ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Наҷот деҳ!!!

  • Панҷшанбе, Дек 21 2017



18.12.2017. Соат ба вақти СССР 09:17 дақиқа. Ростӣ, навкори газетаи мардумиям. Дар назди СССР Маркази продюсерӣ кушодам ва нахустин коре, ки кардам, бе иҷозати сардабир, аз фоҷеаи сари хонадони Дилноза Каримова-сарояндаи хушадои хуҷандӣ омада, ба даҳшат уфтода, аз номи газетаи мардумӣ эълон кардам, дар Интернет, ки консерти хайрияи наҷоти Дилнозаро баргузор менамоям. Оре, ҳарчанд кӯдаки Дилноза Диёрбеки 6-солаи нозанин мариз шуда бошад ҳам, шифои ӯ наҷоти худи Дилноза аст…
Зимнан ба дафтари кории сардабир даромадам, ки СМ аз ҷо бархоста, дастамро фишурд ва бонг зад:
-Офарин! Командаи СССР бояд худ ташаббускор бошаду дар соатҳои саъбу сангин ҳаммиллату ҳамватани худро дифоъ кунад! Беҳтарин коре, ки кардӣ, хоҳарам. Акнун бигӯ, ки мо чӣ кор кунем???
Ва посухи маро интизор нашуда, чанд роҳу равиши баргузории консерти хайрия ва ирсоли пули бадастомадаро ба ман пешниҳод намуда афзуд:
-Ин кор бояд то ҳадде шаффоф бошад, ки охирин 1 дирами консерти хайрия ба дасти модари Диёрбеки нозанин-Дилноза расад.
Ва боз афзуд: Ба Дилноза гӯй, ки кӯдакро наҷот медиҳем. Мо метавонем!

Диёрбек  саратон аст…
Шунавидани ин хабари шум, мани модари 4 фарзандро чун барқ такон дод. Ба иттилои аз хонаводаи Дилноза расида, наметавон бовар кард. Додари ӯ-Зайниддин Каримов дар саҳифаи иҷтимоии худ менависад:
-Бо навиштани номаи худ ба шумо маълум менамоям, ки ба оилаи мо-Каримовҳо, ки ҳамагӣ аҳли санъату ҳунарем, мушкилие омада. Сахт аст ба ин бовар кардан, тоқат кардан, эҳсос кардан ва ин эҳсосро навиштан. Аммо аз ин пас нанавишта ҳам наметавонистам. Чаро, ки фарзанди хоҳари мо Дилноза Каримова-Диёрбеки 6-сола аллакай 2 моҳ мешавад, ки дар беморхонаи онкологии Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷогаҳист. Ҳамагӣ 2 рӯз пеш мутахассисон пас аз ташхисҳои тӯлонӣ хулоса карданд, ки Диёрбек Аминҷонов ба бемории «саратони лимфомзинаи 4» гирифтор аст. Диёрбек бояд муолиҷаи фавриро дар кишвари Россия идома диҳад, ки ин табобат маблағҳои зиёдро тақозо мекунад. Умедворам, дар ин рӯзҳои душвортарин барои хонаводаи мо шумо ҳамроҳи мо ҳастед. Дуо кунед!

Аҳли фарҳанг  ба по хез!!!
Ин хабарро хонда, дунё дар назарам тираву тор гашт. Дилнозае, ки 17 сол бо хандаи шаккарин 8 млн. Тоҷикистониро мешӯрониду механдониду мехиромонид, ба чунин даҳшат дучор шудааст. Худоё, ягон модар ин рӯзро набинад. Ман ҳадаҳа он шаб дар саҳифаам тасмим гирифтам консерти хайрия роҳандозӣ кардаву маблағи бадастомадаро ба Дилноза ирсол дорам. Хушам омад, ки дар чанд соат чандин ситораҳои эстрадаи миллӣ хоҳиши ширкат дар консерт ва бархе болои ин ирсоли пул кардаанд. Бархе мегуфтанд, «мо пул медиҳем, аммо овоза накун, Шоира». Аммо ман мекунам! Зеро мо миллатем ва бояд ба дарди 1 ҳамватан бирасем. Мо метавонем!

Браво,  устод Афзалшоҳ!
Хушбахтона, хеле аз ситораҳои маъруфи мо, билофосила барои ширкат дар ин консерти хайрия изҳори омодагӣ карданд. Аз ҷумла, Файзигул Юсупова, Ҳаётой Муъминова, Сабоҳат Наҷмиддинова, Садриддини Наҷмиддин, Далери Хайриддин, Сарвиноз Юсуфӣ, гуруҳи Авесто зери роҳбарии Таҳмина Рамазонова, Райҳона Раҳимова, Қобилҷон ва Комилҷон Зариповҳо ва чанд ҳунарпешаи ҷавон. Ровии маъруф СубҳонҶалилов, Бахтовари Бобоҷон ва Таҳмина Раҷабова барандагии консертро бар ӯҳда гирифтанд. Толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон зери роҳбарии устод Афзалшоҳи Шодӣ барои баргузории ин консерт омодагӣ нишон дод. Аллакай, устод Афзалшоҳ ҷавонмарди асиланд ва моро дастгирӣ карданд...

Фарзанди Миллат-Диёрбек!!!
Бовар дорам, дигар ситораҳои санъат ҳоло ин хабарро нахондаанд, зеро мутмаинам агар хабар ёбанд, ҳатман ба ин амали хайр қӯш мешаванд. Консерт авоили моҳи январи с.2018 баргузор мегардад ва аз ҷараёни омодагиҳои он мо ҳатман хонандаро воқиф хоҳем кард. Ҳар нафаре, ки мехоҳад дар ин амри хайр саҳм гирад, метавонад пулу маблағ гузаронад, билети консерт харад ва рӯзи баргузории консерт ба сандуқи хайрия пул гузорад. Ман бовар дорам, Диёрбекро наҷот мебахшем ва ӯ Писари Миллати Тоҷик унвон мегирад. Мо Метавонем!

Шоираи Раҳимҷон,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter