ХАБАРИ ДОҒ

Мушкили коллеҷ ҳалшаванда аст

  • Ҷумъа, Дек 15 2017


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба мақолаи «Коллеҷе, ки 2 аср боз иҷоранишин аст» (СССР, №40(473), 5.10.2017) иттилоъ медиҳад, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент» беш аз 25 сол барои тайёр кардани мутахассисони миёнаи тиббӣ машғул аст. Тӯли ин солҳо беш аз 3900 нафар мутахассисон бо ихтисосҳои гуногун коллеҷро хатм карда, ба муассисаҳои тиббии ш.Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба кор равона шуданд. Айни замон, Коллеҷ дар биноҳои зерин фаъолият мекунад: бинои Раёсати омори ш.Паҷакент бо 11 синфхона ва 13 ҳуҷраи хизматӣ, бинои алоҳида дар назди тавалудхонаи ш.Панҷакент бо 5 синфхона, кӯчаи Терешковаи ш.Панҷакент бо 6 синфхона ва дар бинои Беморхонаи марказии ш.Панҷакент бо 3 синфхона. Масъалаи барҳам додани коллеҷ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми сафараш ба ш.Панҷакент баррасӣ нашуда буд. Ҳангоми сафари корӣ дар моҳи августи с.2017 вазир бо раиси ш.Панҷакент оид ба ҳалли масъалаи мазкур гуфтугӯ дошт ва дар оянда ин масъала роҳи ҳалли худро меёбад.

М.Камолзода,
муовини вазир

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter