ХАБАРИ ДОҒ

Писари ман ба ҷои кӣ хизмат кард?

  • Панҷшанбе, Янв 04 2018


Салом, СССР! Ман 3 гуфтанӣ дорам.
1.Асадуллои Бохтарӣ (Бекназаров) чӣ саволу ҷавобе дорад, ба СССР фиристад, чоп мешавад. Ман мулло нестам. Гӯри мулло ҷудо асту қабри авом ҷудо.
2.Намозро бо забони арабӣ мехонед, ё форсӣ, беҳтараш аз домуллои маъруфи мо-ҳоҷӣ Мирзо Ибронов пурсед, на аз ман! Ман 1 одами асабӣ ҳастаму серкор.
3.Ман аз Прокуратураи ҳарбии ҶТ пурсиданиям, ки аз рӯи кадом қонун писари ман ба ҷои кадом писари пулдоре дар артиш хизмат мекунад? Қонунҳои мо фақат барои фарзандони камбағалҳо офарида шудааст. Соли 2015, соати 5-и субҳ 10 нафар кормандони комиссариати ҳарбӣ бо 1 облава писари маро ба армия бурданд. Ман ба хизматравии писарам аслан зид нестам. Ҷавонмард бояд хизмат кунад. Аммо писарам дарди гурда дошт… Хуллас, писари ман ба ҷои кадом одами пулдор хизмат кард! Магар ҳамин аст, ҳақиқату адолат?!

Исмоил Маҳмудов,
н.Ҷайҳун (Қумсангир), тел: 93 388 07 47

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter