ХАБАРИ ДОҒ

Рӯзи шанбеи 16 декабр аз даргузашти Генерали ҷангии Тоҷик Сӯҳроб Қосимов 3 сол пур шуд. Ӯ дар торумори лашкари давлати исломӣ ва зархаридони Хаттабу Ҷумъаи Намангонӣ ва шикасти Маҳмуди Худойбердӣ дасти тамом дошт.

Генерал 16.12.2014 бар асари бемории тӯлонӣ, дар синни 53-солагӣ, ки барои ҳар мард давраи шукуфтану авҷи камолот аст, вафот кард. Умри ниҳоят кӯтоҳ, аммо хеле пурсавдову пуршӯр ва ҳам пурбору пурбаракатро аз сар гузаронд. Қосимов аз с.1993 то с.2007 ба ҳайси афсар дар сафи ВКД ҶТ хизмат карда, аз с.2002 то с.2012 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон буд.

 Садоқати Генералӣ
Нахустин махсусияте, ки онро ман давоми кори якҷоя дар Сӯҳроб Қосимов пайдо кардам, ин муҳаббату садоқат ба Миллат, Давлат ва Сарвари он буд. Бешубҳа, ин 3 вожаи ба ҳам алоқаманд аз муқаддасоти Генерал дониста мешуданд. Ҷонбозиҳои сарвари давлатро барои ваҳдати Миллат намунаи барҷастаи шуҷоату далерӣ, нотарсиву ҷавонмардӣ номида, хизматҳои ӯро дар созмон додани 1 давлати воҳид бесобиқа унвон мекард. Чун мешунид ё мехонд, ки Тоҷике дар ҷое андаке муваффақ шудааст, сахт шодӣ мекард ва аз хурдтарин бохт низ сахт ғусса мехӯрд. Артишеро, ки роҳбарӣ дошт, дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ тарбият кард. Бовар дорам, касоне, ки ӯро аз наздик медонистанду мешинохтанд, ё ҳадди ақал боре ҳамсӯҳбату ҳамнишин гаштаанд, тасдиқ мекунанд, ки Генерал аз содиқтарин афсарони Артиши ватанӣ буд.

 Мактаби Генералӣ
Сӯҳроб Қосимов замони ҷанги шаҳрвандӣ нишончӯби муаллимиро ба автомат иваз карда, бад-ин тартиб, гӯё тағйири касб кард. Вале аз оне, ки дар оилаи зиёӣ таваллуд ва тарбият шуда, Донишкадаи Давлатии ба номи Ленини ш.Москваро бо ихтисоси дифектолог ба анҷом расонида буд, ҳаргиз худро аз касби омӯзгорӣ ҷудо намедонист. Солҳои аввали ташкил шудани қисми ҳарбии 3502, ки вобаста ба вазъи воқеӣ, таълиму тарбия дар макотиби миёна суст гаштаву баъзе аскарони нав ба хизмат омада, ҳатто саводи кофии хондану навиштанро надоштанд, бо супориши ӯ дар қисми ҳарбӣ синфхонаҳо таъсис ёфта, афсароне, ки дар гузашта мисли худаш муаллимӣ мекарданд, ба ҷавонаскарон хату савод омӯзонданд. Натиҷа ин шуд, ки баъдтар аз миёни наваскарон садҳо тан пешаи афсариро интихоб карда, ба пайроҳаи устодашон рафтанд ва айни ҳол дар ниҳодҳои гуногуни қудратии давлатӣ вазифаҳои пурмасъулиятро ба зимма дошта, ҳатто то ба рутбаи генераливу полковникӣ расидаанд. Генерал Хуршед Маҳмадшозода, полковникҳо Қудратулло Абдуллоев, Сӯҳроб Раупов, Музаффар Ҷабборӣ, Баҳром Шокиров ва садҳо тани дигар аз ҷумлаи шогирдон ва хатмкардагони мактаби мардонагиву шуҷоати Қосимов мебошанд, ки имрӯз низ содиқона ба Ватан хизмат доранд.

 Ғурури Генералӣ
Ҳеҷ кас дар пеши ӯ ба таҳқир ва ё кам задани нафари дигаре ҳақ надошт. Нағз дар хотир дорам, ки боре дар 1 маросими ҷашнӣ дар “Меҳмонхонаи Тоҷикистон” меҳмони сархуши хориҷие 1 раққосбачаи Тоҷикро таҳқир кард. Генерал ин меҳмони сархушу пулмастро аз гиребонаш дошта, ба гӯшаш мушти обдоре кӯфт ва тақозо кард, ки аз Тоҷики соҳибҳунар фавран узр бипурсад. Агар дахолати бевоситаи 1 намояндаи соҳибэҳтироми ташкилоти бонуфузе намебуд, намедонам ҳоли ун “бечорамеҳмони бадсухан” чӣ мешуд. Меҳмон ҳамон шаб оҷилан меҳмонсароро тарк кард ва то имрӯз дигар боре ҳам ӯро ҷое во нахӯрдам.
Дили соф дошт. Ба ҳеҷ кас кинаву адоват намеварзид ва ҳам шахсеро бесабаб ситам намекард. Дурӯябозиву дугунагиро намеписандид ва агар нафаре ба хотири дар пеши ӯ худашро нағз нишон додан, ба ғайбати дигарӣ лаб мекушуд, ҳамон лаҳза даҳонашро мебаст. 1 суолаш медод, ки оё ҳамин суханонатро дар рӯбарӯи ун кас гуфта метавонӣ? Агар ҳа, пас раву ба худаш гӯй ва агар не, даҳонатро ҷамъ дор ва пеши ман ғайбати дигариро накун. Дарҳол мавзуъ дигар мешуд.

Футболи Генералӣ
Генерал варзишро дӯст медошт, худаш ҳам аз хурдӣ ба он машғул буд. Дар навъи варзиши каратэ “камарбанди сиёҳ” дошт. Солҳои охири шӯравӣ, дар мактаб-интернати ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба ҳайси омӯзгор фаъолият карда, мустақиман дар 1 маҷмааи варзишӣ ба шогирдон, ки бештарашон донишҷӯ буданд, ройгон машқи каратэ медод. Аз с.2002 то с.2012 вазифаи Президенти ФФТро бар дӯш дошт. Коршиносон бар он назаранд, ки дар ҷорӣ намудани тартибу интизом дар футболи ватанӣ низ саҳми бориз дорад. Инчунин, дар ин давра тими миллӣ, дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳои футболи кишвар ба якчанд нишондоди назаррас ноил шуданд. Моҳи январи с.2012 дар Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии ФФТ барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда дар рушду инкишофи футболи ватанӣ Сӯҳроб Қосимов аз ҷониби Президенти тозатаъйини ФФТ Рустами Эмомалӣ Президенти фахрии ФФТ эълон  шуд, ки инро метавон нишони эҳтирому сипос ва арҷгузории Президенти ҷавон ба ҳамтои собиқадораш унвон кард.

Нуралӣ Хоркашев,
махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter