ХАБАРИ ДОҒ

Мебандеммм! (ба ҷои фелетон)

  • Панҷшанбе, Дек 28 2017


БИДУНИ  ҒАРАЗ-9

«Нет человека-нет проблемы!»

Сталин И.В.

Чӣ хел Сталин при чём аст? Ещё как при том аст! Аввали ҳафтаи ҷорӣ хидматрасонии NGN қатъ шуд. Баҳона? Ифротгароӣ. Ва ҳамин ифротгароӣ Худо хоҳад, имрӯз ё пагоҳ хадамоти дигари мобилиеро чун Viber, WhatsApp ва IMO ҳатман мебандад. Метавонад!
Сода нестам, ки нафаҳмам, ин ҷо баҳс сари бизнес меравад ва миллионҳо сомонии муфт, ки мо-Тоҷикони лаққӣ ба кисаи ину он ширкат мерезем. «Лаққӣ» сахт расид, хонанда? Аммо аз барои савоб, дар кӯча 1 нафарро мебинӣ, ки телефон бехи гӯш лақ-лақ накунад?! Миллати лақӣ шудаем…
Дуруст аст, ки дигарон на камтар аз мо, аз мобил ва интернет истифода мебаранд. Вале ҳа-даф-ман-до-нааа! Онҳо пул кор мекунанд, илм меомӯзанд, рушд мекунанд. А, мо-чӣ?
Нафаре навиштааст, ки акнун аз Русия наметавонад соатҳо бо зану кӯдакаш лақад, яъне гап занад. О, бародар, бӯсаи зан тариқи телефон амсоли бӯйкашии гул тавассути противогаз аст. Ту пулатро ҷамъ кун, биор, бо кӯдаконат сайру сайёҳат кун, модаратро хабар гир, боми хонаатро андова намо... Бовар дорам, дилхоҳ Тоҷик, на танҳо муздурону мусофирон, ки аксарияти кулл, он қадар пулу пайсае, ки барои лақ-лақ мепардозанд, агар нисфашро эконом кун(ем)анд, бо аҳли байт ба ҷазираҳои Қанор ҳам меравему Дубайу Себай ҳам…
Барои мисол, дур намеравам. Дар 1 хонаи ман 7 телефону 14 симкорт ва 56 хадамоти изофии мобайлӣ аст (Имову Шароиту Телеграмму Вайберу Фейсу пейсу мейс…). Бо бовари том мегӯям, ки аз ин миён танҳо худи ман аз хидматрасониҳои мобилӣ барои кор ва омӯзиш истифода мекунам. Дигарон чӣ кор мекунанд? Лақ-лақ… Гуфти Сафват, «Ту дониву Худо, хонанда», оре маҳз туе, ки бовар надорӣ ман маҳз туро дар назар дорам, дар хонаи ту бидуни лақ-лақ ин дастовардҳоро дар самти дигаре истифода мекунанд?
Тасаввур мекунӣ, хонандаи ин сутур, 1 еврей, барои он ки мо лақида-лақида ифротгаро шудаву ба ҷанги ҳамдигарии миёнимусалмонӣ рафтаву хуни ҳамдигар резем, даҳҳо миллиард доллар кор мекунад?! Тавтеъаи тафрити мо ба ҳаддест, ки ҳатто ана ҳамин ҳақиқати кӯчакро дарк намекунем. Ҷиҳод? Бо кӣ??? Ва муҳимтар аз ин бо истифода аз чӣ? Оре, аккурат, Нано-офаридаҳои яҳудиён ва силоҳи…ҳамунҳо. Боз ба ин хизматрасонӣ пул додаву ун силоҳро мехареммм. Мусалмонҳоро дар назар дорам. Хуни ҳам мерезем. Ва касе нест моро панду насиҳат диҳад…
Стоп! Расидем сари мақсад!!! Раиси Хадамоти алоқа, оё намедонад, ки аз ин Viber, WhatsApp, IMO ва ғ. ва ҳ. метавон истифода карду таниши ифротро паст? Ё  шояд медонаду фикр дорад, ки зӯри машинаи идеологии 1 давлат ба 3-4 ришдарозаки бесавод намерасад??? Бо амри МЕБАНДЕМ кор ҳал намешавад. Чунки аз соли 2002, ки интернет фарогир шуд, даҳҳову садҳо сайту барномаву программаро бастем. Магар ифрот поин рафт? Тирҳои снайпере, ки дар Хоруғ симҳои спутникро гусастанд, вазъро ба эътидол оварданд?
Ифротиҳо ҳатман роҳи дигар ва сайту пайту хадамоти пуртаъсиртаре рӯи даст мегиранд. На, онҳо боақл нестанд, ақл медоштанд, падари худро кофир намехонданду бо бародари муслими худ намеҷангиданд, интернету мобилро низ ҳаргиз намедонанд. Аммо яҳудиҳои баақл барои манфиати ҳамёну мазҳаби хеш, ба инҳо ҳатман роҳу воситаи дигари рушд пешкаш хоҳанд кард. Нано-технологияи асри 21 чизе нест, ки бо амри МЕБАНДЕМммм баста шавад.
Фарзи мисол, ҳоло телевизорҳои муосир бе «База» ба спутник пайваст мешаванд. Дур нест, ки бе «Тарелка» ҳам бупайванданд, мисли телефон. Пас чигуна Хадамоти алоқа метавонад садди роҳи НАНО гардад бо 1 амри мебандем ва баҳонаи дақюнусии ифрот???
Бо ифрот ҳарб бояд кард, на ҷабр бо конкурентҳо! Муаммо ин ҷост. Фарзи мисол, агар таҳоҷуми иттилоотӣ сари…Абдуқодири Абдуқаҳҳору Сафват Бурҳоновро гирем, 1 муллои недоуч аз садҳо камарборикаш даъват мекунад, ки…ФАС!!! Ва сари «визави» борони тӯҳмату ҳақорату дашном мерезад. Пас чаро дастгоҳи идеологии мо 100-200 ҷавонеро киро накунад, ки дар ин сайтҳо сари ифротиён бо усули худашон ҳақорату дашном резанд? Таъсир намекунад? Мекунад, мекунад! Инро ҳамчун профессионал мегӯям.
Аммо ифроту экстрими мазҳабиро аз воқеанигориву журналистика фарқ бояд гузошт. Боре мақомот гурӯҳи авангард таъсис дод, ки гуфти Бобои Ғулом «чиликро аз дангал» фарқ накарда, «налево-направо» ҷасту хез намудаву дар аксари маврид ифротгароёну мубаллиғини экстремизмро 1 сӯ гузошта, почаки корбарандагони активи сайтҳои иҷтимоӣ, Блоггерҳоро мегирифтанд. Ман низ аз ин «авангардчиҳо» шатта хӯрдаам. Зеро корашон хом буд. Ҳарчанд, қойилам, сафи мубаллиғини ифротро онҳо коҳиш доданд. Зимнан ҷои бастану кушоданҳо, мақомот бояд усули замонавӣ ва муосиру муассирро рӯи даст гирад. Ҳушмандонеро, албатта дар баробари музди хуб, бояд ба ин кор ҷалб кард (Ура-патриотизмро канор гузоред. Худатон бе пул кор намекунед-ку!). Бовар дорам, ин ҳушмандон аз ифрот садд мегузоранд. Мо наМебандеммм, Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter