
Гарчанде ӯ мегуфт, ки зани русаш-Наталя вафот кардаасту аз Зебуниссо ҷудо шудааст, мақомот мегуфтанд, ӯ дар 1 вақт бо 4 зан зиндагӣ карда, хоҷагии якҷоя мебурдааст. Гадоев тавзеҳ дода буд, он зане, ки бо ӯ дар навор ҳамхобагӣ дошт, дар ақди никоҳи мусалмонияш аст. Ин зан худро Сумая Каримова муаррифӣ кард ва баъди нашри ин навор дар инет ғайб зад.

Дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим даст надорад...
Саидиброҳим баъди ин моҷарои судӣ, моҳе қабл аз манъи фаъолияти ҲНИТ ба Эрон рафт ва то ҳамин ҳафтаи пор дар он кишвар ба сар бурд. Гадоев баъди бозгашташ ба Душанбе бо расонаҳо сӯҳбат накардааст, вале ҳамсар ва писараш ба хабарнигорон гуфтанд, ки ӯ бо ихтиёри худ баргаштааст ва тайи 4 рӯзе, ки дар Тоҷикистон аст, касе аз мақомот ӯро суроғ ё бозпурсӣ накард. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон расман дар бораи бозгашти Саидиброҳими Назар изҳори назар накардаанд. Ба гуфтаи бархе аз манобеъ, ӯ баъди интихоботи парлумонии моҳи марти с.2015 дигар бо ҲНИТ алоқа надошт ва рӯзҳои ошӯби мусаллаҳонаи Назарзода дар Эрон буд ва аз ин рӯ, дар мақомот суоле ба вай надоранд.
СССР мавзуъро пайгир мемонад. Мо Метавонем!

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter