ХАБАРИ ДОҒ

Маорифи Қубодиёнро кӣ ғорат мекунад?

  • Ҷумъа, Дек 15 2017


Мактабу маориф яке аз рукнҳои устувори давлатдории навини миллати Тоҷик ба ҳисоб рафта, тарбияи насли наврас, омода намудани кадрҳои ҷавон дар самтҳои гуногун, баланд бардоштани рӯҳияи худшиносию ватанпарварии ҷавонону наврасон, шинохти ВАТАНу МИЛЛАТу ДАВЛАТ, дар маҷмӯъ рушди афкори зеҳнию тарбият намудани насли худогоҳу зирак аз мактаб вобастагии бузург дорад. Аммо шигифтангез он аст, ки иддае аз ашхоси бо ном «устод»-у «маорифчӣ» ва иддае аз роҳбарону «қудратмандон» худ дар саргаҳи маорифу тартиботу низом нишаста, бо истифода аз мақому манзалате, ки давлату миллат ба онҳо эътимод кардааст, ба чашми миллату давлат хок мепошанд ва талош менамоянд, ки ба ҷои бунёду ободсозии синфхонаҳову мактабҳо моликияти давлатро ғорат кунанд. Мисоли равшани ин дуздию ғоратгариро метавон дар сарнавишти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и н.Қубодиён, ки дар деҳаи «Қиёт»-и ҷамоати «Носири Хусрав» ҷойгир аст, мушоҳида намуд. Мактаби мазкур с.1987 бо 2 ошёна дар шакли 4-бурҷа қомат афрохта, дорои 18 синфхонаи таълимӣ, бо утоқҳои лингафонӣ, ҳуҷраҳои физикаву химия, биология ва устохонаи дарси таълими меҳнат, толори варзишӣ ва консертӣ, маҷлисгоҳ, хонаи муаллимон, китобхона, маркази бузурги гармидиҳӣ ва дигар иншооти маъмурию идорӣ дар замони ҳокимияти Шӯравӣ аз ҳисоби заҳмати колхозчиёни ин деҳа бунёд шудааст.

Китоби Тоҷиксӯзӣ дар мактаб
Вале бо гузашти 5 сол аз бунёди ин мактаби муосир, ҷанги таҳмилӣ дар кишвари Тоҷикон ҳукмрон шуду сарнавишти мактаб низ чун сарнавишти миллати Тоҷик номуайяну номушаххас монд ва мактаб ба дасти чанд авбошу роҳзану хиёнаткор афтид, ки дар нахустин фурсат китобҳои дарсию бадеии бо забони Тоҷикӣ мавҷударо дар саҳни мактаб дар 2 гулхан ба оташ кашиданд. Аз соли 1993 то имрӯз дар ин мактаб 8 директор иваз шуд, вале ба ҷои ободию шукуфоӣ аз ин муассиса 4 насоси обкашонӣ, 8 генератори ҳавотозакунӣ, асбобҳои аёнии фанҳои дақиқ, дастгоҳҳои фанни таълими меҳнат, мошинаҳои дӯзандагӣ, дастгоҳҳои синфхонаи лингафонӣ, дару ҷевонҳои ҳуҷраҳои тахассусӣ пурра маҳв шуда, маркази мустақили гармидиҳии мактаб бо дегҳои азими обгармкунӣ, наздик ба 500 метр қубурҳои обтаъминкунӣ, радиаторҳои гармидиҳии аксари синфхонаҳо ва қубурҳои обтаъминкунии дохили бино нобуд карда шудааст. «Маорифчиён» бо ин таҳаммул накарда, ҷевонҳову рафҳои китобии синфхонаҳо ва утоқҳои таълимиро, ҳар кадоме дар давраи худ нест карда, ҳатто равзанаҳои синфхонаҳо ва даҳлезҳои мактабро, ки аз рӯи лоиҳа ва қавонини сохтмонии муассисаи таълимӣ 2 қабат оинабандӣ шуда буд, чингизвор дуздида, қабатҳои якуми тирезаҳоро аз самти даруни мактаб канда, ба манфиатҳои худ истифода намуда, ҳолати мактабро боз ҳам ба самти рукуд наздик кардаанд.

«Маорифчиён» ва ғорати мактаб
«Маорифчиён» ҳатто лӯлаҳои оҳанини обро, ки аз ҳуҷра ба ҳуҷра, аз ошёна ба ошёна бароварда мешуд, бурридаву дуздидаву фурӯхтаанд, ки ақли инсони одӣ ба ин амали омӯзгорон ҳеҷ моил намешавад. Вале дар деҳаи Қиёт ин амал аз дасти «маорифчиён»-и мо ба хубӣ иҷро шуд, ки дигар дар дохили утоқҳои дарсию тахассусӣ чизе ҷуз девор боқӣ намонд. Чун дар дохили бинои таълимӣ чизи арзишманду медуздиданӣ боқӣ намонд, масъулини маориф оғоз карданд ба дороиҳои беруни мактаб: бо баҳонаи он ки боми мактабро мепӯшонанд, чинорзори атрофи мактаб ва гирди майдони варзиширо бурридаву фурӯхтанд, дастгоҳҳои обнӯшии хонандагонро, ки дар 2 самти мактаб ҷой дошт, нобуд карда, тунукаҳои атрофи мактаб, ҳатто дарҳои чӯбини ҳоҷатхонаҳоро канда бурданд. Дар ин муддат, ягон нафар аз идораҳои дахлдори экологӣ сабаб ва омилҳои буррида шудани ин дарахтзори азимро напурсид ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ин равандро пешгирӣ накардааст. Аз мактабе, ки муосиртарин мактаб дар замони сохташ маҳсуб мешуд, имрӯз 1 девораи дуошёна боқӣ мондаву халос.
Бо гузашти рӯзгор, барои шағолҳо дигар дар ин муассиса чизе боқӣ намондааст, ки меъдаҳои гандидаи худро пур кунанд, лек чанд рӯзи охир чашми «маорифчиён» ба муми боми мактаби №4 афтида, шабона иддае аз инсонҳои кирояи ношинос бо дастури хосаи Мирзо Эшов-мудири шуъбаи маорифи ноҳия болои бом баромада, муми бомро канда ҷамъ намудаанд, зеро мизоҷони он омодаи харидории мум будаанд. Бошандагони маҳаллаи Қиёт аз кирдори дуздонаи масъулин огоҳ шуда, пеши роҳи ғоратгарии навбатиро гирифта, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талабгори он ҳастанд, ки хиёнаткорони маориф ва дуздони амволи давлатӣ ёфт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, то барои дигарон низ панд гардаду эҳсос кунанд, ки ҳеҷ аъмоле беҷавоб намемонад.

Омӯзгор-ҷинояткор…
Дар масъалаи сифати таълим, хатми хонандагон ва дар кадом сатҳ тарбият намудани фарзандони мардум дар ин муассиса танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки Назаров Ғафур-муовини директори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 собиқаи маҳбусии 10-сола дошта, бо ҷурми тиҷорати маводи мухаддира дар вилояти Астрахани Федератсияи Русия беш аз 10 сол пушти панҷараи ҷазо нишастааст, вале ӯ имрӯз ҳамчун тарбиятгари фарзандони мардум кор мекунад. Суоле ба миён меояд, ки бо ин гуна омӯзгорону ин гуна муассисаи таълимӣ чигуна насли наврас ғурури миллию худшиносии миллӣ ва худогоҳии ниёиро аз бар менамоянду барои ояндаи кишвару давлат хизмат??? 

Атозода Муҳаммадиқбол,
рӯзноманигор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter