ХАБАРИ ДОҒ

Миллати хабаркаш шудаем!

  • Панҷшанбе, Дек 21 2017

Бидуни ғараз-8

Халқи Тоҷик умре хабаркаширо бад медид. Дар аскарӣ мекуштанд ҳам нафаре «стучать» намекард. Зимнан, Тоҷиконро дар Армия, донишкадаҳои дуру наздик, корхонаҳо иззат мегузоштанд. Хабаркашӣ ор буд барои насли мо. Солдидаҳо шояд дар хотир надоранд, ки ҳамсоя ба ҳамсояе шиква бурда бошад. Помириву кӯлобиҳо 70 сол миёни ҳам разбору ҷангу хархаша доштанд, аммо нафареро бо ин ҷурм боздошт намекарданд. Зеро на кӯлобӣ ва на помирӣ ариза наменавишт, 10 корд мехӯрду хабар намекашид!!! Ҳоло барои 1 силлӣ Одамро то 5 сол ҳабс мекунанд. Чунки хабаркашӣ расму одати имрӯзиён шудан дорад...
1 қиссаи воқеӣ ҳич аз пеши чашмам дур намешавад: Тахминан солҳои 2008-09 дар дафтари раиси Агроинвестбонки водии Кӯлоб нишаста будем, ки мӯсафеде, аз кӯҳманзари Муъминобод бо шиква пеши Сайфиддин Қадамов-мудири ин бонк ва ҳамсинфи ман даромад. Сайфиддин гуфт, «бобо шикоят аз болои раиси ноҳияатонро ба ҳамин нафар гӯед, ӯ сардабири ҳафтанома асту ҳаллу фасл мекунад!». Мӯсафед гуфт: «Метонӣ-ш?». Гуфтам: «Метавонам, аммо Шумо бояд 1 аризаи шикоятӣ ба номи редаксияи СССР нависед». Он чизе мӯсафед гуфт, аз решаи нангу номуси 7-ҳазорсолаи фарҳанги ориёӣ об мехӯрд. Ӯ гуфт:
-Бачам, дар 70 рафтаму хабаркашӣ накардам. Имрӯз ариза навишта хабар кашида рӯямро сиёҳ кунам?
…Ва баромада рафт…
Перомуни ин мавзуъ борҳо навиштанӣ будам, вале стимул ёфт намешуд. Говрона, ё худ стимули ман воқеаи ахирӣ дар Фейсбук гардид. Дар «Баҳси Бедил» 1 олими ҷавони бехабар аз одоби муошарат шоирро дашном дод. Дуруст аст, ки хато ва беодобӣ кард. Олами Фейс зиддаш шӯриду ӯро ба итоби дӯзахи инҷаҳонӣ, яъне таҳқиру таъқиби Суккербергия кашиданд, ки аз ҷараёни Маъҷубия ҳич камӣ надошт. Ту гӯӣ, бомбаи атомӣ ба сари он бечораи беодоб афканда шуд. Вале бо ин ҳама тоқат накарда…корбарони Фейсбук бо номаи дод ба Президенти ҶТ ва Президенти АУ муроҷеъ шуданд, то он бечораро ба муҷозот кашанд. Ба забони ҷавонмардӣ, мо-ҳамакаса хабаркашӣ кардем, то 1 тане, ки зидди мо сухан мегуфт, бигзор бо дашном низ, ҳатман муҷозот шавад. Ва боз ба кӣ хабар кашидем??? Дар хабаркашӣ низ максималист шудаем!
Боре шоҳиди 1 ҳодиса шудам: 2 нафар хархаша доштанду яке фукашро таки мушти дигарӣ гузошта, дод мезад, «канӣ, мард бошӣ 1-то зан! Пагоҳ 10 сол судат мекунам!». Дигарӣ бо ҳасрат мегуфт, «ҳайфи даврони ҷавонмардӣ, ки гузашт…».
Тарсуҳо, хабаркашҳо, тӯҳматчиҳо, иғвоангезҳо, шикоятнависон, анонимшикҳо давра меронанд. Дигар мардуми мардпеша дар ҳарос аст, зеро ғурури ҷавонмардӣ ору нанг шудааст. Дилхоҳ хабаркаш паси панҷара мекашад дилхоҳ марди мардро…
Намегӯям, ҳама хулиган бошаду ҷангу занозанӣ карда гарданд. Ҳаргиз! Аммо миллате бояд оини ҷавонмардӣ дошта бошад, охир?! Ҷавонмардиву ғурурро бояд дар ҳар лаҳза, бо ҳар роҳу восита ҳифз кард. Бо сухан, сӯҳбат, баҳс ва агар нашуд бо мушту лагад, ки гуфтаанд:
Саги девонаро дору кулӯх аст!
Мақомоти қудратӣ низ набояд ба ҳар арзу шикваи мардуми номард таъҷилан дело кушояд. Дар ҳамон даврони шӯравӣ қабл аз оғози парванда, 7 бор чен мекарданду 1 бор мебурриданд. Мо даррав мебуррем!
Миллатро дар ситами хабаркашҳо гузошта, тарсу набояд кард, ки оқибати бади бади бад дорад! Ҳини баррасии ҳар арзу шикоят ҳатман фактори ҷавонмардӣ, чун қонуни нонавишта, аммо муҳимтарин дастоварди миллӣ бояд ба инобат гирифта шавад. Хабаркаширо чун бадтарин иллат, ҷурм, камбуд ва зиллат бояд дар ҳама шаклу формула маҳкум намоем, агар мехоҳем миллати вораста ва шарафманд бошем.
Медонам, ҳастанд тоифае, зумрае, тӯдае, ки маҳз бо хабаркашӣ рӯз мегузаронанду имрӯз аз набуди мушти ҷамъиятӣ ва силлии ҷавонмардӣ даст дар оташи ҳасади худ гарм мекунанд (ҳунару шарафи ҷавонмардӣ, ки надоранд, хабаркаш шудаанд). Инҳо тарсончаконе ҳастанд, ки баробари дамидани бӯи хатар, чун каламушҳо киштии ғарқшударо, ватанро партофта мегурезанд ва ҳифзи марзу бум боз сари ана ҳамон чанд нафараке мемонад, ки хабаркашакҳо миёнашонро шикастан доранд. Оре, ҷавонмардон камчин, азиз ва нафарак шудан доранд. Зимнан, бояд тарбиятро дигар кард. Кӯдакатро, хонандаи ин сутур, оре маҳз туе, ки фикр дорӣ, «СМ маро низ дар назар дорад?», тарзе тарбият кун, ки маргро бар хабаркашӣ тарҷеҳ диҳад. Миллатро ақаллан ба ҷавонмардизми солҳои 90 баргардонем, хабаркашҳо худ маҳв мешаванд ва ин миллат вораста ва шиори муқаддамотиаш бармегардад:
Хуни худро гар бирезӣ бар замин,
Беҳ, ки оби рӯй резӣ бар канор…
Мо Метавонем!

PS: Ҷанҷоли фейсӣ ва «дилсӯзӣ дар нисбат ба Бедил» ба машоми ман бӯи бади солҳои репрессияи 37-ро овард, ки мо-Тоҷикон якдигарро душмани халқ эълон кардаву бадарғаву қатл мекардем... Ҳайфи мо, агар ба он даврон баргаштанием!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter