ХАБАРИ ДОҒ

Қатли Сангаку Файзалӣ аз «дурбин»-и муфаттиш

  • Панҷшанбе, Дек 28 2017

Шинос шавед:


Бобоқул Назаров 16.01.1939 дар н.Балҷувон зода шуда, баъди хатми синфи 10-и мактаби миёна ба ноҳияи Фархор муҳоҷир мешавад. Соли 1953 ба мактаби 3-сола – Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии н.Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дохил шуда, онро бо ихтисоси «китобдорӣ» с.1956 хатм кард. Дар н.Ховалинг ба сифати Мудири китобхонаи бачагона даст ба кор шуд. Соли 1959 ба УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, онро с.1964 хатм намуда, корро ба ҳайси муфаттиш дар прокуратураи н.Панҷ шуруъ кард. Аз с.1966 сармуфаттиши Прокуратураи ш.Кӯлоб. Аз с.1970 муфаттиши прокуратураи н.Колхозобод (ҳоло Ҷ.Балхӣ). Аз с.1972 муфаттиши прокуратураи н.Ванҷ. Аз с.1976 сармуфаттиши прокуратураи ш.Қӯрғонтеппа. Аз 1.01.1979 сармуфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати корҳои дохилаи вил.Қӯрғонтеппа. Соли 1981 курси 3-моҳаи Мактаби баланд бардоштани ихтисоси прокуратураро дар ш.Ленинград (Санкт-Петербург), дар байни 300 нафар аъло хатм намуд. Аз с.1982 сардори Шуъбаи тафтишоти милитсияи ш.Қӯрғонтеппа ва аз с.1984 сармуфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими РКД дар вил.Қӯрғонтеппа. Аз с.1993 муовини сардори Шуъбаи тафтишоти РКД дар вил.Хатлон. 31.12.1993 бо сари баланду обрӯи муҳаммадӣ ва бо рутбаи «подполковники милитсия» ба нафақа рафт. Аз шогирдони бисёр вафодору содиқи шодравон Карим Ҳасанов, ҳуқуқшиноси варзида, муовини Прокурори генералии ҶТ ва дӯсти газетаи мост… Соҳиби 10 фарзанди накӯ бо маълумоту фаросати олӣ. Телефони мобилиаш: 919 28 30 00. Айни замон бознишаста асту аз дарди по ранҷ мекашад.

Комрони Далер фош шуд!
Бобоқул Назаров ин ҳамон муаллифу мухлиси доимиву ашаддии газетаи мардумии СССР аст, ки бо имзои «Комрони Далер» пайваста менависад ва касе намедонист, ки Ӯ кист (ҳатто мо намедонистем!). Комрону Далер номи набераҳои ширину дӯстрӯи Ӯст! Чун иллати бо «имзои мустаор» навиштанашро пурсидам, гуфт: «Хешовандону пайвандон «насиҳат»-ам карданд, ки ту гоҳ-гоҳ дар вақти навиштан «перебольшить» мекунӣ, барои ҳамин ному насаби аслиятро нагузор, то ба мо гап нарасад…».
Мавсуф аз замони пурталотум ва бисёр бенизому пур аз ваҳшату даҳшати солҳои 1992-97, доир ба чеҳраҳои сиёсӣ-Турсун Ӯлҷабоев, Бобои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саид, Ҷиёнхон Ризоев, Рустами Абдураҳим ва куштори дастаҷамъонаи дастаи Ҷомӣ Мизонов-командири данғарагӣ дар таҳхонаи бинои КГБи ш.Қӯрғонтеппа аз ҷониби бобои Сангак, «террор»-и бераҳмонаи Лангарӣ Лангариев дар ағбаи Чормағзак… хотираи зиёд дорад ва қавл дод, ки ин ҳамаро ба тадриҷ ба СССР навишта мефиристад. Ҳоло бошад, дар сӯҳбат бо СССР роҷеъ ба қатли 2 лидери номии Фронти Халқӣ-Бобои Сангак ва «писархондаш»-Файзалӣ Саидов гуфт, ки қотили аслии онҳо кисту аз тиру камони киҳо ҷон додаанд…

Лунев масхарабоз аст
Солҳои зиёдест, ки оид ба қатл ё «ликвидатсия»-и мармузи қумондонҳои машҳури Фронти халқӣ дар солҳои 1992-93 Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов дар матбуоти даврӣ менависанд, аммо ин муаммо дар 24 сол натиҷа-посухи асосии худро наёфт. Ин ҳодисаро ҳар кас бо тарзҳои гуногун ба қалам медиҳанд. Ин ҳолати муқаррарист, чунки 1 кас ба нафари дигар, фарди дуюм ба сеюм… мерасонад ва ин нақлҳо ба худ рангу маънӣ ва мазмуни дигарро гирифта, дар натиҷа асли қазия ба афсона-фантазия табдил меёбад. Махсусан, дар газетаи дӯстдоштаам-СССР зиёд навиштанд, ки Сангаку Файзалӣ аз тиру силоҳи Лунев Валерий Николаевич ном масхарабози гузаро, корманди Кумитаи бехатарии Русия бо лақаби «Луна» ҳадафмандона кушта шудааст. Ва ҳама то ин дам ба ҳарзаҳои «Луна» бовар мекарданд. Гӯё Лунев назди Заводи пахтатозакунии совхози ба номи Куйбишев (ҳоло ба номи Ф.Саидов)-и ноҳияи Бохтар омада, ҳама тарафро аз назар гузаронда, болои дарахте назди ҳавлии Файзалӣ камин гирифтааст. Ва шабона гӯё аз болои ҳамун дарахт назорат бурда, вақте С.Сафаров аз дарвозаи ҳавлии «писархондаш» бо мизбон берун мебарояд, ӯро парронда бошад. Аз рӯи иқрори Лунев ин кушторро нируҳои вежаи Русия ташкил кардаанд, чунки ин ҳар 2 қумондон бо дағдағаҳои беш аз ҳадди худ ба дили ҳама зада будаанд. Аммо ман ҳамчун муфаттиш-мушоҳид қотеъона ва бо ҳисси масъулият мегӯям ва тасдиқ мекунам, ки Лунев 100 бор номаъқул кардааст. Ӯ ин корро накардааст ва карда ҳам наметавонист. Ӯ мехоҳад номи худро дар атрофи ҳамин сенсатсия «маъруф» кунад.

Сафари Сангак берун аз нақша буд
Аввал ин ки аз назди Заводи пахтатозакунӣ манзараи омаду рафт ва лаҳзаи ҳаракат ба ҳавлии ҷавонмарг Файзалиро дидан аслан имкон надошт. Қад-қади ҷӯе, ки аз назди ҳавлии ӯ мегузашт, дарахтон мавҷуданд.
Дуввум ин ки аз ҳар 2 тарафи роҳи автомобилгарди участка-маҳалла постҳо гузошта шуда, дохили участка (Шуъбаи 1-уми совхоз) ҷангиёни Файзалӣ ҳамвора дар ҳаракат буданд ва каси бегонаю ношинос ҳаргиз пинҳонӣ омада наметавонист!!! Сокинони серташвиши совхоз низ ҳамаро медиданд ва мешинохтанд. Ба фарди ношинос бо шубҳа нигариста, ҳатман хабар медоданд.
Сеюм ин ки ба хонаи Файзалӣ омадани Сангакро касе пешакӣ намедонист. Ин меҳмонӣ ва омад-омади дед дар нақшаи кории ҳар 2 қумондон аслан пешбинӣ ва сабт нашуда буд, то ин ки Лунев инро дониста, пинҳонӣ ба қатли эшон омодагӣ дида бошад.
Чорум ин ки дар атрофи ҳавлии Файзалӣ аз тарафи кӯча-ҷӯйбор буду муҳофизон болои дарахтони беду тут, болои бому чердаки хонаҳо шишта, ҷиддӣ дар назорат буданд ва омадану болои дарахте шинак гирифтани Лунев чӣ, ки паридани пашша дар дурбини снайпери ҷондорони Ӯ ба пуррагӣ падидор буд, ҳатто шабона!!!

«Падару писар» зидди ваҳҳобиҳо меҷангиданд
Моҳи сентябри с.1992 вақте дар ш.Қӯрғонтеппа ҳузури мардуми зодаи Кӯлобзамин хеле хавфнок шуд, ман ба идораи Совхози ба номи Кӯйбишев, ки штаби вилоятии бачаҳои кӯлобӣ он ҷо ҷойгир буд, омадам. Раҳматӣ Файзалиро дидам, ки хело серташвиш буду пурҳаракат ва нисбати ҷангиёну муҳофизонаш талаботи хеле сахту ҷиддӣ дошт, муҳофизонро ҳаргиз аз назди худ дур намегузошт. Лунев оид ба ҳодисаи куштани ҳар 2 бо воҳима гап задааст. Барои ҳамин ба «чеҳратарошӣ»-и Лунев бовар накунед. Ҳам бобои Сангак ва ҳам Файзалӣ ба мардуми русзабон ғараз надоштанд ва аз онҳо тарафдорӣ мекарданд. Аз ин ҷиҳат назари «Луна», ки дағдағаҳои ин қумондонҳо ба дили ҳама зада буд, дурӯғи маҳз аст! Дар ин кори палид-қатли ин ҳар 2 дасти мақомоти Русия аниқ нест. Баръакс, мақомотҳои Русия аз амалиёти Сангаку Файзалӣ барои оромии кишвар тарафдорӣ намуда, ба мубориза бар зидди мусулмонҳои фанат-ваҳҳобиҳо ва лидерони онҳо қозии вақт-Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Саид Абдуллои Нурӣ, Давлат Усмон, думравони онҳо-Шодмони Юсуф, мулло Абдуғаффор, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ… мусоидат мекарданд, зеро он шабу рӯз агар пеши ҷанг гирифта намешуд, ба эҳтимоли ғолиб мардуми рус низ аз тири ваҳҳобиҳо «бо ҷурми кофир» будан пурра қатл мешуданд. Ва муборизаву набарди дед Сангак бо «писархондаш» Файзалӣ бар зидди ваҳҳобиҳо буд!!!

Давом дорад


Мусанниф Шаҳрзоди Амин,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter